Эй Ҳумои бахти мо, иқболи мо,
Мурғи зарринболи истиқлоли мо.
Зарфишону фарраманду парфишон,
Бар сари мо шаҳпару шаҳболи мо.
Ихтиёру иқтидору ифтихор,
Устувори устувору пойдор.
Шаҳпари ту парчами озодагон,
Сурху сабз асту сафеду бахтёр.
Зеби дунё, зеби гардун будаӣ,
Тоҷи Ҷамшеду Фаридун будаӣ.
Фарру шаъну шавкати Сомониён,
Ҷони мо, бе чанду бе чун будаӣ.
Тоҷу тахти Ориёни Бостон,
Тахту бахти давлати Сомониён.
Омадӣ то Ориёнои ҷавон,
Марҳабо, сад марҳабо, то ҷовидон.
Обу хоку донаи ту Ваҳдат аст,
Парваришгоҳи ту ҷони миллат аст.
Ҷони ширин дода ҳифзат мекунем,
Ин шиори марди соҳибҳиммат аст.
Ошёнат ёфтӣ, эй хушгуҳар,
Дар кафи дасти Таҳамтанроҳбар.
Пешкору пешвои кишварам,
Ҷонфишони бахти авлоди башар.
Ҷон ба каф ӯ вориди пайкор шуд,
Дар баҳои ҷон музаффарёр шуд.
Бо силоҳи ишқи сӯзони Ватан,
Қаҳрамони сулҳи нотакрор шуд.
Дар ҳамин каф ошёнат шод бод,
Зери боли шаҳпарат обод бод.
Эй сафеду сурху сабзу парфишон,
Ошён осудаву озод бод!
Назри ЯЗДОНӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон