Таҳлили авзои сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки терроризму ифротгароӣ ҳамоно таҳдид ба осоиши аҳли башар ва хатар ба амнияти кишварҳои олам маҳсуб шуда, бархе сиёсатҳои дугона дар баробари он мояи нигаронии амиқ гардидааст. Ҳоло пешрафтатарин давлатҳои ҷаҳон низ аз хатари ин зуҳурот эмин буда наметавонанд, ки мавҷи таркишу таҳоҷум ва фишору табъизи солҳои ахир дар гӯшаҳои гуногуни сайёра шаҳодати ин гуфтаҳост.
Вазъи кунунӣ дар иртибот ба афзоиши амалҳои экстремистӣ аз мо тақозо мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор диҳем ва нисбат ба ин зуҳурот мавқеи оштинопазир дошта бошем. Зеро, дар ҳақиқат, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср шинохта мешаванд ва, тавре таъкид мегардад, хатари он барои башарият на камтар аз силоҳи ядроӣ аст.
Қобили таъкид аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари пойбанд ба арзишҳои сулҳу ваҳдат дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ мавқеи муайян ва оштинопазир дорад. Гузашта аз ин, ҳамчун мамлакати ташаббускор дар ҳамоҳанг сохтани муқовимати дастаҷамъона бо ин зуҳуроти нангин пешсаф аст. Ин ҳам бесабаб нест, зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол дар оғози солҳои навадуми асри гузашта паёмадҳои фоҷеабори терроризму ифротгароиро аз сар гузаронда, дар мубориза бо чунин хатарҳо таҷрибаи кофӣ ба даст овардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ зарурати муқовимати дастаҷамъонаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон алайҳи терроризму ифротгароиро таъкид намуда, онро ягона роҳи муассир дар ин самт медонанд. Воқеан, чунин аст, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад дар мубориза бо ин зуҳурот пирӯз шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо ҳеҷ гоҳ дар ҳошия нагузошта, балки дар мавқеи худ устувор аст. Иштирок ва суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе”, ки 4-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ал-Кувайт сурат гирифт, бори дигар ба ин амр далолат кард.
Сарвари давлати мо дар ин ҳамоиши сатҳи баланд таъкид карданд, ки вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, чун пештара ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад. Дар ин робита, Пешвои муаззами миллат зарур шумурданд, ки дар баробари мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангии тадбирҳои кишварҳо барои таҳкими сулҳу субот ва амният тақвият дода шавад.
Ин суханронӣ, ки дар маҳзари доираҳои таҳлилии минтақа ва расонаҳои зиёди хабарӣ қарор гирифт, бори дигар талошҳои Президенти маҳбуби моро дар таҳкими сулҳу ваҳдати ҷаҳонӣ ва саркуби ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ нишон дод.
Халифабобо ҶУМЪАЗОДА, сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак»