Ҷоми Пешвои миллат насиби кӣ шуд?
Дар шаҳри Душанбе марҳалаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир гашт.
Мусобиқа бо мақсади рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш гузаронда шуда, дар он 150 нафар аз ҳамаи минтақаҳои мамлакат ширкат кард.
Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, мусобиқа миёни дӯстдорон дар се синну сол ва варзишгарони касбӣ сурат гирифт.
Дар мусобиқаи дӯстдорони то 14-сола миёни писарон Ардашер Икромов, миёни духтарон Ясминахон Юсупова (ҳар ду аз Суғд), дар синну соли то 30 миёни мардҳо Ислом Ниёзмуродов (ШНТМ), миёни бонувон Сарвиноз Каримова (Душанбе) ва дар синну соли аз 30 боло миёни мардҳо Нозим Махсудшоев (ВМКБ), миёни занҳо Фотима Пирова (Хатлон-1) ғолиб омаданд.
Миёни варзишгарони касбӣ байни мардон Меҳриддин Шарифов, байни бонувон Надежда Антонова пирӯз гаштанд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 200 000 сомониро ташкил медод.