Шуд Паёмаш муҳтавои маънавии Пешво,
Аз вуҷудаш, аз самими қалб меомад нидо.
Гуфт, гарчи сол бас вазнину ноором буд,
Рушд карда иқтисод, аҳли Ватан хушком шуд.
Буд дар дунё низоу баҳсу наҳсу ҷанги сард,
Аҳли қудратҳои ҷангӣ беамон андар набард.
Лек мо сулҳу салоҳ андар сиёсат доштем,
Баҳри оромии дунё базри ваҳдат коштем.
Гуфт оромии дунё ҳаст дар кишвар муҳим,
То ки аҳли мулк дар ин сарзамин бошад муқим.
Рушди Меҳан бештар аз рушди соҳибкорӣ аст,
Қадри мардум низ беҳ дар ваҳдату ҳамёрӣ аст.
Сатҳи омори таваррум ҳаст ҳақҳо муътадил,
Дар ҳуқуқу ҳақ ба кишвар ҳар як инсон мустақил.
Ҳар ҳадаф исбот шуд ҳам дар сухан, ҳам дар амал,
Дар тавозун қурби асъор аз тиҷорат шуд бадал.
Гуфт бошад бештар пардохт бояд ғайри нақд,
Рушд ёбему дар истеҳсолҳо бандем ақд.
Ғадру ифроту фасод аз ин миён бояд зудуд,
Назму тартибу низоми корҳо хоҳад фузуд.
Хуб бояд гардад авҷи иқтисодоти рақам,
То ки дар буҷа нагардад беш ҳар нуқсону кам.
Ҳифзи амни иттилоъ афзуд бояд аз хатар,
Техналожиро бубояд нағз донад ҳар нафар.
Дорад андар худ замина илму дониш, маърифат,
Ҳамли дахлу харҷро ҳар нақд мебахшад сифат.
Сарвати сармояи инсон, ки бошад бас зарур,
Зеҳни сунъӣ корро суръат бубахшад, ҳам вуфур.
Солҳо шуд “рушди иқтисоду инноватсион” 1,
Таъмини шарту шароит, кадрҳо лоиқ ба он.
Манъ кард ӯ санҷиши афзуни соҳибкорро,
Имтиёзу ҷалби сармоя фузун асъорро.
Бар саноат боядо шарту шароит, вазъи беҳ,
То ривоҷу рушд ёбад ин замон ҳар шаҳру деҳ.
Нақш бар ояндаи кишвар зи саҳми ҳар ҷавон,
Неруи зеҳнӣ бувад иршодро ёрирасон.
Буд мулоқоти муҳиме пештар бо аҳли дин,
Ҳурмати танзими ҷашну расму оин шуд яқин.
Баҳри ҳар фарде бувад модар ҳаме ганҷи гарон,
Чунки пайванд аст тору пӯди инсон бо забон.
Гуфт модар монеи фарзанд аз бегонагист,
Чунки донад гумраҳӣ з-ифротию девонагист.
Амни кишвар боядо пеш аз ҳама таъмин шавад,
Ҳар ниҳод аз баҳри осоиш ба ҷон зомин шавад.
Ҳам маоши хуб беҳ дар зиндагӣ, инфоқ ҳам,
Ёрии муҳтоҷу бекасҳо, биафизояд ниам.
Буд муҳим пардохт моро ҳар намуд андозҳо,
То барад маҷмуи пулу мол бар афрозҳо.
Худкифо гардем мо дар барқ соли бисту ҳафт,
Чун расад ин рӯз, гардад сарфа бас ангишту нафт.
Боз ҳам оянда гардад хуб сатҳи нақбу роҳ,
Рушд ёбад самти сайёҳӣ басе аз ҳар нигоҳ.
Кард изҳори сипосе бар шариконрушди хеш,
Ҳамлу нақди байнбигзар бошем андар нақши пеш.
Бар кишоварзон бигардад дар сифат маҳсул беҳ,
Шуд ба гулгашту чаман кишти зироат бас шабеҳ.
Беш хориҷ боз маҳсулот карда содирот,
Пулу асъори фузун аз ғайр шарти воридот.
Бас муҳим ӯ гуфт саҳми илму дониш, маърифат,
То ки бошад ихтироу кашфиёту манфиат.
Аз пайи иҷрои қонун оиди кӯдак шавем,
То ба ифротӣ наомезанд, дар кӯмак шавем.
Ҷаҳд бояд кард, то кӯдак биёбад тарбия,
Озмуну имтиҳон афзуд аз ҳар зовия.
Ҳал шавад қонуни миллӣ дар Ватан аз ҳар ҷиҳат,
Баҳри иршоди маориф кард бояд маслиҳат.
Чанд ёрӣ боядо бар мактабу омӯзгор,
Дарси мазмун, дарси маънӣ з-ӯст андар рӯзгор.
Ҳифзи мероси тамаддун, расму оин, анъана,
Гул кунад дар ҷашнҳои миллии мо тантана.
Насли фарҳангии мо, дунёи истеъдоди мо,
Оварад гулчини он мерос аз аҷдоди мо.
Арҷ бигзорем бар нобиғаҳои халқи худ,
Эътирофи Созмон бингар, ҳама арзанда шуд.
Гашт Наврӯзии мо иди ҷаҳонӣ, беназир,
Ҷашни Эъломия мебояд зи Куруши Кабир.
Самти тиб ислоҳу тасҳеҳ он қадар бояд шавад,
Илми Сино фахри насли нав бимонад то абад.
Илми тиб таъмин ҳамебояд ба таҷҳизоти нав,
Рушди он худ ҳаст тадқиқоту таҳқиқоти нав.
Ҷои кору шуғлу меҳнат самти дар аввал муҳим,
То ки ёбад ризқи худ кас доимӣ афзал муқим.
Боядо танзим андар меҳнати ҳиҷрат кунем,
Ҷои корӣ карда дар дохил, ҳама даъват кунем.
Низ бояд ҳар ҷавон донад ҳаме чандин забон,
Кор дар ҳамкорӣ ояд беш дар сатҳи ҷаҳон.
Баҳри меҳнат боядат омӯхт хуб ирфони касб,
То тавонӣ илму дониш бо амал худ соз насб.
Аз хурофоту зи ифротӣ амон ҳар як ҷавон,
Чун аз он сайёра ноором гашта ин замон.
Диққати махсус бояд дод бар тамрину ҳарб,
То кунем омода бар ҳифзи Ватан таҷдиди касб.
Варзиш иршод аст андар самтҳои бас муҳим,
Буд дар ин сарзамин пӯлодбозуҳо муқим.
Чунки дар пеш интихоботи вакилон моҳи март,
Бигзарад дар амният ин маърака ҳатмию шарт.
Хавфи терроризм акнун сатҳи дунёӣ гирифт,
Гашта аз ин аҳли сайёра парешон, дар шигифт.
Мо, ки дорем андар ин ҷода мақоми устувор,
Чора андешем бар амн, аз хатар андар канор.
Худ хатар дорад басе тағйири иқлим дар ҷаҳон,
Бас муҳим афтод ҳифзи пирях дар ин замон.
Бас ташаббусҳо, ки мо дорем дар мавзуи об,
Нақшаҳо дорем дар оянда аз баҳри савоб.
Шуд ҳадаф дар минтақа дар пешрафти муштарак,
Чунки мо бо ҳам фақат будем ҳамнону намак.
"Иқтисоди сабз"-ро иқдом рушду робита,
Ҳифзи назми ин табиат ҳаст моро восита.
Ҳаст ҳифзи ҳаққи атбои муҳоҷир ин шараф,
Ин бувад самти сиёсӣ, бас муҳим аз ҳар тараф.
Бо ҷаҳон дорем ҳамкорию дарҳои кушод,
Аҳли дунё з-ин табодулҳо басе гардида шод.
Халқро ин суҳбаташ омад ба як набзу маром,
Пандҳо мегуфт ӯ бар мардумаш некӯ мудом.
Муҳтавои ин Паём амдан агар бар кас расид,
Боядо андарзҳо дарёфт з-ин ганҷи муфид.
Кард аҳли кишвар аз ин азм мусбат вокуниш,
Қалбҳо мекард аз ихлос ҳар як дам тапиш.
Суфт сад гавҳар Ниҳонӣ аз Паёми Пешво,
Ҳар якеро ҳаст иҷрояш басе ҳатмӣ ба мо.
НИҲОНӢ