Паҳлавони кишвар Обид Ҷебов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо – “Tokyo Grand Slam 2024”, ки 7-8-уми декабр баргузор шуд, ҷойи сеюмро гирифт.
Обид дар вазни -66 кг гӯштин гирифта, дар даври дуюм Маттиа Миселии итолиёвӣ, дар чорякфинал Роналд Лимаи бразилиро шикаст дод, дар даври нимниҳоӣ аз Таикоҳ Фуҷисакаи ҷопонӣ мағлуб гашт. Ӯ дар мубориза барои медали биринҷӣ ба Ҳината Онои ҷопонӣ ғолиб шуд.
Паҳлавони дигари мо Абубакр Шеров дар вазни -73 кг мақоми панҷумро сазовор гардид.
Баъд аз натиҷагирии мусобиқа, дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Ҷопон бо 38 медал (13 тилло, 9 нуқра ва 16 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум миёни 44 кишвари иштирокчӣ дар зинаи ҳафтум мавқеъ ёфт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”