15-уми ноябр ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистон рӯнамоии китоби муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо номи «Пешвои сангаршикани миллатсоз» баргузор гашт,– иттилоъ додааст АМИТ «Ховар».
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, ки китоби “Пешвои сангаршикани миллатсоз” перомуни рӯзгор ва фаъолияти меъмори истиқлоли давлатӣ, бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл мекунад.
“Муаллифи китоб, ки шоҳиди воқеии давлатсозии Пешвои миллат аст, аз дидаҳои хеш, бардоштҳо ва хулосаҳои беғаразона ба кулли мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавонон бо забони содаву оммафаҳм аз ҳақиқати рӯзгори мо бо амри виҷдон ва ба ҳайси як зиёӣ башорат медиҳад”, - гуфт раиси ИЖТ.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи давлатро бар дӯш гирифта, мамлакат ва мардуми хешро аз вартаи фурӯпошию нобудӣ наҷот медиҳанд. «Давлати навбунёди Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар марҳалаи аввали истиқлол — дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX ба мушкилоти азими сиёсӣ, ки ба даргириҳои шадиди дохилӣ мубаддал гардид, рӯ ба рӯ шуданд. Миллати тоҷик дар он вазъи басе мураккаб, воқеан ба роҳнамову сарвар, Пешвои дурандешу хирадманд, боиродаву ботадбир ниёз дошт, ки фавҷи бузургро бо ақлу хирад ва тавони имону инсонгарӣ, фаросату наҷобат аз роҳи хато баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, аз паси хеш барад. Дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор намудани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) танҳо ягона роҳи наҷоти Ватан буд. Он рӯзи таърихиву сарнавиштсоз ва наҷотбахши миллати тоҷик, яъне, 16-уми ноябри соли 1992 дар саҳифаҳои таърихи навини мамлакати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст», - изҳор дошт ӯ.
Гуфта шуд, ки дастоварди пурарзиш дар даврони истиқлоли мамлакат, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, бешубҳа, расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа мебошад, ки бо фаъолияти шабонарӯзӣ ва густурдаи Пешвои миллат пайвасти ногусастанӣ дорад.
Зикр шуд, ки тасмими сиёсатмадор ва ходими намоёни давлатӣ – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар баёни корнамоиҳои азими Сарвари давлат давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бозгӯи гуфтаҳои боло мебошад. Китоб бо дарназардошти рӯнамоии ҳаводису рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва рушду инкишофи Тоҷикистон асари рӯимизӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мегардад.
М. ТАБАРӢ, “Ҷумҳурият”