Сардии зимистони соли 1977 дар муқоиса бо зимистони солҳои пешин бештар буд. Дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ низ ин шабу рӯзи чиллаи зимистон барф бештар борида, хунукии қаҳратун ҳукмфармоӣ мекард. Шарифаи Сафари Надир, модари ман низ, сокини ин гузар буд. Қомати баланд, танумандӣ, чашмони шаҳло ба зебоии симои ӯ зебоӣ меафзуд. Модарам баъди иштирок дар яке аз маросимҳои мардум, дарди ҷонкоҳе ҳис карда, саросемавор ба сӯи хонаи наваш, ки се моҳ пеш ба он кӯчида буд, шитофт. Дар роҳ аз духтари ҳамсоя хоҳиш намуд, ки шавҳарашро, ки муаллими мактаби деҳа буд, аз бемории ӯ огоҳ намояд.
Модарам ҳангоме вориди хонаи навсохт мегашт, писару духтарони калонашро дид. Духтари хурдӣ дар дарс буду писари хурдӣ ба хонаи бибияш рафта. Ӯ зуд либосҳояшро иваз намуду аз кисаи камзӯлаш ду дона конфетро бароварда, ба писари калонӣ, яъне ман дода, сарамро сила намуд. Ширинтарин қанди рӯзгор, ки то ҳол чашидаам, то ҳанӯз ҳамон қанд аст, ки бори охир аз кафи модар гирифтаам.
Ба хоҳарбузургам Азизмоҳ рӯй оварда гуфт: “Додару хоҳаронатро нигоҳ кун, мана, ба фикрам, беморхонаи ноҳия мебаранд, Худо медонад, кай мебиёям ё шояд набиёям. Худо шумоя дар паноҳаш нигоҳ дорад ва барака диҳад».
Маро ҳиссиёте фаро гирифт, ки гӯё модарро дигар намедида бошам. Чун падарамро аз бемории ӯ огоҳ намуданд, саросемавор ба хона тохт. Аз наздикиҳои масҷиди "Ҳадди Мулло" ҳамсари тағояш Обидаи Муллоро гирифта ба хона омад. Давраи дуҷонии модар ба охир расида буд. Обидаи Мулло ҳолати вазнини модарро дарк намуда, таъкид кард, ки мошин ёфта, беморро фавран ба беморхона баранд.
Беморхонаи наздиктарин аз деҳаи Дарғ дар масофаи 35 км дар деҳаи Шаватки Боло қарор дошту беморхонаи марказии ноҳия бошад, дар деҳаи Варзи Манор, 65 км аз деҳаи Дарғ дуртар. Дар деҳоти болооби водии Зарафшон, он замон на танҳо мошини ёрии таъҷилӣ, ҳатто мошинҳои сабукрави шахсию давлатӣ набуд. Дар деҳаи Дарғ солҳои 70-уми асри ХХ ду кас Нурмуҳаммади Аваз ва Муҳаммадюсуфи Шариф ронандагони автомашинаи тамғаи ГАЗ-52 буданд. Онҳо бар замми кори колхоз, агар бемореро ба беморхонаи минтақавӣ ва ё ноҳиявӣ бурдан зарур мешуд, хидмат мерасонданд.
Нурмуҳаммади Авазро пайдо намуда, вазъиятро баён намуданд. Ӯ фавран мошинашро барои сафар омода намуд. Холаи Обидаи Мулло ва падарам дар болои мошин ҳамроҳи бемор ба Варзи Манор раҳсипор гардиданд.
Роҳи кӯҳӣ ҳамвор набуд. Новобаста ба эҳтиёткории ронанда, чуқуру пастиҳо мусофиронро, бахусус беморро сахт лат медод. Дар роҳ хунравии бемор шиддат гирифта, беморро торафт беҳолу бемадор мегардонд.
Бояд гуфт, ки баҳори соли 1957 базми арусиву домодии модару падарам баргузор гардид. Онҳо навдаҳои яктанаи азими дарахти инсонӣ буданд. Соли 1959 нахустфарзандашон Азизмоҳ ба дунё омад. Он замон падар дар мактаби миёнаи деҳаи Сурхобчаи ноҳияи Ғончӣ (имрӯза Деваштич) кору зиндагӣ мекарданд ва тирамоҳи ҳамон сол зану кӯдакашонро низ ҳамроҳи худ ба Сурхоб оварда, то соли 1971 ҳамон ҷо зиндагӣ намудем.
Мусофират ба модарам бисёр чизро омӯхт. Дар вақти бекорӣ бо пухтупаз, дӯхтани либос ва ҷомадӯзӣ машғул мегашт. Падар, ки ба маҷаллаҳои "Садои Шарқ", "Машъал" ва баъзе рӯзномаҳои он давр обуна буд, модарам қариб ҳамаи шумораҳои маҷаллаи "Садои Шарқ"-ро хонда, онҳоро дар хона нигоҳ медошт. Як гӯшаи хонаи мо китобхонаи кӯчакро мемонд.
Мошин вақте ба беморхона расид, модарам аз хунравии зиёд тамоман беҳол гашта, маҷоли аз ҷой ҷунбидан надошт, аз ин хотир, ӯро илоҷе намуда, ҳамшираҳои шафқат ба ҳуҷраи эҳё оварданд. Сардояи беморхона Фотима Назарова баъди муоинаи бемор ва ташхиси фаврӣ муайян намуд, ки дар батни модар тифлони дугониканд. Ҳамшираҳои шафқат бо духтурони таҷрибадор машварат ороста, то субҳ тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, то кӯдакон солим ба дунё биоянду модар аз марг наҷот ёбад, зеро мувофиқи назарияи тиббӣ зиёд рафтани оби батни бонуи дуҷон хатари нафастангии кӯдаки батн ва сабаби нобудии он мегардид. Субҳ медамаду муждаи ба дунё омадани дугоникҳо расид, аммо хабари дар ҳолати вазнин қарор доштани онҳо ва модарашонро навбатдори таваллудхона расонд. Ба навзодон, ки ҳар ду писар буданд, Ҳасан ва Ҳусайн ном ниҳоданд.
Наздики шом ҳоли бемор нисбатан беҳтар гардида буд, аммо то ҳол қудрати сухан гуфтан надошт, новобаста ба он, хешу табор ва наздикон умедвори беҳбудӣ буданд. Аввал Ҳусейн гузашт ва субҳи рӯзи дигар духтур хабар овард, ки кӯдаки дигар – Ҳасан низ вафот намуд.
Ҳасану Ҳусайнро ба хок супурда, ҳама боз ба беморхона баргаштанд. Дар лабони аз бемадорӣ хушкидаи бемор табассум ҷилва кард ва онро шуълаи умедвории беҳтар гардидани саломатии бемор донистанд. Он замон дар ҳастии нимаҷони бемор ду қувва – марг ва ҳаёт дар мубориза буданд. Бояд яке пирӯз мешуд. Дар чунин ҳолу ҳавои вазнин марг пирӯз омад ва модарам гӯё мисли фаришта ба сӯи Ҳасану Ҳусайнаш, ки дар ҷаҳони калон рӯз надиданд, бол кушод.
Обидаи Мулло, ки рӯзи сеюм беморро парасторӣ мекард, сари модарамро рӯи дасти росташ нигоҳ дошта, бо чашмони нимпӯшида болои сари ӯ оятҳои қуръониро мехонд, ин даъфа сураи навбатиро ба охир расонду оҳи сарди бемор ба гӯшаш расид. Ин нишона аз ҷон ба Ҷонофарин супурдани бемор буд...
Ин сӯзномаи модари меҳрубон, азизу ғамхор, фидогари ҷони азизи хеш баҳри ҷигаргӯшаҳояшро ба он хотир овардам, ки агар он замон Тоҷикистон соҳибистиқлол мебуд, агар роҳи байниноҳиявӣ дар ҳолати хуб қарор медошт, агар роҳи байни пойтахту ноҳия дар тамоми фаслҳои сол мисли имрӯз боз мебуд, маркази хунсупорӣ ҳадди ақал дар маркази ноҳия мешуд, шояд модари ман ва монанди модари ман садҳо бонувони боумед номуроду навмед намешуданду кӯдакони хешро ба оғӯш мегирифтанд. Ва боз ҳам агар 50 сол қабл хатарҳои никоҳи хешутаборӣ пешбинӣ шуда, қонунҳои имрӯзаи амалкунанда дар ин маврид мебуданд, дуҷонии маргбор пешгирӣ шуда, шояд кӯдакони маъсуми ғӯрамарг, додарони ман – Ҳасану Ҳусайн саломат буданд.
Ҳоло роҳҳои ободи байни ноҳияҳо, байни ҷамоатҳоро дида, чашми одам об мехӯрад. Равуои мардумро ба пойтахти кишвар, ҳатто дар фасли зимистон дида, ҳадиси шукрона ба лаб меронем, ки ба чунин рӯзҳои пирӯз расидем. Дигар хатару хархашаҳои табиат монеаи равуо ва пайвандии одамон нестанд. Инсони замони истиқлол табиатро ром карда, аз дили кӯҳҳои замоне девмонанд нақбҳо кушод. Аммо мани модаргумкардаи пеши сарнавишт ночор бо вуҷуди солор будан, боз ҳам шабҳо суроби модари ноороми чашмонаш аз бехобиҳо варамидаву сӯи фарзанд нигаронро мебинаму беихтиёр ашкҳоям шаддаи рӯ мешаванд. Ба насли имрӯз гуфтаниям, ҳоло ки роҳҳо бозанд, роҳҳо наздик шудаанд, модаратонро хабар гиред, аз ҳолаш пурсед ва лаҳзае ҳам бошад, сабаби хушҳолии ӯ шавед.
Гул ШАРИФОВ, номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии ДМТ