Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад, барои оғози як марҳалаи муҳими ҳаёти мардум ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар замина ва пояҳои маҳкам гузошт. Дар навбати аввал, эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия гувоҳ бар он аст, ки Тоҷикистон дар марҳалаи нави тараққиёт ва пешрафти худ қарор дошта, заминаҳоро баҳри тақвияти низоми ҳукумати электронӣ мустаҳкам менамояд.
Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон, дар навбати аввал, бо мақсади ҳарчи бештар рушд бахшидан ба фарҳанги миллӣ, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд. Ба маротиб афзудани ҳаҷми маблағгузории соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба таври воқеӣ имкон фароҳам овард, ки дар амри эҳёи мероси маънавии гузаштагон, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, ҷаҳонишавии ҷашну маросимҳои аҷдодӣ ва амсоли ин тадбирҳои амалӣ андешида шавад. Ба таъкиди Пешвои миллат, “Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024 ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод”.
Дар баробари ин, афзудани музди моҳонаи кормандони соҳаи фарҳанг низ омил бар он гардид, ки аҳли ҳунар бо баҳрамандӣ аз ин меҳрубониву ғамхориҳои Пешвои миллат бо дасту дили гарм ба эҷоди осори фарҳангӣ иқдом намуда, дар ин ҷода ба тарғиби мероси бузурги ниёгони хеш, истеъдоди нодири худ ва аз ин роҳ ба муаррифии симои фарҳанги миллӣ муваффақ шаванд.
Дар баробари афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ масъалаи бунёди иншооти соҳа низ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар раванди тоза касб намуда, бар ин асос фарҳанги миллӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат зимни таҳлили ин мавзуъ таъкид доштанд, ки “Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.Танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду навсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд”.
Дар аксари шаҳру навоҳии кишвар қасрҳои фарҳанг бо тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, истеъдодҳои нодир кашф ва барои кор дар ин боргоҳҳои санъату ҳунари миллӣ ҷалб шуданд. Бунёди китобхона ва осорхонаи миллӣ, ки ҳар ду ҳам дар минтақа беназиранд, воқеан дар шумори ибтикороти нодири фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, бар пешрафтҳои назарраси соҳаи фарҳанги кишвар таъкид мекунанд.
Бунёдкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамакнун низ ҷараён дорад. Дар ин замина, Пешвои миллат дар Паём таъкид доштанд: “Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакат босуръат идома дорад ва мо ният дорем, ки онҳоро дар рӯзҳои Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем”.
Воқеан, дар баробари китобхона ва осорхонаи миллӣ бунёди Театри миллии тоҷик падидаи нодире хоҳад буд, ки дар минтақа бемисл аст. Анҷоми сохтмони ин боргоҳи ҳунари тоҷик имконият фароҳам хоҳад овард, ки санъати театрии тоҷик боз ҳам бештар рушд намуда, барои эҷоди мактабҳои бузурги театрӣ, ба вуҷуд овардани фазо ва шароити хуби корӣ ва кашфи истеъдодҳои нодири соҳа иқдом шавад.
Дар даврони истиқлоли кишвар тавассути талошу кӯшишҳои Пешвои миллат зиёда аз 100 ёдгории таърихии дорои дараҷаи миллӣ ва байналмилалӣ таҷдиду тармим гардид, ки ин амр пеш аз ҳама ба ташаккули фарҳанги миллии тоҷикӣ мусоидат намуда, яке аз омилҳои муассири истифодаи дурусти имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар мамлакат гардид. Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ низ яке аз тадбирҳои муҳим дар ин арса мебошад, ки барои идомаи корҳои таъмиру навсозии ин мероси бузурги соҳиби дараҷаҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ, тарғибу ташвиқи онҳо саҳми муносиб мегузорад.
Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба рушди соҳаи фарҳанг, ки дар Паём ба таври барҷаста таҷассум ёфт, мо – аҳли фарҳанги кишварро вазифадор мекунад, ки дар амри иҷрои ин дастуру ҳидоятҳои Роҳбари муаззами кишвар бо камоли садоқат талошу кӯшиш намоем. Воқеан, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки “фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад”. Аз ин рӯ, дар назди Вазорати фарҳанг чанд вазифаи муҳим ва иҷрои рисолати бузурге гузошта шуд, ки иҷрои онҳо дар навбати аввал масъулияти баландро тақозо дорад. Аввалан, дар Паём таъкид шуд, ки “бо вуҷуди корҳои амалигардида, ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳалли фавриро тақозо менамояд”. Бо мақсади мавриди амал қарор додани ин дастури ҳидоятгаронаи Пешвои миллат Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи махсуси фаъолият, ки аз Паём сарчашма мегирад, барои давра ба давра ҳаллу фасл намудани ин масъала ва таҷдиду тармими муассисаҳои мазкур кӯшишу талоши худро равона хоҳад кард. Дар ин ҷода ҳамкориҳои судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳие, ки муассисаҳои мазкур дар ҳудуди онҳо қарор доранд, ба роҳ монда шуд. Ин ҳамкорӣ аз он ҷиҳат ҳам самарабахш хоҳад буд, ки Пешвои миллат ба раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар барои бунёди як мактаби мусиқӣ дар минтақаҳо дастур доданд ва раванди иҷрои он метавонад дар кашфи истеъдодҳо ва рушди ҳунари онҳо муассир бошад. Худи иштироки 21 ҳазору 500 нафар дар давоми шаш сол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва ғолибияти наздики 500 нафари онҳо далели он аст, ки воқеан, ба таъбири Сарвари давлат “Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост”. Таъкиди бамавриди Пешвои миллат дар ин хусус, вазифа ва рисолати касбии моро муқаррар мекунад, то дар анҷоми онҳо софдилона камари ҳиммат бубандем.
Изҳори қаноатмандии Пешвои миллат аз ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО дар самти гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ бори дигар гувоҳ бар он аст, ки фарҳанги миллии тоҷикон тавассути ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ тарғиб ва муаррифӣ мешавад. Пешвои миллат бевосита аз таҷлили 815-солагии нобиғаи бузурги тоҷикон - Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо ташаббуси Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки воқеан, дар сатҳи баланд ва бо истиқболи шоёни ҷомеаи башарӣ ҷараён гирифт. Баргузор шудани намоиши нусхаҳои хаттии осори Мавлоно, суханронии аҳли илму ҳунарнамоии аҳли фарҳанги тоҷик бори дигар собит намуд, ки тоҷикон меросбарони ин алломаи бузург ҳастанд ва вуҷуди ин шахсияти беназир миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ дар сатҳи баланд муаррифӣ мекунад. Дар баробари ин, дар соли 2024 ҷашни Меҳргон низ ба Феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин ҳам як ташаббуси ҷаҳонии бузурги Сарвари давлат дар тарғиби фарҳанги миллии мо дар саросари олам ва эътирофи он мебошад. Дар канори ин, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг вазифадор шуданд, ки “маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд”. Ин ҳам як ташаббуси дигари ҷаҳонии Пешвои миллат дар муаррифии унсурҳои фарҳанги миллии мост, зеро ҳуҷҷати мазкур сарчашмаи ҳуқуқи инсон дар саросари олам буда, метавонад барои мо–меросбаронаш дар баробари ифтихорофаринӣ омӯзандаву созанда бошад.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи худ дар ин замина аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои дар кӯтоҳтарин фурсат таҳия намудани асноди зарурӣ икдом хоҳад кард. Истиқболи ин пешниҳод низ дар шароити ҷаҳонишавӣ имконият медиҳад, ки боз як мероси бузурги маънавии аҷдоди мо ба ҷаҳониён муаррифӣ шуда, таърихи пурғановати гузаштаи миллатамонро ба аҳли башар шарҳу тафсир намояд.
Дар умум, Паёми Пешвои миллат бо фарогирии бисёрҷабҳаи соҳаи фарҳанг, заминаву омилҳои рушд ва дурнамои фаъолияти он барои мо– кормандони соҳа барномаи бузурги оянданигар ба шумор меравад. Маҷмуи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат моро вазифадор месозанд, ки дар амри татбиқи ҳар яке аз онҳо ҳамдилона ва муттаҳидона иқдом намоем, то воқеан, фарҳанги миллии мо боз ҳам рушд карда, дар арсаи ҷаҳонӣ бештару пештар муаррифӣ шавад.
Сатториён Матлуба АМОНЗОДА,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон