8 апрел суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов доир гардид.
Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистони дӯст бо суханҳои таслият муроҷиат карда, дар иртибот ба реҳлати модаркалонашон ОГУЛАБАД ЭДЖЕ ба ӯ ва ҳамаи пайвандону наздиконашон таъзияи самимӣ баён карданд.
Қаблан Пешвои миллат ба унвони Сердар Бердимуҳамедов барқияи ҳамдардӣ ирсол намуданд.