(Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста
ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”)
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва таҳкими амнияти умумибашарӣ дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб карда, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд.
Ин равандро метавон густариши фарҳанги сиёсӣ ва пешрафти дипломатияи муваффақона унвон дод. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли проблемаҳои муҳими ҷаҳонӣ дар таҳияи сиёсати хориҷӣ дипломатияи обро роҳандозӣ намуд. Барои тарҳрезии ин сиёсат Сарвари давлат корҳои муҳимеро сомон доданд, ки дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузургу саривақтӣ маҳсуб меёбанд.
Бояд гуфт, ки нақши Пешвои миллат дар эҳёи ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон назаррас маҳсуб мегардад, чунки то ин муддат зиёда аз панҷ ташаббуси байналмилалии муҳтарам Ҷаноби Олӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии амиқ пайдо намудааст. Агар ба заминаҳои таърихӣ-бунёдии нақш ва мавқеи Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти об дар миқёси минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ намоем, он аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва равобити мустақими байналмилалӣ бо дигар мамлакатҳо ба созмонҳои умумиҷаҳонӣ сарманшаъ мегирад.
Дар баробари таваҷҷуҳи вижа ба масоили обу иқлим ва дар ин самт пешниҳод намудани як қатор таклифҳои созандаву саривақтӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти таъмини сулҳу амният дар ҷаҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва кишварҳои ҷаҳонро барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ ба иқдомҳои созандаву муҳим даъват менамоянд. Чунончи, 23-юми сентябри соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ чунин таъкид доштанд: “Ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст”. Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ин Ҳамоиш барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Иқдоми мазкур бори дигар аз сулҳофару ваҳдатпарвар будани миллати тоҷик гувоҳӣ дода, беҳтарин муждае барои тамоми башарият хоҳад буд. Зеро сулҳу субот ва оромишу осоиштагӣ асоси пешрафт, зиндагии арзанда, рушди босуботи ҷомеа ва волотарин арзишҳои инсоният маҳсуб мегарданд. Ҳамзамон, зарур дониста шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.
ТАҶРИБАИ СУЛҲОФАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ба эътирофи Кофи Аннан, собиқ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад.
Сулҳу амният, ки гаронарзиштарин сармояи инсоният ба шумор рафта, ҳамчун кафили зиндагии арзанда барои одамон маҳсуб мегарданд, маҳз бо талошу кӯшиш ва заҳматҳои муттаҳидкунандаи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ба даст меоянд. Ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистони азиз низ, ки бо тай намудани душвориҳои зиёд ва ба харҷ додани талошҳои бешумор ба даст омадаанд, ба корномаи шахсияти намоёни сиёсати ҷаҳонӣ, фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик дар вартаи парокандашавӣ қарор дошт ва Тоҷикистони тозаистиқлол ба сарҳади нестӣ расида буд. Маҳз иродаи қавӣ, талошҳои пайваста ва ҷонбозиҳои фарзанди баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон боис бар он гардид, ки дар кӯтоҳтарин муддат сулҳу амният дар Тоҷикистон барқарор шавад ва садҳо ҳазор гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргарданд.
Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон вазъияти мураккаби сиёсӣ аз аввалин роҳбароне шуданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи дастаҷамъона алайҳи ҳама гуна хатарҳо, ки бар зидди сулҳу амнияти ҷаҳонӣ равона шудаанд, даъват намуданд. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва фарҳанги волои ваҳдатофаринии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати нодиртарин дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ба даст овардани сулҳу ваҳдат маҳсуб мегардад. Зеро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хуб дарк намуданд, ки ба даст овардани ваҳдати тоҷикон танҳо дар сурати муколама ва гуфтушуниди тарафҳо имконпазир аст.
Барқарорсозии сулҳу амният дар Тоҷикистонро метавон аз заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд, ки на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастоварди муҳим мебошад. Зеро, амнияту оромии Тоҷикистон бо назардошти мавқеъ ва имкониятҳои ҷуғрофии он кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мегардад.
Ҳамин аст, ки имрӯз ин механизми сулҳофарии тоҷиконро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон барои хомӯш намудани даргириҳои гуногун истифода мебаранд. Воқеан ҳам, ба даст овардани сулҳ бо истифода аз роҳҳои дипломатӣ дар шакли гуфтушунид ва муколамаҳо ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, то ақидаи худро оид ба сулҳу амният ва роҳҳои ба даст овардани он тағйир диҳанд. Имрӯз фазои сулҳ ва ваҳдати сартосарии тоҷикон имкони бештар фароҳам овардааст, то Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масоили гуногуни глобалӣ аз қабили мушкилоти обу иқлим, ҳифзи табиат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва амсоли инҳо ташаббусҳои созанда ва ҷаҳониро нишон диҳад.
Маҳсули заҳматҳои шоистаи Пешвои миллат дар он аст, ки кишвари мо дар масири 33 соли истиқлолият ба сулҳу ваҳдати миллӣ расида, дар ин марҳала, қонунгузории миллии худро бунёд намуда, низоми самараноки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо мустаҳкам карда шуданд.
Дар давлатдории навини Тоҷикистон барои поягузорӣ намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва якдиливу заминагузории ормонҳои наслҳои минбаъдаи халқу миллати тоҷик нақши меҳвариро маҳз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кардааст. Баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ ва қарорҳои тақдирсози он дар бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори комили истиқлоли давлатӣ, рушди ниҳоди президентӣ ва гузариш ба шакли сохти низоми идоракунии президентӣ дар кишвар заминаи воқеӣ гузошт. Иҷлосия ҳадафҳо ва самтҳои стратегии рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро эълон кард.
Ҳарчанд истиқлоли воқеии сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳёи рукнҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, таъмини сулҳу субот дар қаламрави Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон солҳои 90-уми садаи гузашта барои мардуми мамлакат ниҳоят мудҳишу гарон афтод, маҳз зуҳури раҳмонии фарзанди фарзонаи миллат, родмарди ҷавону матини арсаи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлатдории мустақил аз вартаи нестшавӣ эмин монд.
Пажӯҳишгарони гузаштаву муосир тоҷиконро ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, бунёдкориву созандагӣ ёд менамоянд. Ҳамгироию ҳамзистӣ дар муҳити зисти солим дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи шартҳои асосии ҳамбастагии башарият будааст. Таҳаммулпазирӣ ва сулҳу ваҳдат дар тинати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо маҷрои равони мо сиришта шуда, дар ташаккули хулқу атвор, фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо нақши бунёдӣ доранд.
Ҳамин аст, ки чунин таҷрибаву фазои ваҳдатофарӣ заминаҳои таърихидоштаи миллати тоҷик дар шароити кунунӣ барои кулли аҳли башар ва мамолики ҷаҳон василаи зарурӣ ва муҳим дар роҳи эъмори сулҳ ва таҳкими он гардидааст. Дар ин раванд, пешоҳанг будани ҷониби Тоҷикистон хоссатан ташаббускории Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда иқдоми шоиста ва инсонмеҳвару ваҳдатофар барои кулли сокинони сайёра маҳсуб мегардад.
“ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА”
Санаи 24-уми сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани ҷанги сард, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт.
Қобили тазаккур аст, ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ояндаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба арзиши суботу оромии башарият, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои ҷаҳон ва муборизаву муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷалб намуд.
Пешвои миллат муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳониро ба мақсади ҳифзи амну субот ва таъмини рушди устувор зарур шумурда, ба сарварони давлатҳо муроҷиат намуданд, ки бо мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шаванд. Бояд қайд кард, ки масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дода, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Пешниҳоди нави Президенти кишвар дар Ҳамоиши сатҳи баланди Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид заминаҳои саривақтӣ дар дарки масоили мубрами ҷомеа буда, бо ибрози андешаву пешниҳодҳои олимону донишомӯзони кишвар роҳҳои хубтару беҳтар барои пешгирӣ ва мубориза бо чунин хатарҳо кумак хоҳад расонд. Ҳамин муҳаббату дилбастагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз чун роҳбари дилсӯз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо ном баровардаанд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки давлати Тоҷикистонро бо ин абармарди таърих на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё мешиносанд, зеро, Президенти кишвар пайваста дар форуму нишастҳои минтақавию ҷаҳонӣ тавассути пешниҳоду ташаббусҳои созанда дар ҳалли масоили мубрами сайёра нақши калидиро иҷро менамоянд.
Дарвоқеъ, вазъияти ҷаҳон куллан дигаргун шуда, имкони аз нав тақсимбандии он вуҷуд дошта, дорои ғояҳои мутафовитест, ки ҳар як бо дидгоҳи худ гардиши айёмро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ин ҳамаро Президенту мардуми Тоҷикистон бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ сари вақт дарк карда, аҳли оламро аз он огаҳӣ медиҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ роҳҳои асосии бартараф кардани мушкилоти умумиҷаҳониро қайд карда, муттаҳидии тамоми кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои созандаву бисёрҷониба муҳим арзёбӣ намуданд. Президенти кишвар, аз ҷумла иброз доштанд: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад”.
Ҳамин тариқ, баҳри мубориза ва пешгирӣ аз хатарҳо ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбатӣ пешниҳоди нави Сарвари давлати мо «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муҳим ва саривақтӣ ҳисобида мешавад.
– Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем, – таъкид намуданд, Пешвои миллат.
Қобили тазаккур аст, ки “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ном гирифтани пешниҳоди мазкур бори дигар гувоҳи он мебошад, ки тамоми талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавон мебошад. Ин нуктаро Сарвари давлат низ пайваста хотирнишон намуда, таъкид месозанд, ки тамоми талошҳои мо ба хотири шумо, ҷавонону наврасон мебошад ва аз насли калонсол даъват ба амал меоранд, то Ватани азизамонро ободу зебо карда, барои наслҳои оянда як кишвари пешрафтаву ободро ба мерос гузорем.
Бо фараҳмандиву нишот метавон баён намуд, ки пешниҳоди мазкур марҳалаи наверо дар самти таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ оғоз бахшида, барои муттаҳид намудани талошҳои алоҳидаи давлатҳо дар ин самт заминаи мусоидро фароҳам меорад. Ибтикори навбатии Пешвои миллат на фақат аз камолоти касбии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ, арбоби барҷастаи давлатӣ ва дипломати олимақоми сатҳи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, балки мақом ва мартабаи Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир бамаротиб боло мебарад ва ҳамчун кишвари соҳибистиқлоли сулҳовар муаррифӣ мекунад.
НАСРИДДИНЗОДА Эмомалӣ Сайфиддин,
ректори Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон