Мусаллам аст, ки дастрасӣ, сифат, судмандӣ ва бехатарии доруворӣ дар нигоҳдорӣ ва таҳкими тандурустии аҳолӣ мавқеи хоса дошта, таъминоти саривақтии аҳолӣ ва муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо бо доруворӣ яке аз самтҳои стратегӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз дар мамлакатамон тамоми дорувории лозимӣ барои табобати бемориҳои дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷудбуда дар шакл ва миқдори зарурӣ вуҷуд дорад, яъне талаботи аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ пурра таъмин шудааст. Лекин, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар амалияи тиббӣ, кам бошад ҳам, баъзе доруҳое вомехӯранд, ки ба меъёрҳои муқарраршудаи сифат, судмандӣ ва бехатарӣ мувофиқ нестанд. Ин аст, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати доруворӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Масъалаи дар сатҳи ба муқаррароти қонунгузорӣ мувофиқ нигоҳ доштани сифати доруворӣ ва молҳои тиббӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарият ва кормандони соҳаи тандурустӣ буда, борҳо байни мутахассисон ва соҳибкорони низоми таъминоти аҳолӣ бо доруворӣ мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Аз ҷумла, 25-уми декабри соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятии фарматсевтони ҷумҳурӣ маҷлиси васеи кормандон ва соҳибкорони соҳаи фарматсия баргузор гардид.
Дар маҷлис иброз шуд, ки барои муқовимат ва пешгирӣ аз истеҳсол, воридот, савдои маҳсулоти фарматсевтиву тиббии ба талаботи стандартҳои сифат номувофиқ, тақвияти рақобати солим дар истеҳсолоти фарматсевтӣ, таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ бо дорувориву молҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии онҳо зарурати ташкил намудани як низоми мутамаркази таъминкунандаи мушаххасгардонӣ, фарогири баҳисобгирӣ ва мониторинги гардиши доруворӣ ва молҳои тиббӣ пеш омадааст.
Бо мақсади таъмини мутобиқати сифат, судмандӣ ва бехатарии доруворӣ ва хизматрасонии фарматсевтӣ ба меъёру стандартҳо, мусоидат намудан ба болоравии сатҳи таъминоти аҳоливу муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва молҳои тиббӣ кормандон ва соҳибкорони фарматсияи Тоҷикистон якчанд пешниҳоди мушаххас намуданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки бамаврид мешуд, агар:
1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” тағйиру иловаҳои танзимкунандаи ташкил, фаъолият, ҳамкории байнисоҳавии низоми иттилоотии мониторинги муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо тариқи баҳисобгирӣ ва рамзгузории электронӣ ворид шаванд.
2. Низоми мутамаркази баҳисобгирӣ ва мониторинги гардиши доруворӣ ва молҳои тиббӣ тавассути мушаххасгардонӣ – бо рамзҳои электронӣ тамғагузорӣ кардани ҳар як воҳиди маҳсулот баҳри ҳимояи аҳолӣ аз маҳсулоти қочоқӣ, қалбакӣ, ба ҳисоб гирифтанашуда ва ба стандартҳо номувофиқ, сари вақт аз муомилот баровардани онҳо ташкил карда шавад.
3. Санади меъёрии ҳуқуқии “Тартиби ташаккули Низоми мутамаркази баҳисобгирӣ ва мониторинги гардиши доруворӣ ва молҳои тиббӣ” таҳия ва қабул шавад.
4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи андоза, ҷойгиронӣ ва фаъолияти муассисаҳои фарматсевтӣ такмил ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” мувофиқ карда шаванд.
Дар маҷлис, инчунин, хотирнишон шуд, ки дар асри XXI дар соҳаи фарматсия мувофиқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ҷои системаи таъминоти сифат системаи идораи сифати доруворӣ ва молҳои тиббӣ истифода мешавад, ки дар баробари тақвияти фаъолияти бозрасӣ (инспекториат) ва лабораторияҳои таҳлилии фарматсевтӣ ташкили мониторинги гардиши маҳсулоти тиббию фарматсевтиро аз истеҳсол ва воридот то истеъмолкунанда дар бар мегирад.
Дар охир зикр мекунем, ки яке аз сабабҳои дигари то имрӯз дар низоми таъминоти аҳолӣ бо доруворӣ ва хизматрасонии фарматсевтӣ мавҷуд будани баъзе номувофиқатӣ ва номутобиқатиҳо ба меъёрҳо ва қонунгузорӣ – ин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври бояду шояд пурра иҷро нашудани муқаррароти Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 7 он, мебошад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки солҳои тулонӣ дар сатҳи вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар мақомоту муассисаҳои тандурустии давлатӣ ягон нафар мутахассиси таҳсилоти фарматсевтидошта, ки барои ташкили таъминот бо доруворӣ ва молҳои тиббӣ масъул аст, кор намекунад.
Табиист, ҷое, ки мутахассиси масъули босалоҳияту ваколатдор нест, он ҷо кор натиҷаи қаноатмандкунанда дода наметавонад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, бо мақсади ноил шудан ба иҷрои дурусти уҳдадориҳои касбию вазифавӣ, ба ҳамаи масъулон, мутахассисону соҳибкорони ба воридоту истеҳсол ва таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ машғулбуда бори дигар муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват мекунем, ки дар ҳаллу фасли мушкиливу камбудиҳои дар низоми таъминотии соҳаи тандурустӣ ҷойдошта дастаҷамъона, бо кӯшиши дучанд ва садоқати аслӣ ба касбу кор иштирок намоем, то сазовори бовари қисмати осебпазири аҳолӣ – мардуми ранҷуру бемор, бошем.
Латиф МИНГБОЕВ,
раиси Ҷамъияти илмии
фарматсияи Тоҷикистон