Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё, ки аз 28-уми ноябр то 11-уми декабр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд доир гардид, панҷ медал (як тилло, як нуқра, се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Медали тиллоро Акмал Убайдов сазовор гашт. Ӯ 11-уми декабр дар финали вазни -60 кг бар намояндаи Ҷопон Сота Накаяма бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Убайдов дар роҳ ба финал муқобили муштзанони Қазоқистон ва Украина ғолиб омада буд.
Ин панҷум медали тиллои варзишгарони тоҷик дар Чемпионати бокси Осиё маҳсуб меёбад. Ҷаҳон Қурбонов соли 2005, Анвар Юнусов соли 2011, Мавзуна Чориева соли 2012, Баҳодур Усмонов соли 2019 ба унвони чемпиони Осиё даст ёфтаанд.
Дар Тайланд муштзани дигари тоҷик Парвиз Каримов дар вазни -92 кг медали нуқра гирифт. Ӯ 11-уми декабр дар финал аз Сагиндик Тогамбайи қазоқ шикаст хӯрд.
Медалҳои биринҷиро Шуҳрат Саломатов (-67 кг), Шаҳобҷон Шукуров (-71 кг) ва Аҳмадҷон Саидов (-86 кг) ба даст оварданд.
Чемпионати бокси Осиё бо иштироки 210 варзишгар аз 21 кишвари Осиё миёни мардону бонувон сурат гирифт. Мардон дар 13 вазн, бонувон дар 12 вазн зӯрозмоӣ карданд.
Ба ҷуз аз медал, ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн 8000 доллар, барои ҷойи дуюм 4000 доллар ва барои ҷойи сеюм 2000 доллар тақдим шуд.