Кору рӯзгор ва шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар фарди Тоҷикистон намунаи пайравӣ аст. Ин чеҳраи тобноки таърих маҳбуби ҳам марди деҳқон асту ҳам аз табибу муаллим, сохтмончию олим ва дигарон. Ҳар кас дар васфи Сарвари давлат бо фаҳму идроки хоси хеш ҳарфе барои гуфтан дорад. Инак, шаммае аз андешаҳои ҳамватанон:
Файзиддин Раҷабзода,
муовини директори Коллеҷи
технологӣ-фарматсевтии
Тоҷикистон оид ба илм ва
муносибатҳои
байналмилалӣ:
– Рисолати Пешвои миллат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагии ҷомеаи кишвар баръало мушоҳида мешавад. Агар танҳо хидматҳои бедареғашон дар соҳаи маориф ва илмро бишмурем, басо мондагору камназиранд. Дар муддати ду даҳсолаи охир таъсис ёфтани садҳо муассисаҳои олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, муассисаҳои зиёди таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, қабул гардидани чандин стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳа далели ин гуфтаҳоянд.
Роҳбари давлат дар расми ифтитоҳи аксар муассисаҳои таълимӣ шахсан ширкат варзида, вазъи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии онҳоро назорат мекунанд, мақомоти ваколатдор ва дигар масъулинро вазифадор менамоянд, ки ба фаъолияти бонизом ва омодасозии кадрҳои ояндасоз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ин ғамхориҳои Пешвои маорифпарвари миллат ба хотири ояндаи дурахшони ҷомеаи Тоҷикистон нигаронда шудаанд ва мо аминем, ки чунин тадбирандешиҳо, албатта, натиҷаи дилхоҳ ба бор меоваранд.
Носирҷон Маъмурзода,
сармуҳаррири
рӯзномаи "Хатлон",
номзади илмҳои филология:
– Тамоми дастовардҳо ва неъматҳое, ки дорем, ба шарофати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат мамлакатамон ба рушду шукуфоӣ расидааст.
Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр ба гиромидошти хизматҳои мондагори Сарвари муаззами давлат – меъмори сулҳу ваҳдат ва ҳомии истиқлолу якпорчагии мамлакат, таҷлил мегардад, миллионҳо тоҷикистониён меҳру муҳаббату садоқати бепоёни худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз медоранд.
Вобаста ба мақом ва хизматҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ифтихор метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳалаи мураккаби таърихӣ ба сари давлат омада, бо талошҳои худ давлати тоҷиконро аз хатари воқеии нобудӣ наҷот доданд. Хидматҳояшон бисёр бузурганд, аммо фақат ҳамин масъала, яъне ҳифз ва наҷоти давлатдории мо кофист, ки ному корномаи ин шахсият дар таърихи халқи мо то абад боқӣ монад.
Дар натиҷаи азму талош ва кӯшишу пайкорҳои бемисли ин шахсияти барҷастаи миллӣ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон бартараф гардид.
Мо – рӯзноманигорон сарбаландем, ки дар замони истиқлоли давлатӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ рушд карда, фазои иттилоотии мамлакатамон низ ташаккул ёфт. Озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор яке аз меъёрҳои конститутсионӣ муқаррар шуда, бо мақсади рушди расонаҳои хабарӣ ва кафолати озодии баён сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ гардид. Қонуни асосии кишвар ҳамчунин моликияти зеҳниро таҳти ҳимояи қонун қарор дод.
Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари мамлакат нақши ҷомеаи журналистӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ баланд арзёбӣ намуда, ин ниҳоди муҳими иҷтимоиро яке аз рукнҳои асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа ҳисобиданд ва давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои ташаккули фазои мустақили фаъолияти расонаҳои хабарӣ ва эҷодкорон тамоми шароити лозимиро фароҳам оварданд.
Нуриддин Пиров,
сардори раёсати "Тоҷикфилм"
дар вилояти Хатлон:
– Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бисёр соҳаҳо рукуд карданд, аз ҷумла соҳаи синамо. Маҳз сиёсати созанда ва азму талошҳои қавии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин соҳаи барои рушди фарҳангу таърихи миллат муҳим дубора ба пайроҳаи рушд ворид гардид. Сарвари давлат дар ин бора ба маврид зикр мекунанд: "Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудан, густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад".
Дастгирию ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат буд, ки кинематографияи замони соҳибистиқлолии мо ба як қатор муваффақиятҳо расид. Чунончи, нахустин бор дар таърихи мамлакат Синамобазми миллии "Тоҷи Сомон" таъсис ёфт, ки ҳар даври солонаи он бо ширкати даҳҳо актёру коргардон ва филмшиносони маъруфи дунё барпо мешавад. Ин омилест, ҳам барои боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳам тараққӣ додани соҳаи кино дар дохил. Гузашта аз ин, ба хотири рушди кино дар музофот дар заминаи "Тоҷикфилм" муассисаҳои давлатии "Хатлонфилм", "Суғдфилм" ва "Бадахшонфилм" таъсис ёфт. Ҳоло ин боргоҳҳо ба мактабҳои беҳтарини тарбияи филмсозони ҷавони маҳаллӣ табдил ёфтаанд.
Натиҷаи ҳамин пешравиҳост, ки ҳоло синамогарони дигари дунё мехоҳанд ҳамроҳи ҳамтоҳои тоҷикашон филм бардоранд. Намунаи беҳтарини ин ҳамкориҳо филмномаи "Ҷомӣ ва Навоӣ" мебошад, ки он дар сатҳи ҳукуматҳо, вазоратҳо ва академияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон барои банаворгирӣ омода шуда истодааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар синамои тоҷикро таҳаввулоти бештар интизор аст.
Ҳасан Ғуломон,
омӯзгор, сокини
ноҳияи Кӯшониён:
– Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик атои Парвардигоранд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу ваҳим барои сарҷамъу муттаҳид кардани халқи азияткашида ба сари қудрат омада, бо донишу заковат ва хирадмандии ба худашон хос миллати тоҷикро аз парешониву давлати Тоҷикистонро аз фаношавӣ эмин нигоҳ доштанд. Пешвои миллат марди далер, заҳматқарин, пурталош, ҷонфидо, ободкор, миллатдӯст, қавиирода мебошанд, руҳияи хастанопазир доранд. Ҳамаи дастовардҳо, пешравию ободӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва гулгулшукуфии кишвар ба сиёсати хирадмандона ва заҳмати созандаи ин шахсияти нотакрору сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ тавъаманд.
Мардуми Тоҷикистон, шахсан ман, ин абармарди сиёсат, Пешвои гиромиқадри миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорам, заҳматҳои шабонарӯзиашонро қадр мекунем ва инро рисолати имонии худ медонем.
Зикрулло Орифов,
табиб - ҷарроҳи гӯшу гулу, бинии
Беморхонаи марказии
ноҳияи Кӯшониён:
- Яке аз хидматҳои Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ он аст, ки роҳро барои таҷрибаандӯзии ҷавонон дар беҳтарин муассисаҳои таълимии дунё боз карданд. Бисёр шодам, ки дар ҳошияи ҳамин иқдом ман ҳам тавонистам, ки ба ҳайси ҷарроҳ малакаю маҳорати хешро дар Эрон сайқал диҳам. Ҳар вақте ки корафтодаҳо аз наздам шод мераванд, беморон офият меёбанд, шукрона мекунам, ки дар чунин кишваре, ки барои кору фаъолият, барои рушди фардӣ мувофиқ аст, зиндагонӣ мекунам. Сол ба сол бештар қомат афрохтани муассисаҳои сершумори тиббӣ дар марказҳои шаҳру навоҳӣ ва ҳатто таъмин шудани дурдасттарин деҳаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ низ ба ғамхориҳои Президенти кишвар алоқаманд аст. Мо - табибон аз ин сиёсатмадори варзида ҳамеша миннатдорем.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"