Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат таҳлилу баррасӣ гардида, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо муайян карда шуданд. Яке аз масъалаҳои умдае, ки дар меҳвари Паём қарор дошт, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад.
Як нуктаро махсус бояд қайд намуд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар Паёми нахустинашон (27-уми апрели соли 2000-ум) масъалаи тадриҷан баланд бардоштани музди меҳнат ва андозаи нафақаро таъкид карда буданд. Дар он Паём Роҳбари давлат, аз ҷумла махсус қайд намуданд: «Мо кӯшиш мекунем, ки таъминотро бо маошу нафақа тадриҷан ба қадри имкон беҳтар намоем». Яъне, ёдоварии чунин нуктаи Паём бозгӯйи он аст, ки масъалаи баланд бардоштани музди меҳнат ва андозаи нафақа танҳо дар паёмҳои солҳои охири Президенти мамлакат матраҳ нашуда, балки ин масъала сар карда аз Паёми нахустин то инҷониб баррасӣ ва амалӣ мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ низ баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳоро масъалагузорӣ карда, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Ҳамчунин, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.
Дар назар аст, ки ҷиҳати иҷрои супориши зикргардида ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул карда мешаванд.
Ҳамин тавр, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон