Алҳол сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисодиёти кишварҳо саҳми босазо дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ намуда барои пешрафти он якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул кард, вале ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надод, ки соҳаи мазкур ба таври бояду шояд рушд бикунад.
Табиати зебою нотакрор ва мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон боиси он гардид, ки Ҳукумати кишвар бори дигар рӯ ба рушди соҳаи сайёҳӣ оварад ва онро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат эълон намуда, баҳри рушду тараққиаш аз тамоми имкониятҳои мавҷуда кор бигирад. Таъсис додани мақоми салоҳиятнок – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили дигари пешрафти ин соҳа шуд, – иброз дошт Диловар Қосимӣ муовини раиси ноҳияи Дарвоз.
Чун рушди соҳаи сайёҳӣ муҳимияти хосса дорад, таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронда шуда, дар паёмҳои ҳамасолаи хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаҳои марбут ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳиро ба таври мушаххас ба миён мегузоранд. Дар Паёми навбатӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, таъкид шуд: «Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ, зиёд гарданд. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад».
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин самт кормандони соҳаи сайёҳӣ ва мардуми шарифи кишварро водор месозад, ки барои беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корию гузоштани заминаи мусоид баҳри пешрафти зиндагии арзанда талош намоем.
Ноҳияи Дарвоз диёри мардуми меҳмоннавоз буда, бо доштани иқлими муносиб, манзараҳои нотакрор, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои ширину шифобахш, ҳайвоноту набототи нодир яке аз маконҳои беҳтарини сайру саёҳат дар минтақаи Бадахшон маҳсуб мегардад.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда, ба бунёди инфрасохторҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Як нуқта боиси зикр аст, ки дар доираи таҷлили сазовор аз Ҷашни 30-солагӣ ва омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и деҳаи Паткуноб меҳмонхонаи «Чорчаман-хилс» ва дар маркази ноҳия меҳмонхонаи «Континентал» сохта ба истифода дода шуданд, ки ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошанд.
Айни ҳол, дар ноҳияи Дарвоз 13 меҳмонхона, 9 ҳомстей, 1 тарабхона, 1 истироҳатгоҳ, 2 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 минтақаи шикор ва боз нуқтаҳои зиёди маишӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Шаҳри қадимаи Карон, дараҳои Гушуну Висхарв, мавзеъҳои Чашмаи булуқак ва дараи Мело, зиёратгоҳҳои Ҳазрати Шоҳ, Хоҷаи Сармасти Валӣ, эшони Қурбонмуҳаммад, осорхонаи Муъмин Қаноат, муҷассамаҳои Борбад, Акашариф Ҷӯра, Абдулло Назрӣ ва боз даҳҳо нуқтаҳои дигар аз мавзеъҳо ва ҷойҳои тамошобобе мебошанд, ки сайёҳони зиёд аз онҳо дидан менамоянд.
Барои пешрафти кор дар самти сайёҳӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, соҳибкорон ва шарикони рушд пайваста ибтикороту тасмимҳои судманд роҳандозӣ мегарданд. Соли 2022 барои беҳтар намудани хизматрасониҳо дар ин самт аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ барои пешхизматон доир карда шуд, ки 10 нафар дар он таълим гирифта, соҳиби шаҳодатнома – сертификат шуданд.
Дар доираи таҷлили сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони якчанд иншооти маишию хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо дар оянда метавонанд барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия мусоидати хуб намоянд.
Ба хотири рушди бемайлони ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаю стратегияҳо таҳия гардида, вобаста ба рушди ин соҳа имтиёзҳои зиёде пешбинӣ мегарданд.
Натиҷаи саъю талошҳои Ҳукумати кишвар ва тадбирҳои муассири андешидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон шомил гардида, аз ҷониби Созмони сайёҳии СММ дар рӯйхати 2 кишваре, ки дар ҳоли рушди сайёҳӣ қарор доранд, роҳ ёфт. Инчунин, шоҳроҳи Кӯлоб – Помир дар 10- гонаи зеботарин роҳҳои дунё мавқеъ гирифтанд.
Ҳамаи ин омилҳо боиси он мешаванд, ки шумораи сайёҳон сол ба сол дар кишвар зиёд гардад. Дар ин росто, масъулини соҳа, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва иншоотҳои хизматрасонию маиширо лозим аст, то дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри рушди бемайлони ин соҳаи муҳим, ки дар ғанӣ гардондани буҷаи кишвар нақши калон мебозад, аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар ва ба маврид истифода баранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»