Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии васеи идона бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии бонк дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва шаҳраки Ғарм баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни табрик зикр намуд, ки Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлатдорӣ нишоне аз соҳибихтиёрӣ буда, барафрохтани Парчам дар маросимҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ ифтихор аз давлатдорӣ ва муаррифии кишвар маҳсуб мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишони давлату давлатдорӣ, иттиҳоди мардуми кишвар, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллӣ ормонҳои миллати соҳибтамаддунамонро ифода менамояд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки он рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла кормандони низоми бонкӣ қарор бигирад.
Зикр шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардида, се рукни муҳими давлатдории имрӯза, яъне таҳкими пояҳои истиқлол, қабули Парчами давлатӣ ва бар маснади роҳбарии Тоҷикистон расидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақт, зимни баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст. Яъне, ба фаъолияти давлатдорӣ шуруъ кардани Пешвои миллат аз адои савганди садоқат зери ҳамин Парчам оғоз ёфта, минбаъд барқарории сулҳу субот ва дигар музаффариятҳои мардум, аз ҷумла бунёди нақбу роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан ва ба истифода додани неругоҳҳои хурду калон ва дигар бунёдкориҳо ба ҳамин Парчам марбут мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва боиси хушҳолист, ки ҳамасола дар кишвар ин сана бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдорӣ таҷлил мегардад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамзамон, аҳли ҳамоишро, ки аксарият узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буданд, бо арафаи 30-солагии таъсиси ҳизб табрик намуд. Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат мафкураи созандагӣ ва бунёдкориро зинда сохта, тули ин солҳо тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар, некуаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ саҳми босазо гузорад, ва ба таҳкиму устувории сулҳу субот, амнияту оромӣ ва осоиштагӣ дар кишварамон мусоидат намояд.
Дар идомаи ҳамоиш мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон доир ба Рӯзи Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, аз ашъори бузургон шеърҳо қироат карданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”