Маориф шоҳсутуни давлату миллат аст. Ин аст, ки Сарвари давлат баҳри рушди соҳа тамоми имкониятҳоро равона намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки наврасону ҷавонон ҳарчи бештар илмҳои замонавиро аз худ намоянд.
Умуман, ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат соҳаҳои илму маорифро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки давлатӣ эълон намуда, ислоҳоти ҷиддии соҳаро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4000 муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ бо фарогирии зиёда аз 2 000 000 хонанда фаъолият менамояд. Рушди зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, то имрӯз дар самти бунёд кардану ба истифода додани мактабҳои наву замонавӣ корҳои зиёде ба анҷом расонда мешаванд.
Агар ба омори сохтмон ва ба истифода додани биноҳои таълимӣ аз соли 1991 дар ҷумҳурӣ нигарем, ҳамасола зиёда аз 100 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки чунин миқдор муассисаҳоро, ҳатто, замони шуравӣ ёд надорад. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 1-уми сентябр Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Иштироки Президенти кишвар дар ифтитоҳи таълимгоҳҳо ба ин чорабинии муҳими маърифатӣ шукӯҳу манзалати хос мебахшад. Чуноне ки ҳамагон шоҳид гардидем, чанде пеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кориашон ба вилояти Хатлон дар деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди истифода қарор доданд. Мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои хуштарҳу замонавии муассисаи таълимӣ дар масоҳати 60 садяк замин бунёд гардида, дорои 10 синфхонаи муҷаҳҳаз ва дигар шароиту имконоти таълимӣ мебошад. Таълимгоҳ дорои синфхонаҳо барои инкишофи кӯдак, фанҳои физика, забон ва адабиёти тоҷик, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, таърих, география ва забонҳои хориҷӣ мебошад. Барои дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳо, муассисаи таълимӣ бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Дар саҳни он майдончаи варзиш бунёд шудааст, ки хонандагон дар он ба машқу тамринҳо машғул мешаванд.
Ҷавонони имрӯзаро мебояд, ки барои ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат, манфиатҳои давлату миллатро ҳифзу муқаддасоти миллиро қадр намоянд, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонанд ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар–Ватан бо сарбаландӣ ба иҷро расонанд.
Мадина ҚУРБОНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон