Воқеан, хушоянд аст, ки дар ноҳияи Дарвоз аз ҷониби масъулин, пеш аз ҳама, мутахассисони соҳибтаҷриба роҳу усулҳои зиёд намудани масоҳати киштзорон ва боғот ҷустуҷӯй карда мешавад, то кишоварзони ин ноҳияи кӯҳистон низ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузошта тавонанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусии ноҳия дар заминҳои солҳои дароз бекорхобида бо гузашти чандин солҳо бори аввал дар майдони қариб 60 гектар гандуми тирамоҳӣ кишт карданд. Ёдовар мешавем, азбаски ин минтақа ба мисли вилояти Хатлон гарм аст, дар ин рӯзҳои моҳи декабр ҳам шудгор ва кишти заминҳо ҷараён дорад.
Мавриди ёдоварист, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят майдони 2318 гектар, аз ҷумла дар ноҳияи Дарвоз 250 гектар замини нав кушода шуд.
Дар ин хусус, раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода бо қаноатмандӣ гуфт, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ва маблағгузориҳои Ҳукумати кишвар, ёрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шарикони рушд заминкушоиҳо ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии киштзорон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Сағирдашт, Нулванд, Қалъаихумб ва Вишхарв ба таври назаррас ба ҷо оварда шуданд. Аз ҳама калонтарин киштзорони навбунёд даштҳои Мурғобӣ, Мазор, Луч, Ёвон, Роғак, Ёгеду Курговад ва дигар тагдаштҳои хурдтар дар шафати шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма мебошанд.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки, мутаассифона, на ҳамаи ин масирҳои бо заҳмати зиёд ва истифодаи техника ва маблағҳо азхудкардашуда чандин солҳо самаранок ва мақсаднок истифода бурда мешуданд. Аз беназоратӣ як қисми ин заминҳо дигарбора ба хорзор ва рӯиши дигар рустанӣ ва гиёҳҳои ёбоӣ табдил ёфта буданд. Тирамоҳи имсола ба чунин бемасъулиятӣ ва камбудиҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз хотима дода шуд. Боронҳои саривақтии тирамоҳӣ, ки сабаби нарм гаштани хоки киштзорон гардид, шароит фароҳам овард, ки дар бештар аз 60 гектар заминҳои бекорхобида гандуми тирамоҳӣ кошта шавад. Тибқи нақша-чорабиниҳо, фасли баҳорон дар як қатор заминҳои даштҳо ва тагдаштҳо низ зироатҳои ғалладонагӣ ва картошкаву сабзавот кошта, домони боғҳо низ васеътар гардонда мешаванд.
Бояд гуфт, ки солҳои пеш аз заминҳои бештар аз 120-гектараи Дашти Ёвони ҳудуди деҳоти Нулванд сокинони деҳот ҳосили баланди зироатҳои ғалладонагӣ, картошкаву сабзавот ва садҳо тонна хошок ба даст меоварданд. Мутаассифона, солҳои гузашта як қисми заминҳо нокишта мемонданд. Сабабаш он аст, ки роҳи ҷониби Дашти Ёвон таъмирталаб аст, нархи сӯзишворӣ ва поруҳои органикӣ низ хеле баланд мебошад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ва дигар ниҳодҳои мададрасон тасмим гирифтанд, ки маблағҳои заруриро ҷудо карда, ин роҳи баландкӯҳиро тахту ҳамвор намоянд ва боз аз сари нав заминҳои ҳосилхези Дашти Ёвон дар Тангнои Дарвоз саросар кишт карда шаванд.
Ҳамзамон, ба гуфти раиси ноҳия, дар Дарвоз чандин деҳкадаҳое, ба мисли Равнов, Удун, Хоб, Рубот, Сафедсанг, Вастан, Амшун, Уғр ва дигар маконҳои замоне аҳолинишин ҳастанд, ки заминҳои ҳосилхез ва боғистонҳо доранд, вале соҳибонашон ин маконҳоро солҳои панҷоҳуми асри гузашта тарк кардаанд. Бовар аст, ки давра ба давра ин ҷойҳо аз нав обод ва заминҳояшон кишт мешаванд, боғҳо бунёд мегарданд. Дар натиҷа, Дарвози камзамин ба минтақаи серзамини вилоят ва кишвар табдил меёбад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор