ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои барқӣ
17-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳанубетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 0,5 гектар бунёд шуда, аз коргоҳҳои кафшергарӣ, таъмири трансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳанубетонии барқӣ иборат аст.
Дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳанубетонии барқӣ дар як сол 2200 дона буда, сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Сутунпояҳои оҳанубетонӣ бо андозаҳои гуногун, аз ҷумла 11, 10,5 ва 9,5 метр истеҳсол шуда, барои хатҳои барқии 0,4, 6 ва 10 киловолта истифода бурда мешаванд. Истеҳсоли сутунпояҳо дар берун ба роҳ монда шудааст ва дар мавсими сардӣ онҳо тавассути буғ дар дастгоҳи махсус хушк карда мешаванд.
Роҳбари давлат ба корҳои сохтмонӣ ва имконияти фароҳамгардида дар корхона баҳои баланд дода, соҳибкори ватаниро барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори он ва васеъ намудани доираи фаъолият дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Дар коргоҳи таъмири трансформаторҳо панҷ мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, иқтидори он дар як сол таъмиру навсозии 150 трансформаторро ташкил медиҳад. Барои аз таъмир баровардани трансформаторҳо дастгоҳи борбардор ва дастгоҳ барои печондани ғалтакҳои шиддаташон 0,4, 6, 10, 35 ва 110 киловолта (кВ) васл шудааст.
Дар коргоҳ барои хушк намудани ғалтакҳо ва тоза намудани равғани трансформаторҳои вайроншуда имконияти хуб фароҳам мебошад.
Болорҳои барқӣ, ки барои насби ноқилҳо ба сутунпояҳо ва васли онҳо ба трансформатор пешбинӣ мегардад, низ дар ин корхона истеҳсол мешаванд.
Мутахассисони корхона метавонанд дар як сол истеҳсоли беш аз 1300 болори барқиро бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монанд. Ҳамчунин, барои равшаннамоии кӯча ва шафати роҳҳо низ сутунпояҳои барқӣ бо насби чароғҳо сохта мешаванд. Илова ба ин, дар корхона қуттиҳо барои ҷойгир кардани трансформатор ва калидҳои барқӣ месозанд.
Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз дохили кишвар дастрас мешавад. Умуман, дар корхона 20 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мебошад. Масъулони корхона нақша доранд, ки дар сурати афзоиши талабот доираи фаъолияти худро васеъ намуда, шумораи коргаронро зиёд кунанд.
Дар саҳни корхона намунаи маҳсулот ба намоиш гузошта шуда буд. Роҳбари давлат зимни шиносоӣ ба сифати маҳсулот баҳои баланд доданд.
Дастгириҳои пайваста ва пешниҳоди имтиёзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бахши хусусӣ боиси ҳавасмандию дилпурии соҳибкорон гардида, сол ба сол бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар меафзояд.
Фаъолияти корхона дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар, ба роҳ монда шуда, дар самти коҳиши маҳсулоти воридотӣ саҳми назаррас мегузорад.
Таъсиси корхонаи истеҳсоли сӯзандору
17-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи «Сино медикал»-ро ба истифода доданд.
Иншооти нави саноатӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Икром Набиев таъсис ёфт. Самти фаъолияти корхона истеҳсоли молҳои тиббӣ, аз ҷумла сӯзандору ва система барои доруи қатрагӣ буда, маҳсулот бо шаклу ҳаҷми гуногун бароварда мешавад.
Хатҳои технологии корхона тавлиди бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ буда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол 60 миллион сӯзандору ва як миллион система барои доруи қатрагиро ташкил медиҳад.
Барои бандубасти маҳсулоти ниҳоӣ коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полиэтеленӣ низ фаъолият менамояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҷараёни истеҳсолот аз ҷониби 60 мутахассиси маҳаллӣ бо риояи стандартҳо сурат мегирад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дастрасии шаҳрвандон ба чунин молҳои тиббиро таъмин менамояд.
Тибқи нақша, дар ояндаи наздик хатҳои нави истеҳсолӣ ба кор дароварда мешаванд, ки баробари зиёд гардидани номгӯи маҳсулот, ба таъсиси боз 40 ҷойи кор замина мегузорад.
Маҳсулот, қабл аз ба муомилот баровардан, дар озмоишгоҳи корхона бо усули махсус санҷида шуда, бехатарии он пурра таъмин мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳои саноатиро дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои кор ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат, қадами ибратбахш арзёбӣ намуданд.
Бо бунёди корхонаи «Сино медикал» шумораи корхонаҳои дорусозӣ ва молҳои тиббӣ дар вилояти Суғд ба ҳафтто расид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати тиббию доруворӣ, афзалият дода, дар ин самт барои соҳибкорони ватанӣ шароиту имконот ва имтиёзҳоро фароҳам овард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ва шароити муҳайёгардида барои кормандон дар ҶДММ «Сино медикал», иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот шоёни таҳсин хонда, ба масъулон барои дастгирии ин гуна ташаббусҳои созандаю бунёдкорона дар вазъияти кунунии ҷаҳон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ "Адл"
17-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ "Адл"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи тадбирҳо оид ба саноатикунонии босуръати кишвар бо иқдоми соҳибкори ватандӯст дар масоҳати 3066 метри мураббаъ бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Корхона дар як сол то 20 ҳазор намуди гуногуни ҷиҳози кӯдакона, аз ҷумла ҳафт намуд мебел, ба монанди мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, гаҳвора, кати хоб ва ҷевонҳо барои хурдсолонро истеҳсол мекунад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар сехи истеҳсолии "Адл" дастгоҳу таҷҳизоти замонавии ширкатҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи зиёда аз 750 ҳазор сомонӣ ворид ва насб гардид. Дар он 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гашт. Бо васеъ шудани фаъолияти корхонаи мазкур, имкон аст, ки шумораи кормандон зиёд шавад.
Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки маҳсулоти ватанӣ босифат истеҳсол шуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба содирот низ равона гардад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаҳои маҳсулоти корхона шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор сохтанд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, рушди саноат ва тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Таъсиси корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби бахши хусусӣ тақвият пайдо намуда, пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон боиси он гардид, ки барои татбиқи нишондиҳандаҳои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, роҳ васеъ гардад.
Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли дучарха
17-уми ноябр бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳалаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Коргоҳ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар сохта шуд.
Масоҳати замини коргоҳи истеҳсолӣ зиёда аз 3 ҳазору 300 метри мураббаъ буда, бо истифода аз ашёи хоми баландсифат, дар он панҷ намуд дучарха барои калонсолон ва кӯдакон истеҳсол мешавад.
Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳи мазкур аз кишварҳои пешрафта дастрас шуд.
Сарвари давлат бо фаъолияти коргоҳи коркарди оҳан, кафшергарӣ, рангубор ва бандубасти дучархаҳо шинос гаштанд.
Дар коргоҳи мазкур мутахассисону коргарон ҳамарӯза фаъолият намуда, солона беш аз 10 ҳазор дучарха истеҳсол менамоянд.
Бо назардошти ин, таъмини бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот ҳадафи аслии роҳбарияти Ҷамъият ба шумор рафта, содироти он ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло намудҳои гуногуни маҳсулоти корхона бо тамғаи «Адл» ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон интиқол меёбад. Маҳсулоти корхона ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо таъсиси коргоҳи нави истеҳсолӣ, 20 ҷойи кор таъсис ёфта, шумораи умумии кормандони корхона ба зиёда аз 120 нафар расид.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат номгӯйи зиёди маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ «Адл» муаррифӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти корхона баҳои баланд дода, ба масъулон баҳри истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, нигоҳ доштани сифати баланди маҳсулот ва таъмини ҷойҳои кор дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ифтитоҳи маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”
18-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Марказ аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шуд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар сатҳи баланд ба ниёзмандон хизмат мерасонад. Зимни шиносоӣ бо иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” аз чор ошёна ва зерошёна иборат буда, масоҳаташ дар якҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 1 ҳазору 445 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоотро бо риояи талабот ва меъёрҳои тахассусӣ ба маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ сохтанд. Дар марказ шуъбаҳои амрози асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мавҷуд буда, дар он табибони баландихтисос ва дорои сертификатҳои байналмилалӣ, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмуъ, 50 нафар ба кор ҷалб мешавад. Марказ дорои ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ултрасадоӣ, сабти барқии майнаи сар, ҳуҷраҳои табобати зарбаи мавҷӣ, томографияи компютерӣ, даруннигорӣ, толори обутоби бадан ва дорухонаи муосир мебошад. Кормандони он бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ ташхисҳои рентгени рақамӣ, таҳлили лабораторӣ ва лазерӣ-косметологӣ гузаронда, табобати беморонро бо муми кӯҳӣ, усулҳои барқӣ ва маҳси вакуумӣ ба роҳ мемонанд. Марказ дар як вақт метавонад ба 90 нафар хизмати хубу босифати тиббӣ расонад.
Дар доираи Барномаи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, дар марказ барои қабулу сабти номи беморон ва хизматрасонии хубу босифати тиббӣ системаи ягонаи маълумотҳо амал мекунад. Лозим ба зикр аст, ки рақамикунонии соҳаи тандурустӣ барои таъмин ва дастгирии иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, мониторинги вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ равона шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгардида дар маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд. Бунёди чунин иншооти замонавӣ яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ буда, дар маҷмуъ, ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунад.
Таъсиси корхонаи истеҳсоли пойафзол
18-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода доданд.
Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, имкон дорад, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол шавад. Дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин гашта, ҳоло тавлиди 50 намуди пойафзол ба роҳ монда шуд. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагонаро бо андозаҳои гуногун ташкил медиҳад. Оянда дар марҳалаи дуюми корхона бошад, ба роҳ мондани истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ кардани иқтидори тавлидотӣ дар назар аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воридсозии технологияи муосир ва таъсиси корхонаи нави саноатиро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъсиси ҷойҳои нави кор, зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” шинос шуданд. Заргарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ ва истеҳсоли пойафзол самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур мебошад. Зимни муаррифии маҳсулот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба истеҳсолоти босифати рақобатпазир ҷалб намуданд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз лоиҳаи иншооти нави бунёдшаванда муаррифӣ шуд. Навсозии минтақаи холискории металлҳои қиматбаҳо, лоиҳаи коркарду безараргардонии партовҳои радиоактивӣ, бунёди маркази муосири логистикӣ бо 100 ҷойи кор, таъсиси корхонаи муштараки коркарди қоғазпора ва истеҳсоли маҳсулот аз он, коргоҳи тавлиди зарф ва лӯлаҳои полиэтиленӣ ва бунёди ду бинои баландошёнаи истиқоматию хизматӣ аз ҷумлаи нақшаҳои ояндаи корхона мебошанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа ва мутахассисони корхона барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармоя, барқароркунии иқтидорҳои бекормонда, васеъ кардани имкониятҳои истеҳсолӣ дар асоси технологияи тавлидкунандаи маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави кор ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот супоришҳои мушаххас доданд.
Корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ
18-уми ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшиданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шуд. Корхона дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушди саноат фаъол шуда, ҷузъе аз нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи саноатӣ соли 2009 ба фаъолият оғоз карда буд ва ба хотири ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол намудан ва содироти он ба хориҷ, тасмими навсозии корхона рӯи даст гирифта шуд. Таҷдиди корхона ва хатҳои технологии он соли 2023 роҳандозӣ гардид ва дастгоҳу таҷҳизотро аз Италия оварданд. Дар корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гашт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъол кардани ин корхона ва мусоидат намудан дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар иқдоми соҳибкорро шоёни таҳсин хонда, бо назардошти ивазкунандаи воридот будани маҳсулот, бобати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъминоти эҳтиёҷоти дохилӣ ва мавқеъ пайдо кардан дар бозори дохиливу хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид бояд намуд, ки бо фароҳам овардани фазои муносиби сармоягузорӣ, дар кишвар чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд мешаванд ва ин тадбир, дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи кор, ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. Иқтидори корхона истеҳсоли бештар аз 2 ҳазор тонна парда ва дигар маводи полиэтиленӣ дар як сол мебошад. Асосан, ашёи хом барои истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ – ғурушаҳо, аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Ин навъи маҳсулот барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ ва бастубанди масолеҳи саноатӣ пешбинӣ мегардад.
Хатти технологӣ аз насли нави дастгоҳҳои соҳавӣ буда, тибқи стандартҳои Аврупо маҳсулот истеҳсол мекунад ва дар минтақа яке аз аввалинҳо мебошад. Бартарияти маҳсулоти корхона дар он аст, ки пардаҳои полиэтиленӣ тавассути технологияи навтарини кишварҳои пешрафта истеҳсол мешавад. Иқдоми шоистаи соҳибкор дар амалӣ шудани ҳадафи Ҳукумати кишвар дар самти рушди босуръати саноат муҳим маънидод гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" бо намунаи тавлидоти корхона шинос шуда, кори соҳибкорро ибратбахш номиданд ва ба ӯ барои тақвияти фаъолият ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар оянда дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Баистифодадиҳии корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»
18-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назар»-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи бештар аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин шуд. Роҳбари давлат бо ишора ба саҳми бонувон дар рушди соҳибкорӣ, таъкид сохтанд, ки ҳар иқдоми дар ҳар як самт анҷомдодаи занон шоёни дастгирист. Ба роҳбарияти корхона тавсия доданд, ки ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, дар таъмини фаровонии бозор саҳм гузоранд. Раванди истеҳсолот дар корхона қариб ҳамаи зинаҳои парандапарвариро дар бар гирифта, ба тариқи наслгирии инкубаторӣ аз як тухмхобонӣ қариб 270 ҳазор чӯҷа гирифта мешавад. Минбаъд парвариши чӯҷаҳо идома ёфта, асосан, ба истеҳсоли гӯшт равона мешаванд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар Ҷамъият беш аз 250 ҳазор сар паранда парвариш мегардад. Таъкид шуд, ки ҶДММ "Назар" бо тамғаи молии “Далерон” яке аз калонтарин корхонаҳои вилояти Суғд аст, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ саҳми намоён дорад. Нақши корхона дар татбиқи Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бориз аст. Барои васеъ намудани самти фаъолият ва зиёд кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар Ҷамъият аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок истифода мешавад.
Дар корхона истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда низ ба роҳ монда шуда, иқтидори он дар як соат 5 тонна мебошад. Ширкати мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти босамар дошта, дар он зиёда аз 150 нафар кор мекунад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки парандапарварӣ тайи солҳои охир яке аз соҳаҳои рӯ ба рушди бахши кишоварзӣ дониста мешавад. Он соҳаи самаранок ва сермаҳсул буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад, нақши калидӣ дорад. Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар вилояти Суғд қариб 150 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки ҳиссаи онҳо дар таъмини аҳолӣ бо гӯшт ва тухми паранда барҷаста мебошад.
Мувофиқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 13 миллион сар паранда парвариш мешавад, ки 5,5 миллиони онро мурғи гӯштӣ ташкил медиҳад. Дар натиҷаи татбиқи Барномаи маҷмаавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023-2029 пешрафти ин бахши муҳим ба назар мерасад. Дар заминаи ҳамин Барнома ва имтиёзҳои давлатӣ, воридоти гӯшт ва тухми паранда 6-7 маротиба коҳиш ёфт. Аз ҷумла, солҳои қаблӣ 150 ҳазор тонна гӯшти паранда ворид мешуд, ҳоло бошад, танҳо 2 ҳазор тонна. Соли равон 1 миллиарду 300 миллион дона тухм истеҳсол шудааст ва кишвари мо ҳоло ба содироти ин маҳсулот ба хориҷа ҳам шуруъ намуд.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»
18-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғатбону” оғоз бахшиданд.
Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Парвиз Ҷӯраев дар доираи тадбирҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, 20 намуди пойафзоли мардона истеҳсол менамояд. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ ва насби техникаю таҷҳизоти иншооти мазкур соли ҷорӣ оғоз гардида, бо ҷалби 50 мутахассиси маҳаллӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расид. Масоҳати умумии корхона 1200 метри мураббаъро ташкил дода, атрофи он бо тарҳу намои зебо оро дода шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулоти он баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқдоми ибратбахш номиданд. Маҳсулоти корхона дар бозорҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба фурӯш гузошта мешавад.
Таҷҳизоти коргоҳ аз насли нав буда, дар 16 хатти истеҳсолӣ насб гардидааст. Технологияи коргоҳ каммасраф буда, 50 фоиз ба таври худкор фаъолият мекунад. Коргоҳи пойафзолбарорӣ дар як сол вобаста ба талабот аз 30 то 50 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол менамояд. Талаботи солонаи сокинони ноҳия 165 ҳазор ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, соҳибкорон ният доранд, ки дар оянда иқтидори истеҳсолии корхонаро тавсеа диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳалаи аввали ба кор оғоз намудани корхона 20 нафар ба кор ҷалб шуда, маоши миёнаи онҳо аз 1500 то 3000 сомониро дар бар мегирад. Дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани корхона, иловатан беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин мешавад. Ҳар як корманд аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузашта, баъдан ба кор ҷалб хоҳад гашт. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, дар корхонаи мазкур занону ҷавондухтарон низ фаъолият доранд. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷ таъмин мешавад. Маҳсулот нахуст аз ташхис гузашта, сипас, ба фурӯш бароварда мешавад.
Сарвари давлат, зимни боздид аз намоиши маҳсулоти коргоҳ, дастур доданд, ки минбаъд низ ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ саҳм гузоранд. Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом чунин коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 20 ҷойи кор ба истифода дода шуда буд. Соҳибкори ватанӣ дар заминаи Солҳои рушди саноат (2022-2026) иқдомҳои бунёдкориро дар ин самт идома дода, мақсад дорад, ки вобаста ба шароит дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ва масъулони давлатӣ барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин васила, то ба 500 адад расондани ҷойҳои кор дастуру тавсияҳо доданд. Аз ҷумла, онҳо супориш гирифтанд, ки барои амалӣ шудани ин ҳадаф ба соҳибкор қарзи имтиёзноки давлатӣ дода шавад. Дар навбати худ, кормандони ҶДММ «Фароғатбону» ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имкониятҳои арзандаи кор ва таваҷҷуҳи хоса нисбат ба онҳо, изҳори сипос намуданд.
Таъмиру навсозии варзишгоҳ
18-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои бунёдӣ дар он моҳи марти соли 2023 оғоз ёфта, дар майдони 7 гектар дар муҳлати бештар аз як сол бо ҷалби қариб 30 бинокори маҳаллӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расид. Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи калон бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзиш, ҳуҷраҳои корӣ, либосивазкунӣ ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад. Ҳамзамон, дар ин макон мураббиён метавонанд дарсҳои назариявӣ гузаранд. Насби нурафканҳо дар варзишгоҳ имкон медиҳад, ки шомгоҳон низ мусобиқа ва тамринҳо бемамоният доир шаванд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки варзишгарони ноҳия дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар имкониятҳои муҳайёшударо самаранок истифода бурда, дар самти варзиш ба дастовардҳои назаррас даст ёфтаанд. Таъкид гардид, ки варзиши футбол дар ноҳия дӯстдорони зиёд дошта, тиме, ки дар лигаи дуюми кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, дастаи футболи бонувони ноҳия мебошад.
Ҳамасола наврасону ҷавонони ноҳия дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани нахустин Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол» дар деҳоти Исфисор ҳашт мураббӣ ба кор ҷалб шуд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм хоҳанд гузошт.
Лозим ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд. Аз ҷумла, ин Муассиса намунаи беҳтарини онҳо мебошад.
Мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
18-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва омодагии сокинони вилоятро барои истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карданд. Таъкид гардид, ки ба истиқболи ин Ҷашни таърихӣ дар вилояти Суғд бунёду навсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ дар назар буда, аз ин шумора то имрӯз беш аз 8 ҳазору 200-тоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 16 ҳазор хонанда, 57 иншооти соҳаи тандурустӣ ва беш аз 2 ҳазору 300 километр роҳҳо бунёду таъмир гардиданд. Ҳамчунин, дар ин давра дар вилоят зиёда аз 55 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфт. Масъулони вилоят вазифадор гаштанд, ки камбудиву норасоиҳои мавҷудаи сохтмонро ислоҳ намуда, ба бунёду таҷдиди иншооти нақшавӣ суръат бахшанд ва сифати корҳои сохтмониро зери назорати қатъӣ гиранд.
Гуфта шуд, ки барои амалисозии ҳадафу нақшаҳои созанда дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои буҷети давлатӣ 26 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар даҳ моҳи соли равон беш аз 3,6 миллиард сомонӣ ҷудо шуд. Таъкид рафт, ки дар вилоят дар даврони соҳибистиқлолӣ барои бахшҳои маорифу тандурустӣ ва соҳаи нақлиёт 56 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 18 лоиҳаи дигар идома дорад.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз Президенти кишвар супориш гирифтанд, ки барои афзоиши ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Иброз гардид, ки нақшаи андоз аз даромад дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иҷрои худро наёфта, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 124 миллион сомонӣ ворид нашуд.
Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гаштанд, ки якҷо бо сохторҳои марбута барои сари вақт ва пурра ҷамъ овардани андозу пардохтҳо ва роҳ надодан ба афзоиши бақияи қарзи андоз тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Супориши дигар ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳарчи зудтар ҷорисозии низоми пардохти ғайринақдӣ дар ҳамаи соҳаҳо дода шуд. Зикр гардид, ки дар соҳаи кишоварзии вилоят дар даҳ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 18,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гашт.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки барои таъмини дурнамои кишти зироатҳо, бахусус зироатҳои барвақтӣ, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои бартарафнамоии мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла коҳишёбии истеҳсоли гӯшти паранда, тухм ва таъминсозии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ чораҳои муассир роҳандозӣ намоянд. Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат таъкид шуд, ки дар даҳ моҳи соли равон ҳиссаи вилояти Суғд дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар зиёда аз 56 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар вилоят 136 корхонаи саноатӣ таъсис ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101-то кам мебошад. Бинобар ин, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки барои рушди соҳаҳои саноати коркард, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва доруворӣ, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд татбиқи чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои пешгирӣ аз талафоти неруи барқ ба маблағи 69 миллион сомонӣ идома дорад. Ба вазорату идораҳои марбутаи соҳа, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур доданд, ки барои истифодаи самараноки маблағҳои равонагардида ва роҳ надодан ба талафоти неруи барқ чораҳои зарурӣ ҷӯянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои навсозӣ ва таъмири муассисаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта, бартараф сохтани норасоии кадрҳои соҳа ва ислоҳи саривақтии дигар камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Сарвари давлат, ҳамчунин, барои беҳтарсозии вазъи муассисаҳои тиббӣ, бо таҷҳизоту технологияҳои муосир таъмин кардани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд. Вобаста ба ҳолати муассисаҳои фарҳангӣ супориш дода шуд, ки роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он барои таъмири муассисаҳои фарҳангии таъмирталаб ва садамавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки ҳар як шаҳру ноҳия бояд мактаби мусиқӣ дошта бошад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки то Наврӯзи соли 2025 ҳамаи муассисаҳои фарҳангии нуқсондошта тармим шаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноорому пешгӯинашавандаи ҷаҳон талаб намуданд, ки роҳбарону масъулон дар чунин шароит амалҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида, ба масъалаи таъсиси ҷойҳои кор, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва омодагӣ ба Ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Зимнан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорони вилояти Суғд, ки дар корҳои созандагию ободонӣ нақши намоён доранд, арзи сипосу миннатдорӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғд ва ҳамаи кишвари азизамон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.
(Идома аз саҳ. 2)
Ифтитоҳи маркази саломатии «Луқмони Ҳаким»
19-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор дода, дар он бо шароити муосири хизматрасонии тиббӣ шинос шуданд.
Бинои марказ дуошёна буда, масоҳаташ дар якҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 2276 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт. Корҳои сохтмонӣ дар маркази саломатӣ соли 2018 оғоз шуда, дар он зиёда аз 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марказ ҷарроҳиҳои майнаи сар, мағзи сутунмуҳра, дил ва гурда бо роҳи эндоҷарроҳӣ ва ҷарроҳии кушодаи амрози занона, эндо-протезкунонии бемориҳои ортопедӣ, табобати амрози асаб ва барқароркунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса табибони баландихтисос, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмуъ, 50 нафар кор мекунад. Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳӣ бо таҷҳизоти томографияи магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, ангиография, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти литотрипсияи нави муосир, даруннигарӣ, ташхиси ултрасадо, озмоишгоҳ, табобати физиотерапевтӣ бо намуди лазерӣ, магнитотерапия ва зарбаи мавҷӣ муҷаҳҳаз мебошад. Марказ дар як вақт имкон дорад, ки зиёда аз 40 беморро бо хизматрасонии босифат фаро гирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти муосири тиббӣ, иқдоми муассиси маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро пурарзиш номида, кормандонашро барои хизмати софдилона ва муомилаю муоширати хуб ба беморон ҳидоят намуданд. Бояд гуфт, ки таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ бо роҳи бунёди иншооти зарурии соҳаи тандурустӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бо дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала иншооти мавҷудаи соҳа таъмир гашта, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беморхонаву дармонгоҳ ва бунгоҳу марказҳои хизматрасонии тиббии нав сохта мешаванд. Дар маҷмуъ, дар вилояти Суғд ҳоло 939 муассисаи соҳаи тандурустӣ мавҷуд буда, дар онҳо наздики 30 ҳазор корманди соҳа, ки аз он 5100 нафарашро табибони соҳибтахассус ва зиёда аз 18 ҳазор нафари дигарро кормандони миёнаи тиб ташкил медиҳанд, фаъолият дорад.
Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким» тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бунёд ёфта, барои сари вақт ба ташхису табобат фаро гирифтани сокинони вилоят пешбинӣ гардидааст.
Ба истифода додани корхонаи «Сайри Суғд»
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи «Сайри Суғд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи «Сайри Суғд» дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров ба маблағи 23 миллион сомонӣ бунёд шуд. Сохтмони иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар он 15 нафар бинокори маҳаллӣ ҷалб шуда буд. Дар корхонаи «Сайри Суғд» бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20 000 бозичаи кӯдаконаро ташкил медиҳад. Роҳандозии истеҳсоли ин гуна нақлиёт дорои манфиати зиёд аст, зеро ҳам талаботи мардум ба он афзоиш дорад ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ барои ҳифзи покизагии муҳити зист судбахш мебошад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мегардад, ки бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият дорад ва тибқи нақша, дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар мерасад. Дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст. Ду дастгоҳи он, ки барои буридану насби қисмҳо истифода мешаванд, ба таври автоматикӣ ва ё бо тариқи робот идора мешаванд. Як қисмати ашёи хом чун моддаҳои пластикӣ аз хориҷи кишвар дастрас мегардад. Ашёи хоми асосӣ, яъне филизоти оҳан, ватанӣ аст. Мотороллерҳои барқии «Сайри Суғд» ба хориҷи кишвар ҳам содирот мешавад ва тибқи иттилои роҳбари корхона, самтҳои содирот ояндаи наздик бештар хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки талаботи ҷаҳони имрӯза ба истеҳсоли ҳама гуна молу маҳсулот бо истифода аз технологияҳои сабз ба роҳ монда шудааст ва барои пурра ба ин сатҳ расондани кор мутахассисон бояд донишҳои мукаммал дошта, таҷрибаи худро ҳарчи бештар ғанӣ гардонанд.
Бояд тазаккур дод, ки сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ имконоту шароити фарох фароҳам овард, то онҳо фаъолияти озод дошта, ба болоравии иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии мардум ба таври мусбату назаррас мусоидат намоянд.
Ин аст, ки имрӯз молу маҳсулоти Тоҷикистон бо тамғаи “Made in Tajikistan” батадриҷ барои худ ба бозори ҷаҳонӣ роҳ мекушоянд ва умед аст, ки ояндаи наздик ин раванд боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.
Иштироки Пешвои миллат дар Фестивали асал, анор ва картошка
19-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, анор ва картошка иштирок намуданд.
Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил имсола мебошад. Ба ҳолати 1-уми ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди оилаҳои занбӯри асал дар вилояти Суғд 578 оила афзуда, ба 80 525 оила расид. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шуд.
Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулони соҳа ва кишоварзонро ба истифодаи васеи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилоят барои истеҳсоли асал, баланд бардоштани маҳсулнокии занбӯр тавассути хушзоткунӣ, афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулоти ғизоию табобатӣ ва муаррифии фазилатҳои асали Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷалб карданд. Дар доираи Барномаи маҷмуавии рушди бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ба занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят 520 оилаи занбӯри асал ва 400 модарзанбӯри зотӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва беҳтар сохтани зот дастрас карда шудааст. Ҳоло занбӯрпарвари соҳибтаҷриба Очилбой Ҳабибов 1000 оилаи занбӯри асал парвариш мекунад. Аз ҳамин ҳисоб ҳамасола 1000 оилаи занбӯри асал ба дигар хоҷагиҳо фурӯхта, фоидаи иловагӣ мегирад.
Афзалият додан ба парвариши навъҳои тухмии ватанӣ, риояи талаботи агротехникӣ ва меҳнати пайваста имкон фароҳам овард, ки ба ҳолати 1-уми ноябр дар вилояти Суғд зиёда аз 640 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Сарвари давлат, бо назардошти шароити кунунии иқлим ва зиёдшавии талабот ба маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолии ҷаҳон, дар шаҳру ноҳияҳои асосии картошкапарварии вилоят: Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ, омӯзиши технологияи муосир ва дар истеҳсолот ҳарчи бештар ҷорӣ кардани таҷрибаи муосири кишту парвариши ин намуди сабзавотро зарур донистанд. Ҳоло майдони умумии анор дар вилояти Суғд зиёда аз 500 гектарро ташкил медиҳад. Ҷаҳду талоши меҳнаткашон ба он равона шудааст, ки, бо назардошти нозукиҳои парвариш, имкониятҳо барои истеҳсоли анор зиёд гардонда шаванд. Соли равон нисбат ба соли гузашта дар вилояти Суғд майдони кишти шолӣ 1014 гектар васеъ шуда, ба 9619 гектар расид. Тавассути соҳилмустаҳкамкунӣ танҳо дар соҳили дарёи Зарафшон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент майдони кишти шолӣ наздики 500 гектар васеъ гардидааст.
Дар вилояти Суғд маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ аз 2,7 миллиард сомонии соли 2010 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 баробар шудааст, ки афзоиш 15,8 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра истеҳсоли картошка 313,9 ҳазор тонна, шолӣ 26,6 ҳазор тонна, ангур 2,2 ҳазор тонна ва асал 421 тонна афзуд. Ин ба натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалигардонии сиёсати аграрии Ҳукумати кишвар, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва меҳнати садоқатмандонаи кишоварзон рабт дорад. Ҳамзамон, корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ номгӯи маҳсулоти худро пешкаш карданд.
Роҳбари давлат бо самараи меҳнати кишоварзон шинос шуда, ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ истифодаи пурраи имкониятҳои табииро барои баланд бардоштани самаранокии замин зарур донистанд. Таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ба истифодаи васеи имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ворид намудани технологияи муосир, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то сатҳи ниҳоӣ, мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ хушкондани мева ва афзун гардондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб шуд.
Ҳамчунин, ҳамин рӯз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳод гардид. Ҳунармандони моҳири вилояти Суғд чапотӣ, қалама, кулча, самбӯса, оши палав, буридаю туппа, қурутоб ва дигар намуди маҳсулоти нонию таомро пешкаш карданд, ки бозгӯи ҳунари воло мебошанд. Инчунин, дар намоишгоҳ таомҳои гуногуни аз картошка омодашуда пешниҳод гардид. Ҳамчунин, ҳунармандон намоишҳои фолклорӣ манзур намуданд, ки таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ифтихор аз ватандорӣ ва заҳмати садоқатмандонаи кишоварзон барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ мебошад. Чорабинӣ бо иштироки доираи васеи кишоварзону аҳли ҳунар ба тантанаи фараҳу хушҳолӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатдории Сарвари давлат ва зиндагии осудаҳолона табдил ёфт.