Духтарҷонам. Имрӯз ман, модарат, модаре, ки туро ба дунё овардаву бо нони ятимӣ ба воя расонда истодааст, бо ду дасти адаб, дар зери тазйиқу зӯрӣ ва фишорҳои зиёди нокасону ноҷавонмардон ва зиндагӣ туро ба ивази чанд пайсае ба як инсонсурату ҳайвонсирате фурӯхтам. Танҳо ҳаминаш тасаллои дилам аст, ки ҳанӯз ту хурд ҳастиву акнун 6-сола ва то 13-солагиат бо ман мемонӣ.
Духтарҷонам, модарро фаришта мегӯянд, вале ман яқин фаришта нестам, зеро, агар фаришта мебудам, оҳи маро, нолаву сӯзи маро Худованде, ки маро халқ намудааст, мешунид ва ман ба чунин ҳол намеафтодам. Агар ман фаришта мебудам, туро болои болҳои ноаёнам гирифта ба сӯйи Худованди бузург мепаридам, то ману туро аз чунин рӯзи наҳс ва сарнавишти талх озод созад.
Духтарҷонам, ман ҳамчун модар ба сӯйи Худовандам рӯи ниёз меоварам ва даст ба дуо бардошта илтиҷо мекунам, ки ин рӯзгори талху сангинро аз сари мо – модарони афғон бардорад. Аз ӯ мепурсидам, ки духтараки ман чи гуноҳе дошт, ки бар пешонияш чунин қалами қисмат задаӣ.
Намедонам, он рӯзҳои сахту сиёҳро чӣ гуна пушти сар месозам ва он рӯзи наҳсе, ки туро аз оғӯши ман мебаранд чӣ сон таҳаммул менамоям. Кош, набошаму он рӯзро набинам.
Духтарҷонам, ин лаҳзаҳо ту бо ҷамолакҳои сарат басо зебо ва як кӯдаки беғаш ҳастӣ. Аз чашмаконат нур меборад. Ман туро мебӯям, мебӯсам, саратро сила мекунам ва дар оғӯши худ мехобонам. Ту ором бихоб, духтарҷонам, ман нигаҳбони туям.
Медонам, ки дар кишвари ҳамсояи мо - Тоҷикистон ва дар кишварҳои дигаре, ки амну осоиш доранд, модарон бе ягон ғаму ғусса ва камбудиву норасоӣ духтарони пурнози худро ба воя мерасонанд. Ба онҳо касбу ҳунар меомӯзанд, барои онҳо рахти арӯсӣ месозанд. Вале, мо - модарони афғон чунин «имтиёз» надорем ва сарнавиштамон пур аз азобу уқубат, сиришки талх ва ғаму андуҳи бекарон аст.
Духтарҷонам, ман даст ба дуо мебардорам ба даргоҳи Худованди бузург, то мардони беномусу ғафлатзадаи моро аз хоби гаронашон бедор созад.
Духтарҷонам, ман даст ба дуо мебардорам ва рӯ сӯйи Парвардигорам месозам ва мегӯям;
Худовандо, кулли модаронро аз чунин ранҷу азобҳо дар амон дор!
Худовандо, фарзандонро бад-ин шакл аз домани модарон ҷудо масоз!
Худовандо, хандаҳои беғаши кӯдаконро дар лабонашон масӯзон!
Худовандо, бар рухсораҳои кӯдакони маъсум ашки талху сӯзон марез!
Худовандо, рухи кӯдакони моро зарду пажмурда масоз!
Худовандо, ба кишвари мо низ амну осоиш ато фармо!
Худовандо, духтарҷони маро ба ман бозгардон!
Духтарҷонам, ин лаҳзаҳо ҷойнамози ман аз ашк тар мешавад. Эй кош, кош фариштаи воқеие мебудам ва бо ӯ ҳарф мезадам.
Эй кош…
Духтарҷонам, ту ором бихоб, ман дар канори туям, дар канорат…
Фатҳиддин БАҲРИДДИНОВ, ноҳияи Айнӣ