Зиндагӣ ва рӯзгору фаъолияти давлатмардони номвар саҳифаи пурифтихори таърихи ватандорӣ буда, дар хазинаи пурбаҳои кишвари азизамон соҳиби ҷойгоҳи пурарзиш мебошад. Дар ҳамин радиф, номи неку хизматҳои мондагори устод Матлубхон Султонович Давлатов барои мо, шогирдони оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта, ки ҳамакнун гом бар остони илму маърифати миллӣ бинҳода будем, шараф ва ифтихори бузург буд. Ва ҳамин ифтихори ватандорӣ ва шавқ ба илму маърифат мо ташнагони донишро он замон баъди бомуваффақият хатм намудани Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба даргоҳи маърифатпарвари Академияи илмҳои Тоҷикистон овард.
Ростӣ, нуфузу эътибори ин даргоҳи илмӣ, ки шоистаи ҳама гуна арҷгузориҳои инсонӣ буд, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ номбардори миллати тоҷик маҳсуб меёфт. Ана дар ҳамин даргоҳи муқаддас нимаи аввали солҳои ҳаштодум устод Матлубхон Султонович Давлатов мақоми хеле баланди роҳбарӣ – раиси Ҳизби коммунисти Академияи илмҳои Тоҷикистонро, ки ҳамагон узви ихлосманди он буданд, бар дӯш дошт. Албатта, ин мақоми воло ба устод бо назардошти донишу маърифати баланду ахлоқи намунавӣ ва фаъолияти пурсамари ватанхоҳонааш насиб гардида буд. Устод Матлубхон Давлатов, ки дар хонадони Султон Давлатов, шахсияти хеле шинохта ва соҳибэҳтироми кишвар ба дунё омада буд, дар қатори устодони зиндаёди донишманд Камолиддин Бойматов ва Маъруф Раҷабӣ дар тарбияи даҳҳо нафар олимони навҷӯи Академия саҳми беандоза бузург гузоштааст. Меҳри донишандӯзӣ ҳанӯз дар овони ҷавонӣ дар дили Матлубхон Давлатов ҷӯш мезад. Ҳамин буд, ки баробари хатми бомуваффақияти факултети иқтисодии собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо роҳхат ба Институти илмӣ-таҳқиқотии иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омад. Дар ҳамин ҷо бо роҳнамоиҳои устодони сахтгиру серталаб ва, албатта, талошҳои пайгиронааш рисолаи номзадиашро зери роҳбарии доктори илми иқтисод Нуриддин Қаюмов дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии номзади илми иқтисод шуд. Ҳамакнун номи пурифтихораш дар қатори олимони соҳаи иқтисоди кишвар эътибори Академияи илмҳои Тоҷикистон гардид. Соли 1989 фаъолияти пурсамар ва корсозиаш ӯро аз даргоҳи муқаддаси илм барои фаъолият ба аркони Ҳукумати кишвар ба кор овард. Бо вуҷуди сермасъулиятӣ дар аркони Ҳукумат, ҳамкориашро бо Академияи илмҳои кишвар камранг накард, балки ҳамоно дар тарбияи шогирдон саҳми пурарзишашро мегузошт. Баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар ба сифати муовини раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсат гузашт. Дар як муддати кӯтоҳ, аниқтараш баъди ду соли фаъолият, раиси Кумитаи амволи давлатӣ таъин шуду масъулияти бузурги роҳбарии яке аз идораҳои калидии Ҳукуматро бар дӯш гирифт. Дар ин мақоми пурмасъул то соли 2001 фаъолият намуда, саҳми арзандаи хешро дар эъмори рушди иқтисодии кишвар гузошт. Фаъолияти минбаъдааш низ то соли 2006 ба сифати раиси Кумитаи назорати молиявӣ давоми мантиқии собиқаи пешин буд, ки Матлубхон Султонович аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои бар дӯшаш гузошташуда сарбаландона баромад. Қадрдонӣ аз хизматҳои садоқатмандонааш буд, ки соли 2006 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ таъин гардида, то соли 2010 фаъолият намуд. Дар ҳамин мақоми шоистаи давлатӣ саҳми хеле ва хеле назаррасашро ҳамчун олими соҳаи иқтисодиёт дар ислоҳоти иқтисодии кишвар гузошта, даҳҳо барномаҳои ислоҳоти иқтисодии кишварро таҳия ва пешниҳод намудааст. Баъд аз ин, моҳи марти соли 2010 ба сифати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад. Дар ин даргоҳи пурэътибори кишвар то моҳи январи соли 2012 фаъолият карда, аз моҳи январи соли 2012 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Хуллас, дар ҳар мақоми баланди пурмасъуле, ки ӯ фаъолият намудааст, саҳми арзандаашро дар рушди иқтисодиёти кишвар гузошта, бо фаъолияти пурсамараш эътибори иқтисодии кишварро баланд бардоштааст. Эътибор ва эҳтироми баланди корсозиаш миёни кормандони Ҳукумат соҳибэътибор буда, шогирдони зиёдеро дар роҳи хидмат ба халқу Ватан тарбия кардааст. Номи неку пурифтихораш дар равоқи эътибори давлат ва Ҳукумати кишвар бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардида, дар дилу дидаи ҳамкорону шогирдон ҷойгоҳи пуразиши хешро доштаву дорад.
Ҳолдонҳо бар он назаранд, ки саҳми Матлубхон Султонович дар таҳия ва мукаммалсозии заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба роҳ мондани фаъолияти хусусигардонӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни моликият дар кишвар хеле назаррас мебошад. Ба ибораи дигар, садоқат ба халқу Ватани азиз пешаи ирсӣ ва аҷдодии ин шахсияти соҳибарҷу эҳтироми кишвар буда, хидматҳояш аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 ва даҳҳо эътиборномаҳои кишварҳои ҳамҷавор сарфароз гардидааст. Ва дар қалби ҳазорон ҳамнишинон, ҳамкору ҳампешагону ҳамкешон соҳиби ҷойгоҳи пурэътибор будаву ҳаст. Аҳли қаламу китоб ва фарҳанги кишвар лутфу мутоибот ва зарофатгӯии ӯро ҳамеша пеши рӯ оварда, арҷаш мегузоранд. Хеле хубу бамаврид медонам, ки ин ҳарфҳои аз танури синаи меҳроини устод Муҳаммад Ғоиб ба берун ҷастаро, ки тасвири сурат ва сифати поки ин марди користони ватансози кишвар Матлубхон Султонович Давлатов мебошад, ин ҷо биёрам:
Ҳамсуҳбати донову рафиқи хуб аст,
Инсони ба чашми одамон маҳбуб аст,
Як марди заминӣ аст, гӯянд ҳама,
Кам одами хоксор чун Матлуб аст.
Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА