Воқеан, дар замони муосир бунёди давлате, ки нав ташаккул ёфтааст ва он тавонад дар сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи мушаххас дошта бошад, аз таҳияи дуруст, мукаммал ва сиёсати мутмаинкунандаи роҳбари ӯ вобаста аст. Дар иртибот ба ин, бояд таъкид сохт, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияи суботи дохилӣ ҳамчун намунаи ибрат барои давлатҳои навташаккулёфта эътироф мегардад.
Маълум аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба мушкилии шадид – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Ин моҷарои талх ва ваҳшатангез, ки солҳои 1992-1997 идома дошт, кишвари моро ба ҳолати вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор кард. Дар чунин шароит, ки пайкари Ватани маҳбубамонро алангаи ҷанги шаҳрвандӣ месӯзонд, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ҳамчун роҳбари оқилу фарзона масъулияти бузургро вобаста ба ояндаи давлату миллат ба зимма гирифта, кишварро аз буҳрони харобиовар наҷот диҳанд. Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар ва таъмини ҳамгироиву ризояти миллӣ самараи нек ба бор овард ва ба шарофати ин иқдомҳо Тоҷикистон ба ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад.
Қобили зикр аст, ки дар арсаи олам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти сулҳхоҳона ва сиёсати муваффақи дохиливу хориҷиашон шахси шинохтаву муътабаранд. Ва дар иртибот ба ин, сиёсатмадорони барҷастаи зиёди олам Сарвари давлати Тоҷикистонро васфу ситоиш кардаанд. Аз ҷумла, дар ин маврид Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин чунин мегӯяд: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Шабоҳати ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст”. Ва ё дар ситоиши Ҷаноби Олӣ Котиби генералии вақти СММ Кофи Аннан (1938-2018) чунин гуфтааст: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал намудани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад”.
24-уми сентябри соли 2024 дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (дар шаҳри Ню-Йорки ИМА) миёни роҳбарони 93 кишвари дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хешро оид ба қабули “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ироа намуданд, ки бори дигар Пешвои тоҷикони оламро ҳамчун шахси сулҳдӯсту сулҳҷӯ собит намуд ва нуфузи Тоҷикистонро дар ин амр тақвият бахшид. Тавассути ин пешниҳод Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд на танҳо ба ҳалли мушкилоти фаврӣ диққат диҳад, балки барои насле, ки дар оянда зиндагӣ хоҳад кард, шароити амн ва устувор фароҳам орад.
Ҳамин тавр, мо – ҷавонони насли истиқлол, аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаҳони мосир ҳамчун парчамбардори сулҳу салоҳ эътироф мешаванд, ифихор дорем ва Пешвои муаззами миллатро идеали ҳамешагии хеш медонем.
Саддом ЭГАМОВ,
магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон