Дурахши варзишгарони тоҷик дар Тайланд
22-23-юми ноябр дар шаҳри Районги Тайланд Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ-марафон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон баргузор гардид, ки тими мунтахаби Тоҷикистон 7 медал ба даст овард.
Ба иттилои Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар мусобиқаи мазкур 5 варзишгар муаррифи намуда, ба гирифтани 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ноил гаштанд.
Миёни калонсолон Амирҷон Бобоҷонов дар масофаҳои 3400 ва 10000 метр ду медали тилло, Бобоҷон Бобоҷонов дар масофаи 3400 метр медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Миёни ҷавонон Муҳаммадӣ Раҷабов дар масофаи 10000 метр ҷойи 1-ум, Бобоҷон Бобоҷонов дар ҳамин масофа ҷойи дуюмро гирифтанд. Миёни наврасон Фирдавс Шарифов дар масофаҳои 3400 ва 10000 метр ду медали нуқраро сазовор гаштанд.
ҶУДО
Паҳлавонони кишвар дар охирин мусобиқаи сол ширкат мекунанд
Гранд-слами Токио охирин мусобиқаи Сайри ҷаҳонии ҷудо мебошад, ки 7-8 декабр ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, барои иштирок дар мусобиқа 217 варзишгар (128 мард, 89 зан) номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои кишвар 4 варзишгарро ба Ҷопон сафарбар менамояд: Обид Ҷебов (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг) ва Виктория Киселева (+78 кг).
Чун анъана ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр мешаванд: ҷои аввал 5000 евро, ҷойи дуюм 3000, ҷойи сеюм 1500 евро.
ФУТЗАЛ
«Истиқлол» дар Ҷоми кушоди Аврупо ҷойи дуюмро гирифт
Дастаи футзали «Истиқлол» дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми кушодаи Аврупо, ки бо иштироки шаш даста дар шаҳри Химкии Россия баргузор гардид, мақоми дуюмро касб намуд.
Дар бозии финалӣ «Истиқлол»-и Тоҷикистон аз мунтахаби миллии Россия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Мунтахаби Беларус дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи Сербияро мағлуб кард.
Бозигари «Истиқлол» Абдуқаюм Умаров беҳтарин ҳамлагари мусобиқа эътироф шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”