Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи муносибатҳо иброз доштанд.
Ба иттилои Вазорат, ҳамсуҳбатон истифодаи имконоти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Кумитаи байниҳукуматии Тоҷикистону Сербияро оид ба тиҷорат, ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Тоҷикистон ва Чин ба зидди таҳдидҳои муосир муборизаи якҷоя мебаранд
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо муовини вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ду Ханвэй вохӯрда, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ кард.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорат, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳар ду кишварро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хатару таҳдидҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам. рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Вазорати фарҳанг
Дар Вазорати фарҳанг ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гашт. Дар он вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, муовини якум, муовин ва роҳбарони сохтору зерсохторҳои Вазорат ширкат варзида, оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2023 ҳисобот доданд.
Аз Вазорат хабар доданд, ки дар ҷаласа пешравиҳо ва мушкилоти соҳа баррасӣ гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои фарҳангии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор аз ҷониби вазири фарҳанг супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Мулоқоти Рустам Назарзода бо ҳайати Бюрои ёриҳои башарии USAID
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ҳайати Бюрои ёриҳои башарии USAID бо сарварии директори минтақавии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии он Бен Хемингуэйро ба ҳузур пазируфт, – хабар доданд аз Кумита.
Дар мулоқот масъалаҳои алоқаманд ба коҳиши хатари офатҳо ва таъсири офатҳои табиӣ ба бачаҳо, омодагии сокинони минтақаҳои осебпазир ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ, ҳамчунин, масоили вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим меҳвари суҳбат қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо дар коҳиши хатари офатҳо ва расондани ёрӣ ба аҳолии зарардида дар офатҳои табиӣ таъкид намуданд.
Бунёди боғи мевадиҳанда дар ноҳияи Ишкошим
Бо иқдоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар мавзеи Тахтсанги деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим дар масоҳати 1 гектар боғи мевадиҳанда бунёд гардид. Дар боғ зиёда аз 500 бех ниҳол шинонда шуда, ҳудуди он симтӯрбандӣ мешавад.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ доданд, ки дар бунёди боғ ҳашари дастаҷамъона бо иштироки раисони вилоят ва ноҳия, сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ ва сокинон доир гашт.
Ин иқдом дар ноҳия бори нахуст буда, баъди самар овардани ниҳолҳо бозорҳо бо меваҳои тару тоза таъмин мегарданд.
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода аз сохтмони корхонаҳои саноатӣ
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо раванди сохтмони коргоҳи коркарди гӯшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиби ҶДММ «Насиби ширин” шинос гашт.
Коргоҳи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Салимҷон Ҷӯраев бунёд гардида, он, асосан, ба коркард ва бастубанди гӯшти мурғ ва дар ояндаи наздик ба истеҳсоли ҳасиб машғул хоҳад шуд, – иттилоъ дод хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Таҷҳизоти коргоҳ то охири сол аз Чин ва Туркия ворид мешаванд. Ҳаҷми аввалияи сармоягузорӣ беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи аввал беш аз 40 кас соҳиби ҷойи кор хоҳад шуд.
Сипас, раиси вилоят рафти сохтмони корхонаи “Доро инвест”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод, ки ба самти коркарди мева машғул хоҳад шуд.