Солҳои соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишвар давраи созандагиву бунёдкорӣ, пешрафти давлат ва ободии Ватан маҳсуб мешавад. Дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари кишвар тамоми мардум ба хотири ояндаи дурахшони Меҳан кӯшиш менамоянд, ки аз худ саҳме гузоранд. Мардуми шарифи ноҳияи Сангвор низ, баҳри фардои насли наврас дар ободии ин гӯшаи диёр камари ҳиммат бастаанд.
Маҳмадшо Давлатзода, раиси ноҳия, вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои хоҷагии халқро дар суҳбат бо хабарнигори мо чунин ба қалам дод:
– Боиси хушнудист, ки имсол сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Сангвор дар Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад. Яъне, ид болои ид шуд. Мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолони ноҳия бори дигар мардумро ба хотири осудагии рӯзгор ва фардои дурахшон водор намуд. Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ гуфтанд, ки бунёди биноҳои замонавӣ ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам кардааст. Воқеан, барафрохтани Парчами давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва чанд иншооти дигар исботи гуфтаҳои Сарвари кишвар мебошанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ба хотири дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 80 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин дам 40-тои он мавриди истифода қарор гирифт. Дар 25-тои он кор бомаром идома дошта, сохтмони 15 иншооти дигар мавқуф гузошта шудааст.
Ҷойи таъкид аст, ки дар таъмини аҳолӣ бо озуқа, сабзавоту меваҷоти тару тоза саҳми кишоварзон назаррас аст. Тибқи нақшаи дурнамо, соли равон хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ноҳия дар майдони 311 га ғалладона, 800 га картошка, 86 га сабзавот, 5 га полизӣ, 24 га зағир ва 21 га зироати хӯроки чорво кишт карданд. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон ба 293 миллиону 200 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бешак соҳаи маориф дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нақши бориз дорад. Бинобар ин, дар ноҳия ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаи мазкур ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда мешавад. Айни замон дар ноҳия 62 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Дар назди шуъбаи маориф маркази таҳсилоти иловагӣ бо панҷ маҳфил, маркази технологияи информатсионӣ ва маркази рушди истеъдодҳо фаъолият мекунад. Инчунин, дар назди 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маркази инкишофи кӯдакон ташкил шудааст, ки дар онҳо 277 кӯдак ҷалб гардидааст. Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим айни ҳол 86 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, он пурра ба зимистонгузаронӣ омода аст. Дар Литсейи касбӣ-техникӣ ҷиҳати касбомӯзӣ 127 духтар ҷалб гардида, дар он ихтисоси муҳосибӣ, барномасоз, дӯзандагӣ, қаннодӣ ва дигар касбҳои барои занҳо муҳим ба роҳ монда шудааст.
Дарвоқеъ, пешрафти давлат аз солимии ҷомеа вобаста аст. Имрӯзҳо барои сари вақт ёрӣ расондан ба аҳолӣ беморхонаи марказӣ ва 29 беморхонаи минтақавию маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар тамоми шаҳраку деҳот ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва хатарнок ҳар аввали моҳ гурӯҳи корӣ деҳ ба деҳ гашта, мардумро огоҳ месозанд ва муроҷиат менамоянд, ки сари вақт аз ташхис гузаранд. Ба ин восита, метавонанд худ ва дигаронро аз хатар эмин доранд.
– Хулоса, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Сангвор имрӯз баҳри зиндагии хуш ва ояндаи дурахшони насли наврас мекӯшанд аз худ саҳме гузоранд ва мушкили мардумро сари вақт бароварда созанд. Бо бовари комил гуфтан мумкин аст, ки сокинони ин минтақаи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои қонунҳо, фармону амрҳои Президенти кишвар, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулнамудаи соҳавию минтақавӣ равона менамоянд.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”