Ҳанӯз дар 4-5-солагӣ варақ задани рӯзномаю маҷалла ва муносибати эҳтиромона доштан ба матбуот бароям одат шуда буд, зеро падарам қариб сӣ сол ҳамчун хаткашон фаъолият карда, фарзандонро ба мутолаа талқин менамуданд. Таъсири муҳити хонаводагӣ буд, ки мани ихтисосам агроном ва арабшинос, инчунин бародаронам Абдухолиқу Асҳобиддин рӯзноманигор шудем.
Дар замони шуравӣ дар ҷумҳурӣ ягона рӯзномаи тоҷикие, ки ҳафтае 6 маротиба чоп мешуд, «Тоҷикистони советӣ» буд. Онро барҳақ «рӯзномаи рақами 1» мегуфтанд. Ҳангоми кӯдакӣ аввал ин рӯзномаи маъруфро барои дидани ҷадвали барномаҳои телевизион, маълумоти пахтасупорӣ ва огоҳ шудан аз натиҷаи бозиҳои тими футболи «Помир» мехондам. Баъдан, бо мурури вақт ба очерку ҳикоя, фелетон ва мақолаҳои проблемавии «Тоҷикистони советӣ» таваҷҷуҳам бештар шуд.
Махсусан навиштаҳои К. Мирзоев, М. Наҷмиддинов, Р. Мардон, М. Мирбобозода, Н. Латифов, Ҳ. Ёров, Н. Қаршибоев, М. Мавлавӣ, Қ. Мадалиев, М. Муҳаббатшоев ва дигарон бароям писанд буданд. Ёд дорам, ки мақолаҳои «Хушбахтӣ ва бадбахтиҳои серфарзандӣ» (С. Ҳакимова), «Дар дуроҳа», «Як рукни муқаддасоти миллӣ» ва «Забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дошта бошад»-и устод Лоиқ Шералӣ аз ҷониби хонандагони сершумор ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд.
Пас аз чопи силсилаи мақолаҳо дар бобати ҳифзи забони тоҷикӣ Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 «Қонуни забони ҶШС Тоҷикистон»- ро қабул кард.
Рӯзномаи рақами яки ҷумҳурӣ ибтидои солҳои навадум бо номҳои «Тоҷикистони шуравӣ» ва «Ҷумҳурият» нашр гардида, рисолати ҳақиқатбаёнию ҳифзи манфиатҳои миллиро идома дод.
Нахустин тарҳи «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ маҳз дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст.
Соли 1989 ҳангоми кор дар Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» ба ноҳияи Муъминобод ба сафари хизматӣ рафтам. Он вақт ба ҳайси агроном дар хоҷагии «Аврора» лоиҳаи бунёди боғро таҳия мекардем. Зимни сафар ба деҳаи Лангар гузарам ба мақбараи Шоҳи Хомӯш (ёдгории асри XII) афтод, ки ҳамчун анбор истифода мешуд. Сутунҳои масҷиди қадима хеле устокорона кандакорӣ шуда, деворҳои он бо завқу ҳавсала нақшу нигор ва гаҷкорӣ гардида буданд. Баъди бозгашт ба пойтахт мақолаеро зери унвони «Шоҳи Хомӯш чаро хомӯш аст?» навиштам, ки он дар рӯзномаи рақами як чоп шуд. Пас аз баррасии мақолаи мазкур дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ анборхонаро ба дигар ҷой кӯчонданд ва ёдгории қадима таъмир гардида, масҷидро ҳамчун ибодатгоҳи расмӣ ба ихтиёри мақомоти маҳаллӣ доданд. Чун дубора ба ин деҳа ба сафари хизматӣ рафтам, шодии пирони нурониро ҳадду канор набуд. Ҳар кадом дар ҳаққам дуои хайр мекарданд, ки орзуи чандинсолаашон ҷомаи амал пӯшида, ёдгориҳои таърихии деҳаи Лангар зери ҳифзи давлат қарор гирифтанд.
Ҳамон сол мақолаи дигарам зери унвони «Дигар маъракаҳои миёншикан намешавад» ба чоп расид, ки ба пешгирии исрофкориҳо дар маъракаҳо бахшида шуда буд.
Ҳамин тавр, аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта то ҳол ҳамкориам бо рӯзномаи рақами як қатъ нагардидааст.
Имрӯз низ «Ҷумҳурият» яке аз маҳбубтарин нашрияи сокинони мамлакат буда, муҳтавои ғанӣ ва ҷолибу хонданӣ дорад. Дар саҳифаҳои он дар хусуси масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сокинони мамлакат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъриху забон, таълиму тарбия, фарҳангу варзиш матолиби ҳадафрасу хонданбоб ба табъ мерасанд. Он ягона нашрияест, ки ҳафтае 5 маротиба мунтазам чоп мешавад.
Сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода, ки бо қарори Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон «Сармуҳаррири сол» гардида буд, коллективи аҳлу тифоқро гирд овардааст, ки бо усули «устод - шогирд» фаъолият мекунанд. Яъне, рӯзноманигорони собиқадор ба ҳамкасбони ҷавонашон холисона маслиҳатҳои муфид дода, ба қавле «дасташонро рост мекунанд».
Рӯзномаи «Бедории тоҷик» («Ҷумҳурият»)-ро замоне Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ барҳақ «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номида буд. Як аср мешавад, ки он ба ҳайси оинаи зиндагии ҷумҳурии азизамон ва инъикосгари воқеаву рӯйдодҳои муҳими давру замон хизмат мекунад.
Аз ин рӯ, садсолагии ин нашрияи маҳбуб иди тамоми сокинони мамлакат аст. Онро ба аҳли эҷоди рӯзнома ва ҳамватанонамон муборакбод гуфта, таманнои онро дорем, ки ин оина доимо пурҷило ва беғубор бошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
муҳаррири шуъбаи сохтори давлатӣ,
қонунгузорӣ ва ҳуқуқи рӯзномаи «Садои мардум»