Ҷаҳон дар пеши назари мо тағйир ёфта, технологияҳои рақамӣ тадриҷан ба ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра табдил меёбанд, ки асоси онро гузариш ба иқтисоди рақамӣ ташкил медиҳад. Рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ташаккули Ҳукумати электронӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ доимо зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Чуноне ки дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои муаззами миллат баён намуданд: «Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад».
Тавре Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, сардори сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ зикр намуд, дар мамлакатамон дар самти рақамигардонӣ Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Бояд гуфт, ки иқтисоди рақамӣ ин рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои муосири рақамӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, таҷҳизот, нигоҳ доштан, фурӯш ва дастрас намудани молу хизматрасониҳо мусоидат мекунад. Амалисозии иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, даромади буҷет, шаффофият, содагардонии расмиёт ва, дар маҷмуъ, сатҳи зиндагии аҳолии кишвар беҳтар гардад.
Умуман, дар шароити муосири рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ иқтисоди рақамӣ ҷойгоҳи хосе дорад. Рушди иқтисоди рақамӣ аз тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бахусус савдо, молия, таҳсилот, тиб, фарҳанг, экология, кишоварзӣ ва комплекси агросаноатӣ вобастагӣ дошта, рақобатро дар ҳама самтҳо васеътар менамояд.
Бахтовар Махмадуллозода сардори раёсати рушди иқтисоди рақамии Вазорати рушди иқтисод иброз медорад, ки иқтисоди рақамӣ соҳаҳои зиёдеро дар бар мегирад, аммо баъзе бахшҳо, аз қабили технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, хизматрасониҳои молиявӣ (Fintech), тиҷорати электронӣ, тиб (eHealth), маориф (EdTech), нақлиёт, саноат, кишоварзӣ (AgTech) ва идораи давлатӣ (GovTech) ба туфайли хусусиятҳо ва қобилияти мутобиқшавии технологӣ аз ҳама бештар фоида ба даст меоранд.
Бино ба андешаи коршиносон, ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рушди рақобатнокии байналмилалии кишвар аст. Рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави пешрафти иқтисод, ҷалби сармояи хориҷӣ, вусъати тиҷорат ва хизматрасониҳои электронӣ бо дигар кишварҳо имконият фароҳам оварда, ба рушди истеҳсолот, таҳкими тамоюли содирот, қонеъгардонии талаботи дохилӣ такон мебахшад.
Тавре Баҳром Шарифзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, мегӯяд, масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон хеле мубрам мебошад. Дар гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз омилҳои асосӣ ин омодасозӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтахуссус дониста мешавад.
Мусаллам аст, ки рақамикунонии иқтисодиёт, пеш аз ҳама, ба ташаккули захираҳои инсонӣ вобастагии калон дорад ва Ҳукумати кишвар пайваста ҷиҳати сайқал додани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешад.
Ба гуфтаи Бахтовар Қосимзода, сармутахассиси раёсати рушди иқтисоди рақамии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 маркази омӯзишии ТИК мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 3000 хизматчии давлатии амалкунанда аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд. Новобаста аз ин, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола курсҳои соҳавӣ дар мавзуъҳои марбут ба «Иқтисоди рақамӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Ҳукумати электронӣ», «Инноватсия» ва «Савдои электронӣ» баргузор карда мешаванд. Дар доираи ёддошти тафоҳуми баимзорасида бо Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати айрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон аз 42 вазорату идора барои иштирок дар курсҳои омӯзишии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ 100 нафар номзад интихоб шуда, аз 13-уми майи соли рафта дар 6 муассисаи омӯзишии Ҷумҳурии Қазоқистон тариқи маҷозӣ таҳсил карда истодаанд. Курсҳои омӯзишӣ зиёда аз шаш моҳ идома ёфта баъд аз хатми бомуваффақи онҳо ба иштирокчиён сертификати хатм дода мешавад.
Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти рақамикунонӣ, дар ҳақиқат ҳам, як қатор корҳои назаррас анҷом ёфта истодаанд, ки бозгӯи ғамхориҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар буда, мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаёти шаҳрвандон бо истифода аз технологияҳои муосир ва рақабатпазир будани иқтисодиёти кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»