Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон бар Непал ва Афғонистон
Моҳи ноябр дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо дастаҳои Непал ва Афғонистон бозиҳои рафиқона доир карда, дар ҳар ду пирӯз шуд.
Футболбозони мо нахуст бо тими Непал вохӯрда, бо ҳисоби 4:0 ғолиб омаданд. Дар ин дидор Алишер Ҷалилов ва Шервонӣ Мабатшоев дуголӣ заданд. Бозӣ бо яккачини Афғонистон бошад, бо ҳисоби 3:1 бар суди тими Тоҷикистон анҷом ёфт. Голҳои тими мунтахаби моро Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Самиев ва Рустам Соиров заданд.
Ин охирин бозиҳои тими миллии Тоҷикистон дар соли 2024 буд. Дастаи мо вохӯрии навбатии худро 25-уми марти соли оянда дар доираи марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 баргузор мекунад. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар ин марҳала 9-уми декабр муайян хоҳад шуд.
ВАРЗИШИ САБУК
Ҳафт медали варзишгаронамон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ
Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар толор дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт.
Дар мусобиқа 243 варзишгари кишварҳои минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикис-тон, Ӯзбекистон, инчунин, Ҷумҳурии Мардуми Чин ширкат доштанд. Сабқатҳо дар чор синну сол – U-16, U-18, U-20 ва калонсолон гузашт. Ҷумҳурии моро 15 нафар намояндагӣ карда, 7 медал – 2 тилло, 4 нуқра, 1 биринҷӣ – ба даст оварданд. Медалҳои тиллоро Кристина Пронженко дар дав ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 8.35 сония ва Леонид Пронженко дар 60 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 8.16 сония сазовор гаштанд. Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 7.11 метр ва тими Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр (дар ҳайати Леонид Пронженко, Муҳаммадҷон Самирзода, Кристина Пронженко, Жасмин Розиқова) бо натиҷаи 3:46.12 дақиқа, инчунин, Кристина Пронженко дар дав ба масофаи 400 метр ва Бону Розиқова дар дав ба масофаи 60 метр медали нуқра гирифтанд. Медали биринҷиро Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ сазовор гашт.
ГӮШТИИ МИЛЛӢ
Ғолибони мусобиқа ба хотираи Саидмуъмин Раҳимов
16-17-уми ноябр, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Маҷмааи варзишии ДМТ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ ба хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов баргузор гашт.
Дар мусобиқа 400 варзишгар аз тамоми манотиқи кишвар ширкат ва дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва 3 вазн миёни бунувон мубориза бурданд. Ҳамин тариқ, миёни мардҳо Рамзиддин Азизов (-60 кг), Фирӯз Мелибойзода (-65 кг), Муҳаммадисо Раҷабов (-71 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-78 кг), Ҳақназар Назаров (-86 кг), Исроил Раҳимов (-95 кг), Шакармамад Мирмамадов (+95 кг); миёни бонувон Аҳлия Муъминова (-52 кг), Ҷонона Назарова (-63 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-78 кг) ғолиб шуданд.
Ба иттилои Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон, ғолибон ва ҷоизадорон, ки 40 нафарро ташкил медиҳанд, имкон пайдо карданд дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки моҳи декабр дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, иштирок намоянд.
БОКСИ КАСБӢ
Пирӯзии Баҳодур Усмонов дар чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии IBA
16-уми ноябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин даври чорякфинали мусобиқаи “IBA Kunlun Fight World Cup” баргузор шуд.
Дар он муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов бо варзишгари чинӣ Ванг Лекуан дар вазни 63,5 кг зӯрозмоӣ кард. Бо қарори якдилонаи доварон пирӯзӣ ба варзишгари мо дода шуд ва ӯ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Барои ин пирӯзӣ Баҳодур Усмонов 20 ҳазор доллари ИМА дарёфт кард.
Сана ва рақиби Баҳодур дар даври нимфинал ҳоло муайян нест.
ГӮШТӢ
Ғолибияти Асламҷон Азизов дар Ямал
Узви дастаи мунтахаби гӯштии юнонӣ-римии Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои губернатори Ямал (Россия) ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.
Мусобиқа 16-17-уми ноябр дар шаҳри Тарко-Сале бо иштироки 120 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва 20 субъекти Федератсияи Россия доир гашт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”