Аз рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») ва гурӯҳе аз ҳамкорони собиқам хотираҳои дилнишине дорам. Соли 1973 буд. Баъди хатми мактаби миёна, ният доштам ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ДМТ) дохил шавам, вале ҳуҷҷатҳои маро, бо сабаби забони хориҷӣ нахонданам, қабул накарданд.
Ба назди бародарам Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, ба идори рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» омадам. Дар ҳамон ҷо устод Иброҳим Усмонов боис гардид, ки ман ба орзуи рӯзноманигор шуданам, ки аз давраи худро ба ёд доштан дар дил мепарвардам, бирасам. Бо ёрии ӯ кормандони комиссияи қабул ҳуҷҷатҳоямро гирифтанд.
«Тоҷикистони советӣ» органи Кумитаи Марказии Партияи Коммунистӣ, Совети Вазирони РСС Тоҷикистон ва Президиуми Совети Олии Тоҷикистон буд. Воқеан, имрӯз ҳам муассиси «Ҷумҳурият» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд ва газетаи рақами 1-и кишвар аст.
Бо вуҷуди хеле ҷиддӣ будани мавқеи рӯзнома, дар он одамони одӣ, шӯху зариф ва хоксору самимӣ кор мекарданд. Дар байни ходимон аз ҳама маъруф онҳое шумурда мешуданд, ки узви Иттифоқи нависандагон буданд ва ба ғайри кори рӯзнома асарҳои бадеӣ менавиштанд.
Пас аз хатми Донишгоҳ, дар газетаи ноҳияи Восеъ «Мубориз» кор мекардам. Баъди таъсиси ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» маро бо тавсияи Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки муовини сармуҳаррири ҳафтанома буд, мухбири махсуси он дар вилояти вақти Кӯлоб таъин каданд. Соли 1986 Мазҳабшо Муҳаббатшоев сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ» таъин гашт ва бо даъвати ӯ ба ин рӯзнома пайвастам.
Дар РСС Тоҷикистон нашрияҳои шахсӣ набуданд. Рӯзномаҳои ҳукуматӣ - «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Совет Тожикистони», «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон», «Комсомолец Таджикистана», «Газетаи муаллимон», «Адабиёт ва санъат» нашр мешуданд. Он вақтҳо одамон пайваста рӯзнома мехонданд. Ҳар субҳ дар Душанбе зиндагӣ аз пеши дукони рӯзномафурӯшӣ оғоз мешуд. Одамон ҳангоми ба кор рафтан ва донишҷӯён пеш аз дарс ҳатман рӯзнома мехариданд. Ба деҳот ҳам тавассути почта ҳар рӯз шумораи ҳамонрӯзаи газетаҳо, ҳатто рӯзномаҳои Москва – «Правда», «Известия», «Труд» ва ғайраҳо мерасиданд. Тавре гуфтем, «Тоҷикистони советӣ» рӯзномаи №1 ва хеле баобрӯ буд. Мардум ба гапи газета бовар мекард, чунки он гапи ҳақро менавишт. Махсусан, мақолаҳои танқидӣ хонандагони зиёд доштанд. Мақолаи танқидии «Тоҷикистони советӣ» таҳти назорати Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии РСС Тоҷикистон буд, дар бюро ва ҷаласаҳои Кумитаи Марказӣ баррасӣ мешуданд.
Рӯзнома хабарнигорро тарбия мекард, то ки эҳтироми одамро, қатъи назар аз он ки ӯ кисту чикора, аз ҳама боло гузорад. Ва дар давоми кор ягон касро беҳудаву бесабаб ё аз рӯйи ғаразе зери танқид нагирад. Аз ҳамон вақт дар ман ҳатмӣ шудааст, ки дар як шабонарӯз бояд камаш чор соат бо қаламу коғаз нишинам, зеро як рӯз танбалӣ намоӣ, рӯзи дигар нохуш мешавӣ…
Идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» аз аввали ташкил ёфтанаш то имрӯз ҷойи ташаккули чеҳраҳои муваффақи адабиёти тоҷик буд. Аз Садриддин Айниву Мирзо Турсунзода сар карда, то Фазлиддин Муҳаммадиеву Мутеулло Наҷмиддинов дар даҳлезҳои он қадам задаанд, худ маҳорати эҷодӣ омӯхтаанду қалами шогирдонашонро рост намудаанд. Ман аниқ медонам, ки адибони маъруфи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Нур Табаров, Салимшо Ҳалимшо, Раҷаб Мардон, Абдулҳамид Самад, Кароматулло Мирзо, Одина Мирак, Ҳилолиён Аскар, Зиё Абдулло, Доро Наҷот, Имомназар Холназар, Мирзо Шукурзода, Абдуқодири Раҳим, олимони маъруфи соҳаи журналистика ва филология Асадулло Саъдулло, Муҳаммадулло Табарӣ ва дигарон дар мактаби адабии «Тоҷикистони советӣ» тарбия ва камол ёфтанд, пеш аз ҳикояву қиссаву роман бо лавҳаву фелетону очерк саҳифаҳои рӯзномаро оро дода, хонданбоб ва худи рӯзномаро пуртаъсир намудаанд. «Тоҷикистони советӣ» маводҳое чоп мекард, ки он шумораро мекофтанд, то ки хонанд.
Ба ғайр аз адибон, дар «Тоҷикистони советӣ», инчунин, ашхосе заҳмат кашидаанд, ки ба журналистика содиқ монданд. Дар ин қатор ман Ғоиб Қаландаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Аловуддин Давлатов, Мамадвафо Мамадризоев, Мирзоҳаёт Давлатов, Мавлон Узоқов, Турдиалӣ Бойбобоев, Нурмат Рӯзиматов, Инъом Мӯсо, Карим Мамадов, Мақсуд Ҳусейн, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Усмон Раҳим, Абдулҳамид Воҳидов, Абдулҳаким Шукуров, Исо Раҳим, Мусо Мавлавӣ, Усмони Солеҳ, Ашӯр Ашӯров, Аваз Юлдошев, Мирзомаҳмуд Мирбобозода, Ғуломҳайдар Муродалиев, Мухтор Мирзоев, Нарзулло Латиф, Азиз Сангин, Шамсиддин Насриддинов, Саидқосим Ҷалолов, Камол Қурбонийон (Абдураҳимов), Талъат Нигорӣ, Хайринисо Расулӣ, Самандар Искандар (касеро фаромӯш карда бошам, маъзарат мепурсам!)-ро хуб мешинохтам. Боиси ифтихор аст, ки дар даҳлези рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар суратлавҳае як қисми кормандони вақти рӯзнома гиромӣ дошта шудаанд.
Дар олами муосир, ки телевизиону интернет дар як лаҳза қодиранд хабарро ба самъи миллионҳо расонанд, “Ҷумҳурият” бо жанрҳои гуногун, ташкили саҳифаҳои адабӣ, гузоришҳои таҳлилӣ андешаи хоси рӯзномаро вобаста ба масъалаҳои муҳим иброз медорад. Рӯзнома ба ғайр аз навид расондан, ҳамчунин, рисолати тарғибу ташвиқи меҳандӯстӣ, ободкориву созандагӣ, адолатхоҳӣ дорад. Аз ин рӯ, ман «Ҷумҳурият»-ро хеле дӯст медорам, ҳама вақт ва ҳозир ҳам он даргоҳест барои ман муқаддас. Вақте аз роҳрави он мегузарам, қадаммониям оҳиста мешавад, ба андеша меравам, ҷавонии пур аз орзуву ҳавасҳоям пеши назар меояд.
Ман худро ҳама вақт як узви рӯзномаи «Ҷумҳурият» мешумурдам ва мешуморам ва ҳама кормандони онро одамони хеле қарину ба дил наздики худ медонам. Бале, аниқ ҳамин тавр аст! Меҳри ин рӯзнома дар дили ман, якҷоя бо ман, сол ба сол бузург шудааст ва дигар имкони аз дил бурун кардани он мавҷуд нест.
Нозир ЁДГОРӢ,
нависада