Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат ба масъалаи мактабу маориф таваҷҷуҳи зиёд дода, рушди сармояи инсониро омили инкишофдиҳандаи давлат унвон карданд. Мисоли равшани ин Сингапур аст, ки бо такя ба сармояи зеҳнӣ дар зарфи 15 сол (1972-1987) аз мамлакати қафомонда ба кишвари пешрафта табдил ёфт. Онҳо, пеш аз ҳама, технологияи ҳозиразамонро аз худ карда, молҳои арзони электронии ниёзи мардумро истеҳсол намуданд ва ҳоло Сингапур аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ яке аз кишварҳои пешрафтаву неруманди дунёст.
ЧАРО АЗ ТАҶРИБАҲОИ ПЕШРАФТА КОР НАГИРЕМ?
Исбот шуда, дар замони муосир рушди илму технология, махсусан илмҳои дақиқ, пешрафти давлатро таъмин менамояд. Яъне, такя ба ин самти муҳими илм ҷомеаро пешрафта мегардонад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар ҳанӯз ҳам талабот ба ин бахши илм камтаранд. Наврасону ҷавонон ҳангоми интихоби касб ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва дар аксар маврид он касбҳоеро интихоб намекунанд, ки ҷомеа ба он ниёзи бештар дорад. Масалан, мутахассисони баландихтисоси самти барномасозиву роҳсозӣ ё энергетика.
Ҳарчанд барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари хонандагон ба равияҳои дақиқу табиатшиносӣ корҳои зиёде сомон ёфтанд, кабинетҳои фаннӣ таъсис ёфтанду шумораи ихтироъкорон ҳам кас нест, аммо ҳанӯз ҳам аз суҳбат бо мутахассисони соҳа аён мегардад, ки камбудиҳо дар ин самт ҷой доранд. Дар зинаҳои таҳсилот на ҳамаи лабораторияҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва маводи кимиёвӣ таъминанд, ки ин проблемаи ҷиддист. Дуюм, ин ки замони пеш хонандагон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро аз синфи 8 сар карда дар корхонаҳо мегузаштанд ва ё мунтазам ба корхонаҳо саёҳат ташкил менамуданд. Инҳо омилҳое буданд, ки аз хурдӣ шавқу завқи кӯдаконро ба интихоб дар ин равияҳо бедор месохтанд. Ҳоло низ роҳандозии ин таҷрибаҳо, ки дар кишварҳои пешрафтаи дунё истифода мешаванд, ба манфиати кор аст.
АГАР ХОҲЕМ, КИ ҶОМЕАИ ПЕШРАФТА ДОШТА БОШЕМ…
Ҳоло, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ эълон шуд ва Ҳукумати мамлакат барои тарбияи кадрҳо шароити беҳтаринро муҳайё намуда истодааст, олимон зарур медонанд, тавассути корҳои таблиғотӣ ва роҳандозии таҷрибаҳои боло, ҷомеа аз аҳамияти бештар доштани илмҳои бунёдӣ огоҳ карда шавад. Зеро мутахассисони баландихтисоси ин равияҳо ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам байналмилалии меҳнат низ талабгорони зиёд дошта, метавонанд дар рушди мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Олимон фарзияеро баён медоранд, ки агар дар ҷомеа талаботи техникӣ пайдо шавад, илмро аз даҳҳо донишгоҳ дида тезтар рушд медиҳад. Ҳоло чунин талабот ба вуҷуд омадааст ва дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд ва ба ин нукта ҳам ишора карданд, ки «сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Аз ин рӯ, насли ояндасози кишварро месазад бо истифода аз шароити фароҳамгардида бештар рӯ ба илму истеҳсолот оранд ва дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз бо қувваи зеҳнии худ саҳмгузор бошанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»