Далели саодат ва рақами шарофат бар мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ки ин навбат ҳам Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки ба унвони 26-умин ҳидоятномаи фардоафрӯз манзур гардид, бо фарогирии ҳамаҷониба ва бисёрпаҳлуи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сароғоз Президенти мамлакат бо руҷуе ба вазъи ноороми ҷаҳони муосир ва мусаллаҳшавии бошитоб, “канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва омилҳои берунӣ” таъкид доштанд: “Кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст”.
Чунин шароити ногувори сиёсиву иқтисодӣ ба таъкиди Пешвои миллат “моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем”.
Таҳлилҳои амиқ ва дақиқи вазъи иқтисодиёти миллӣ, татбиқи раванди саноатикунонии мамлакат, барномаҳои бузурги созандагӣ гувоҳ бар он ҳастанд, ки Тоҷикистон дар ин росто ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст. Далели равшани ин афзудани даромаднокии пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум мебошад. Ба монанди ин, рақамҳои зиёде дар ҳар самт дар Паём оварда шуданд, ки ҳамагӣ ба пешрафтҳои назаррас, созандагиҳои натиҷабахш, расидан ба ҳадафи бузурги миллӣ – таъмини зиндагии шоистаи мардум ишорат мекунанд.
Аз таҳлилҳои анҷомёфта маълум гардид, ки воқеан татбиқи марҳалаҳои аввалини рақамикунонии иқтисодиёт, гузариш ба ҳукумати электронӣ, афзудани пардохтҳои нақдӣ барои рушди бемайлони низоми соҳаҳои гуногун ва даромади буҷету даромаднокии аҳолӣ таъсири матлуб гузоштааст. Танҳо дар давоми панҷ сол чаҳор маротиба зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат гувоҳи ин амр мебошад. Ба ин хотир, Пешвои миллат изҳор доштанд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”. Мардуми шарафманди Тоҷикистон бовар доранд, ки суръат гирифтани рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия дар кишвар метавонад ин раванди пешрафти босуръати тамоми хоҷагиҳои халқи кишварро боз ҳам тақвият бахшад.
Таҳлили амиқи соҳаи илм ва маорифи кишвар дар Паём бори дигар ин ҳақиқатро шарҳу тафсир намуд, ки воқеан низоми маориф дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат нақши меҳварӣ дорад. Тавре таъкид шуд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Бар пояи таваҷҷуҳи амиқ ба соҳа ва таҳлилу баррасиҳои қиёсӣ ва оморӣ дар ҷодаи рушди рӯзафзуни соҳа, бамаротиб афзудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишкадаву донишгоҳҳо дар кишвар, аз зинаи аввалин – таҳсилоти тоибтидоӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва ниёзҳои ҷомеаи муосир эътибори махсус зоҳир гардад. Бо ҳисси баланди дилсӯзӣ нисбат ба имрӯзу фардои кишвар ва сарнавишти мардум Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “...сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад”.
Ин ҳидоятномаҳои фардосоз, ки дар заминаи таҳлили соҳаи маориф баён гардиданд, мо, кормандони соҳа, олимону зиёиён ва устодону омӯзгоронро муваззаф мегардонанд, то дар андешаи боло бурдани сатҳу сифати таълим, татбиқи усулҳои муосири тадрис ва, дар умум, тарбияи мутахассисони варзида дар ҳамаи самтҳо бошем, зеро фардои пешрафтҳои ҳамаҷонибаи кишвар аз мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир сахт марбут аст.
Ҳифзу тарғиби арзишҳои миллӣ ва муаррифии онҳо дар саросари олам аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд, ки бар аҳамият ва муҳимияти ин масъала низ дар Паём таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Дар шароити ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва дастдарозӣ бар ин арзишҳо, авлавияти таърихсозиҳои бебунёд ин тадбирҳои муҳим, бавижа муаррифии падидаҳои фарҳанги миллӣ дар саросари олам аҳамияти муҳим касб мекунад. Пешвои миллат дар иртибот ба ин масъала аз баргузории бузургдошти 815-солагии фарзанди бузурги халқи тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Бахлӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо ташаббуси Тоҷикистон ёдовар шуда, зимнан таъкид доштанд: “Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд”.
Ин иқдом ҳам дар шумори тадбирҳои муҳимест, ки баробари тарғиби арзишҳои миллии мо дар арсаи байналмилалӣ ба омӯзиши мероси пурғановати таърихи куҳани аҷдодӣ таъкид меварзад. Дар канори ин, ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқиқи таърихи як давраи муҳими тоҷикон дар даврони дур ва густураи тамаддуни ориёӣ, мақом ва ҷойгоҳи ниёкони мо дар рушди низоми ҳуқуқи башарӣ шароит фароҳам меоварад.
Масъалаи арҷу эҳтиром нисбат ба модар, ки дар Паём ба ҳукми як консепсияи муҳими ахлоқӣ ва маромномаи тарбияи инсонӣ садо дод, бори дигар шореҳи ин матлаб гардид, ки паёмҳои Пешвои миллат дар баробари фарогирии таҳлилҳои фаъолияти давлатдорӣ ҳукми дастурҳои ҳидоятбор дар самти такмили ахлоқи инсонӣ ва ғанои маънавии мардум хидмат мекунанд. Воқеан, имрӯз эҳсос мешавад, ки асари бархе аз паёмадҳои ҷаҳонишавӣ метавонанд, бар низоми фикриву ахлоқии насли ҳозира таъсир гузоранд ва таъсирҳои номатлуби онро дар рафтору кирдори бархе аз инсонҳо шоҳид гардидаем. Аз ин рӯ, таъкиди бевоситаи ин нукта, ки тамоми инсоният зодаву парвардаи домони модар аст, моро ҳушдор медиҳад, ки дар фикри эҳтиром гузоштан ба падару модар, аҳли хонавода бошем, зеро ҳурмату маҳбубият дар ҷомеа аз ҳамин зинаҳо оғоз мешавад.
Дар умум, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барномаи нави раҳнамои кишвар ва мардуми мо ба сӯи ормонҳои олии сиёсиву иқтисодӣ ва инсонист, ки агарчи барои соли 2025 ироа гардид, вале дурнамои пешрафтҳои бисёрсолаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро фаро мегирад.
Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филология, профессор