Эй Худоҷон, эй Худованди карим,
Эй Худо, Парвардигори Кирдугор,
Хурду реза, пиру барноро ҳаме
Дар паноҳи раҳматат осуда дор.
Хонаи кулли ҷаҳон обод кун,
Синаи ғамдидагонро шод кун,
Ҳар дили садпораву овораро
Ҷамъ кун, аз дарду ғам озод кун.
Чашмҳои гушначашмон сер кун,
Дастҳои тангдастон боз кун.
Тангдилҳоро кушоиш кун ато,
Бастадилҳоро кушо банди дарун.
Хонаи торики бефарзандҳо
Аз чароғи рӯи тифлон рӯз бод,
Дар зимистони дили бебахтҳо
Вошукуфта муждаи Навруз бод!
Пирҳоро давлати пирӣ расон,
Наврасонро бахти равшан ёр бод,
Амну осоиш барои ҳар нафар,
Ҷовидонӣ амният подор бод.
Дар само бахшой парвози баланд
Чуҷаи шаҳбози даврони маро.
Ҷумлаи неку бадонро шод кун
В-он замон ҳам бишкан армони маро.
ҶОНИ ҶОН ГУМ КАРДААМ
Ман ҳамон соат, ки модарҷони ҷон гум кардаам,
Во дареғо, лаззати нон аз даҳон гум кардаам.
Лаззати нон буд он, ё лаззати дастони ӯ,
Шираву шириниро ман ногаҳон гум кардаам.
Хомқаймоқе ба мисли хурмаи мо дар куҷост?
Ман нишони хурма бе ному нишон гум кардаам.
Ҳар куҷо дурдонаҳои модарам рахшандаанд,
Риштаи зарринаи ин хонадон гум кардаам.
Хонаам пур аз тараб, ҷонам пур аст аз тобу таб,
Гармии ҷонро ман аз ин ошён гум кардаам.
Оҳ аз он рӯзе, ки ман ҷони ҷаҳон гум кардаам,
Модари ҷон, модари ҷон, ҷони ҷон гум кардаам.
ДАР ДОМАНИ ХОКИ ҲИСОР
Дар домани хоки Ҳисор
Оромгоҳат, модарам,
Оромгоҳи ҷони ман,
Эй бахти рафта аз сарам.
Нахчири захмӣ сар ниҳад
Дар синаи кӯҳи диёр,
Захмӣ шудам, сар мениҳам
Дар домани хоки Ҳисор.
Гулҳои ҳасрат медамад
Дар барфзори дафтарам.
Бишкуфта барфи ҳасратат
Дар сабзазорони сарам.
Дар ҷанги ях дармондааст
Наврӯзии армони ман.
Хуршеди Наврузи дилам
Хобида дар хоки Ватан.
Шаб чун расад, оре расад
Андар пайи шаб субҳдам,
Дар шоми xонам кай дамад
Субҳи нигоҳат, модарам?
Куҳсори кишвар ҳамтанам,
Дарёи кишвар ғамгусор…
Захмӣ шавам, сар мениҳам
Дар домани хоки Ҳисор.
ЧАРОҒИ СӮЗОН
Ҳадя ба момои Иззатбибӣ
Модар, модар, ёди парешон, модар,
Модар, модар, чароғи сӯзон модар.
Афсурдаву хушкидаву дар чашми тарам
Пайваста чу шохаи шукуфон, модар.
Бармоли Қизилқалъа ҳама зарду кабуд,
Зардаш ҳама зардобу кабудаш ҳама дуд.
Рӯзе, ки анори боғҳо пухта расид,
Зардоби дили модари ман рӯ зада буд.
Мегуфт, балои сари ту дар ҷонам,
Н-осудаву саргашта, балогардонам,
Дардам ба дилаш гирифту доғам ба ҷигар,
Зардобу заҳир гашта модарҷонам.
Найзори раҳи хонаи модар ҳама дам,
Фарёди найи хушки найистон ба алам,
Рафтам раҳи найзору бидидам модар,
Қадраш шуда афзуну мадораш ками кам.
Н-осуда зимистону баҳорон модар,
Нодида ҷаҳони нобасомон модар.
Бишкуфта гули умеду гулдонаи ӯ,
Хушкида ба мисли шоҳи райҳон модар.
Кӯҳпораи Товашаҳр мармар ба камар,
Аз ҷилваи товасанги мармар чӣ самар?
Сарчашмаи Товашаҳри модар ширин,
Лабташна нишаста модарам ҷои дигар.
Шаҳкосаи оби шеър аз банди ҷигар
Овардаам аз баҳри давои модар.
Модар, модар, мурғи самандар, модар,
Аз гулхани уммед кушо пар, модар!
Назрӣ ЯЗДОНӢ, Шоири халқии Тоҷикистон