20-уми ноябр дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Сингапур, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо Президенти Ҷумҳурии Сингапур Тарман Шанмугаратнам мулоқот намуд.
Кумита хабар додааст, ки дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Сингапур мавриди муҳокима қарор гирифта, самтҳои афзалиятноки муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақими Сингапур ба ҷумҳурии мо, баррасӣ шуданд.
ТОҶИКИСТОН ВА МАЛАЙЗИЯ
Таъсиси платформаҳои муштарак барои содирот ва воридот
18-уми ноябр дар доираи сафари кории ҳайати мамлакат барои тавсеа ва таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо муовини Сарвазири Малайзия Юсуф Фадиллаҳ баргузор гардид.
Зимни он доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, таъсиси платформаҳои муштарак барои содирот ва воридот матраҳ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак
«20-уми ноябр дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ба кор оғоз намуд»,– хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи Форум пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо ва таҳлили оммавигардонии дастовардҳои Тоҷикистон давоми сию як соли ба тасвиб расидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак арзёбӣ шуд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Абу-Забӣ
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо раиси Палатаи савдо ва саноати Абу-Забӣ, ҳамзамон раиси Департаменти рушди иқтисоди Абу-Забӣ Аҳмад Ҷoсим аз-Заъабӣ мулоқот дошт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати афзоиши ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Аморотро таъкид намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷалби сармоя ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва баргузории форумҳои муштараки соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Швейтсария муаррифӣ шуданд
Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии Швейтсария оид ба фаъолияти сайёҳӣ (Swiss Tourism) ва Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мулоқот оид ба муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон баргузор шуд.
Сафорат иттилоъ додааст, ки дар чорабинӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод ва директори лоиҳаҳои махсуси Swiss Tourism Федерико Соммаруга вобаста ба рушди соҳаи сайёҳии ду давлат ва иқдоми минбаъда ибрози андеша карданд.
Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии системаҳои фотоэлектрикии офтобӣ
Намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об дар Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии системаҳои фотоэлектрикии офтобӣ ва технологияҳои нигаҳдории энергия-2024, ки аз 17 то 20-уми ноябр дар шаҳри Чендуи Чин гузашт, иштирок доштанд.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки дар ҳошияи Намоишгоҳ намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об бо роҳбарону намояндагони якчанд ширкат, аз ҷумла «Solarvest» ва Ассотсиатсияи рушди саноати «энергияи сабз», вохӯрданд.
Омодагии ВМКБ ба фасли зимистон баррасӣ шуд
20-уми ноябр ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумат аз 30-юми марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» баргузор гашт.
Дар он омодагии ВМКБ ба фасли зимистон баррасӣ гардид. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мо тавзеҳ доданд, ки ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазир, раиси Ситод Усмоналӣ Усмонзода баргузор шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ва роҳбарону масъулони МИМҲД-и ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ
20-уми ноябр бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивал – намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ ва муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорӣ баргузор гардид.
Маркази матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҳадаф аз баргузории Фестивал тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии рушди чорводорӣ, табодули таҷриба ва татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот мебошад.