Баробари фаро расидани фасли зимистон дар Тоҷикистон дар таъминот бо барқ маҳдудият ҷорӣ мегардад, ки барои мардум ва хоҷагии халқ душворӣ меорад. Вале, ин тадбир бинобар махсусияти системаи энергетикии кишвар ва имкониятҳои низоми энергетикии он, ногузир аст. Гап сари он аст, ки дар фасли зимистон захираи асосии гидроэнергетикии Тоҷикистон - обанбори неругоҳи «Норак» ба ҳисоб меравад ва ҳангоми кам шудани маҷрои дарё, лозим меояд, ки аз ҳисоби ҳамин захира барқ истеҳсол намоем.
Вақте дар фаслҳои гарм маҷрои дарёи Вахш зиёд аст, неругоҳи «Норак» танҳо аз ҳисоби маҷро кор мекунад ва оби зиёдатӣ дар обанбор барои тирамоҳу зимистон захира мегардад. Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар фаслҳои гармо ва серобии дарё ба обанбори Норак дар ҳар сония то 2000 мукааб метр об ҷорӣ мешавад. Дар давраи зимистон воридоти об то ба 100 - 150 мукааб метр сония кам мешавад ва бо сабаби он, ки барои пурра кор кардани НБО «Норак» то 1200 мукааб метр сония об зарур аст, лозим меояд аз оби захиравӣ, яъне обанбор истифода бурд.
Дар ин давра ҳар сантиметр об дар ҳисоб аст, чунки аз нуқтаи 910 метр то нуқтаи 857 метр, ки сатҳи фоиданок ба шумор меравад, ҳамагӣ 53 метр захираи об дорем ва фақат аз рӯи ҳисоби дақиқ, сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани он имконият медиҳад, ки аҳолӣ ва иқтисодиёти худро то баҳор бо барқ таъмин намоем.
ЧАРО НЕРУГОҲҲОИ ХУРДУ БУЗУРГ СОХТА ШУДАНДУ МАҲДУДИЯТ БОҚӢ МОНД?
Барои ҷавоб ёфтан ба ин суол як фактро муқоиса намоем кофӣ аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ аҳолии мамлакат ду баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафари соли 1991 ба 10,2 миллион нафар расид. Аз соли 2000-ум то ҳол ҳаҷми солонаи ба истифода супурдани манзили зист аз 245 ҳазор метри мураббаъ ба беш аз 1,5 миллион метри мураббаъ расидааст. Агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар кишвар беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамояд.
Пешрафти соҳаи энергетика, албатта, назаррас аст. Маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатӣ НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2», садҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта ба истифода дода шуданд. Илова бар ин, яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ амалӣ гашт, таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда аст. Чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии неругоҳҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд» амалӣ гардида истодаанд. Тавре дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) таъкид шуд, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем.
Дар ҳамин ҳол, баъзеҳо фаҳмида ё бо мақсади иғво намудан дар ин маврид ҳар хел овозаҳоро паҳн менамоянд. Яке аз ин овозаҳои бардурӯғ ба Афғонистон интиқол додани барқ мебошад. Дуруст аст, ки мо бо Ширкати «Брешно» барои ба Афғонистон интиқол додани барқ шартнома дорем, вале ин шартнома аз моҳи май то моҳи сентябрро фаро мегирад ва ҳангоми оғози маҳдудият, барқи мо пурра дар дохили кишвар истифода мешавад.
ЧӢ БОЯД КАРД, КИ БА МАҲДУДИЯТИ ШАДИД ГИРИФТОР НАШАВЕМ?
Бешубҳа, сарфакорона истифода бурдани барқ омили аз ҳама муҳими беҳ шудани таъмини барқ, махсусан дар давраи маҳдудият мебошад. Тавре маълум аст, дар ин давра меъёри барқи ба ин ва ё он ноҳия ва маҳал ҷудошуда бо ченаки киловатт.соат ҷудо карда мешавад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи тоҷик” ҳангоми интиқоли барқ мунтазам ин меъёрро риоя менамояд. Вале бо сабаби аз меъёр зиёд истифода бурдан, миқдори соати барқ дар ин ва ё он ноҳия ва маҳал кам мегардад. Лозим аст, ки дар ин давра дар хона ва корхонаҳои худ “маҳдудият”-и худиро ворид ва риоя намоем. Ба маълумоти СММ дар тамоми сайёра таъминот ба неруи барқ қаноатбахш нест. Чунки дар тамоми дунё сол ба сол талабот ба неруи барқ меафзояд. Аз тарафи мутахассисон ду воситаи аз ин норасоӣ раҳо ёфтан пешниҳод мешавад:
- афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ, дигар манбаъҳои энергетикӣ, инчунин, таҷдиди воситаҳои мавҷуда;
- кам кардани истифода ё худ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неру.
Аз назари мантиқӣ ва иқтисодӣ, роҳи дуюми сарфакорона истифода бурдани неру – наздиктар, осонтар ва арзонтар аст. Ба он хотир, ки барои сохтмони иқтидорҳои нав қувва, маблағ ва вақт лозим меояд. Вақт бошад, ба фоидаи мо нест, чунки иқтидорҳо дар як солу ду сол сохта намешаванд ва истеҳсолот аз дараҷаи афзоиши талабот доимо қафо мемонад.
Агар ҳар муштарӣ дар зимистон дар як шабонарӯз 1 киловат неруи барқ сарф намояд, дар як рӯз баробар мешавад ба 1 800 000 киловатт соат. Бо ин миқдор барқ, масалан шаҳри Кӯлоб ё Бохтар метавонад як шабонарӯз бо барқ таъмин шавад. Агар ҳар хонаводаи сокини шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз, ақаллан як чароғ кам истифода барад, имкон аст, ки бо неруи барқи аз ин ҳисоб сарфашуда тамоми шаҳрро даҳ рӯз бо барқ таъмин кард. Омили дигари беҳдошти таъминот пардохти пурра ва саривақтии барқи истифодашуда мебошад. Барқ маҳсулот аст, барои он ки ин маҳсулот такроран истеҳсол гардад ва мо ба он таъмин бошем, бояд ҳаққи онро, ки насия дода мешавад, пардохт намоем. Хотиррасон бояд намуд, ки дуздидани барқ як дуздии оддӣ нест. Барқдуздӣ маънои ғорати тамоми ҷомеа, даст халондан ба кисаи давлатро дорад.
Аз ҷаҳду талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳарсолаи соҳа ва лоиҳаҳое, ки амалӣ шудани онҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин дар мадди аввали назар қарор доранд, метавон хулоса баровард, ки солҳои наздик норасоии барқ дар Тоҷикистон дар фаслҳои сард барҳам хоҳад хӯрд. Тавре мутахассисон пешгӯӣ менамоянд, кишвари мо на танҳо ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил хоҳад шуд, балки бо пурра ба истифода додани НБО “Роғун”, ба кишвари интиқолдиҳандаи барқ табдил меёбад.
Нозир ЁДГОРӢ,
масъули бахши матбуоти
ҶСК “Барқи тоҷик”