Таърихи имрӯзаи тоҷикону Тоҷикистон аз ҳар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳқиқу шинохти он руҷуъ намоем, бо касби истиқлоли давлатӣ пайванд мегирад. Истиқлол сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва иҷтимоии мардумро асолат бахшид.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди ба даст овардани расмияти сиёсӣ, то расидан ба ҷавҳари аслӣ, яъне то воқеияти ҳаётӣ пайдо кардани худ, марҳалаҳои душвори ташаккулро паймудааст. Халқи тоҷик ба хотири маънои ҳақиқии худро дарёфтани истиқлоли давлатӣ бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳалаи нави қонунгузориро дар қаламрави кишвар асос гузошт. Дар саргаҳи ин ибтикорот қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофу сабти соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон шуруъ гардида, муқаддимаи он бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон … ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» оғоз меёбад. Мувофиқи ин ҳидояти Конститутсия халқи Тоҷикистон бо назардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти худро муайян кард ва асосҳои истиқлолияти давлатии худро устувор намуд. Ин матлаб дар моддаи 6 Конститутсия хусусияти меъёрӣ касб намуда, халқ ба сифати «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби ҳизбу созмон, гурӯҳе ё фарде манъ кард.
Ҳуқуқи дахлнопазири халқи Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳокимият мебошад, ки дар Конститутсия пешбинӣ гардида, иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар идоракунии корҳои давлатӣ тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ кафолат медиҳад. Интихобот ва раъйпурсӣ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ ва як шакли амалӣ кардани демократия дар мамлакат мебошад, ки халқ иродаи сиёсии худро мустақиман изҳор мекунад.
Истеҳкоми пояҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаккули ниҳодҳои давлатӣ оғоз ёфт. Ҷумҳурии тозаистиқлол роҳи демократии рушди давлатдориро ихтиёр намуд ва ташаккули мақомоти олии мамлакат маҳз ба воситаи интихобот, ки нахустунсури ҷомеаи демократӣ мебошад, сурат гирифт. Дар ин замина қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» қабул гардида, дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2016 баъзе нуктаҳои қоидаҳо ва муқаррароти интихоботӣ такмил пазируфтанд. Интихобот бо назардошти низоми бисёрҳизбӣ баргузор шуда, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар парламенти мамлакат соҳиби ҷой гардиданд.
Ташкил ва баргузор намудани интихобот ва раъйпурсӣ дар давлатҳои демократии ҷаҳони муосир тавассути комиссияҳои интихоботӣ амалӣ гардонда шуда, комиссияҳои марказии интихоботӣ ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ташаккули мақомоти олии кишвар ва доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нақши меҳварии созмондиҳиро бар уҳда дорад. Масъулияти асосӣ дар ташкил ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раъйпурсии умумихалқӣ, ҳамчунин, интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гузошта шудааст.
Чунонки дар боби аввали қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр шудааст: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро ташкил мекунад ва мегузаронад, ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, инчунин ташкил ва гузарондани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатро назорат карда, риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро таъмин менамояд.
Дигар масъалаи муҳими марбут ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ки фаъолияти объективӣ, холисона ва шаффофи онро таъмин месозад, ин аст, ки ниҳоди мазкур мақоми мустақил ва дастаҷамъӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор тобеъ намебошад.
Тамоми раванди ташкил, тартиби гузарондани интихобот ва муайянсозии натиҷаҳои он ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар робитаи зич қарор дорад. Интихобот ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки мазмун ва моҳияти барномаҳои ҳизбҳои сиёсиро, ки барои ҳокимият мубориза мебаранд, муайян созанд. Танҳо интихобот иродаи аксарияти мардумро, ки дар асоси он ҳокимияти демократӣ ташаккул меёбад, дар худ таҷассум менамояд. Низоми интихоботӣ ва ҳуқуқи интихоботӣ пойдевори татбиқ ва ташаккули ҳокимияти халқӣ аст, ки принсипи бунёдии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои асосӣ ва заминагузореро фаро мегирад, ки ба принсипҳои раванди интихобот дар ҳама давраҳои амалишавии он дахл дошта, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад ва дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ татбиқ карда мешаванд. Дар Конститутсия муносибати мутақобилаи демократия ҳамчун шакли сиёсии ҳокимияти халқӣ ва интихобот ҳамчун ниҳоде, ки иштироки мустақими шаҳрвандонро дар идораи корҳои давлат ва ҷамъият таъмин менамояд, ифода ёфтааст. Муқаррароти низоми интихобот, ки ба воситаи ниҳоди давлатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ татбиқ карда мешавад, мансуб ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон дониста шудаанд, манбаи ягонаи ҳокимияти халқ мебошад, ки ҳокимияти худро бевосита ва тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ мекунад. Меъёрҳои конститутсионии ташкил ва фаъолияти ниҳоди раъйпурсӣ ва интихобот олитарин ифодаи ҳокимияти халқ мебошад, ки ба изҳори иродаи шаҳрвандон асос ёфта, иштироки онҳоро дар маъракаи интихобот бо риояи комили ҳуқуқи интихоботии онҳо танзим менамояд.
Ба ин маънӣ, маҳз интихобот шакли олии демократияи бевосита ва таҷассумгари идораи демократии давлат, оинаи татбиқи низоми тартиботи демократӣ ва ифодаи соҳибихтиёрии халқ мебошад, ки яке аз рукнҳои асосии пойдорӣ ва рушди истиқлолияти мамлакат ба шумор меояд.
Н. САЛИМӢ, узви Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон