Намоиш дар Ҷумҳурии Арабии Миср
10-уми декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои таърихӣ” ифтитоҳ гардид.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода ва директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода роҷеъ ба муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик суханронӣ намуданд.
Дар намоиш зиёда аз 100 акс аз сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср дар соли 2022, осори нодири таърихӣ, имрӯзи шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар ба маъраз гузошта шудаанд.
Аз ҷониби намояндаи Осорхонаи миллӣ экскурсия ташкил шуд, ки ба ин васила меҳмонон – намояндагони мақомоти давлатӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Миср, расонаҳои хабарӣ доир ба таъриху фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар маълумот гирифтанд.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”