Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар радифи дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ҳамзамон, ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад.
Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон дидан кардаанд, нисбат ба солҳои пеш тадриҷан зиёд шудааст. Дар робита ба ин масъала, дар Паём қайд гардид: «Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст. Вале нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест». Ан ин рӯ, Президенти мамлакат таъкид карданд: «Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад».
Ин ҷо, ба андешаи мо, қабл аз ҳама, зарур аст, ки бо назардошти дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ, илмӣ ва фарҳангии ҳар як шаҳру ноҳия ва сохторҳои он пешқадамони истеҳсолот, ғолибони озмуну фестивалҳо ва олимпиадаҳои илмиву маърифатӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, корхонаву ташкилотҳо ҳамчун сайёҳ ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ҷумҳуриамон фиристода шаванд. Ҳамоҳангсозии ин иқдомро метавонанд нозирони ёдгориҳои таърихиву фарҳангии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба зимма гиранд, зеро тибқи тақозои вазифаашон онҳо имкон доранд, ки дар баробари фиристодани сайёҳони дохилӣ ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷиҳати қабул, роҳбаладӣ ва шинос намудани сайёҳони дигар шаҳру ноҳияҳо ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияи худ тамоми шароитҳоро муҳайё созанд. Чунонки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ёдгориҳои беназири таърихии Ватани худ огоҳии комил надоранд ва бисёр хуб мешуд, ки чунин иқдомҳои нек пайваста тавассути бахшу шуъбаҳо ва идораҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ шаванд.
Ҳамзамон, дар Паём ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои гуногунро дар самти рушди сайёҳӣ зарур дониста, Пешвои муаззами миллат чунин дастур доданд: «Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан бунёди инфрасохтори зарурӣ, тадбирҳои иловагӣ андешад». Ба андешаи мо, дар баробари мавҷуд будани мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, ки ҳамчун объекти тамошо барои сайёҳон хизмат мерасонанд, осорхонаҳо низ ба сифати марказҳои ҳифзу нигоҳдории ашёву нигораҳои нодири таърихӣ ва муаррифгари давраҳои муайяни таърихии ташаккулу таҳаввули ин ё он қавму миллат нақш ва мақоми хоссаро касб кардаанд. Бозёфтҳои бостоншиносии дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавҷудбуда, барои сайёҳон яке аз манбаъҳои асосии гирифтани маълумот оид ба таърихи ҳамон мавзеъ ва ё ёдгории таърихиву фарҳангии он мебошад. Барои ҷалби сайёҳон аз ҳисоби нигораҳои нодири муассисаҳои таълимӣ ва ашёи беназири осорхонаҳои хурди назди корхонаву ташкилотҳо ҳарчи бештар созмон додани осорхонаҳои замонавӣ дар маркази шаҳраку ноҳияҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар даврони истиқлол бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар қаламрави ҷумҳурӣ инфрасохтори нави фарҳангӣ бунёду ба истифода дода шуданд, ки дар радифи иҷрои вазифаҳои оинномавиашон боз дар муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ҳамчун объектҳои муҳими фарҳангӣ хизмат расонда, барои ҷалби сайёҳон мусоидат менамоянд.
Илова бар ин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва ба фаъолият шуруъ кардани осорхона-мамнуъгоҳҳо дар рушди шабакаи осорхонаҳо ва фаъолияти осорхонаҳо падидаи нав маҳсуб меёбад. Аввалин осорхона-мамнуъгоҳ дар Тоҷикистон дар Саразм, наздикии шаҳри Панҷакент соли 2000-ум бунёд гардид. Ҳамзамон, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук», Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб», «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара», Маҷмааи таърихию фарҳангии ҷумҳуриявии «Панҷрӯд», «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» дар солҳои гуногун таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ карданд.
Имрӯз ин муассисаҳо ҳамчун объектҳои боарзиш ва таърихиву фарҳангӣ дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғиби мероси пурғановати фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии халқи тоҷик, ки баъзеи онҳо дар феҳристҳои бонуфузи ҷаҳонӣ сабт шуда, муаррифгари таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд, ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки дар Паёми имсола ва паёмҳои қаблии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ пайваста мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Фирдавс ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои таърих,
дотсенти кафедраи таърих
ва фалсафаи ДБССТ