Раҳнамо дар ҷодаи ватандориву ифтихори миллӣ
«Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огаҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад».
Бо чунин суханони баландмазмуну муассир оғоз мегардад асари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён». Ба чоп расидани силсилаи таҳқиқоти таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» қадами ҷиддие дар шинохти таърихии тоҷикон ва мақоми онҳо дар ташаккулу пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштаи фоҷиабори миллати тоҷикро омӯхта, осори гаронбаҳое эҷод намуданд ва бад-ин васила, арзишҳои зиёди миллиро, чун ҷашну тантанаҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, Чакан, Фалак ва мероси зиёди таърихиро эҳё карданд. Дар ин нигоштаҳо, баробари инъикоси арзишҳои таърихӣ, талқини андешаву тафаккури миллӣ мавқеи меҳварӣ дорад.
Ин асари мондагор аз чор қисм иборат буда, дар он таърихи қадим ва муосири халқи тоҷик чун як риштаи ногусастании пайвандгари даврҳо аз лиҳози сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву адабӣ бо истифодаи қариб аз сесад манбаи илмиву таърихӣ ва асноди муътамад ба қалам дода шудааст. Он таърихи тамаддунҳои даврони Зардушту Суғд, Бохтару Ҳахоманишро фаро мегирад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси омӯзиши гузашта замони имрӯзаро мавриди таҳлил қарор медиҳанд. Ба андешаи Ҷаноби Олӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва барои миллати мо тақдирсоз ба мо – тоҷикон, зарур аст, ки гузаштаи дуру наздики худро таҳлил намоем, аз таърих сабақ бардорем, мавқеъ ва нақши худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созем. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар асари мазкур менигоранд:“Барои эмин мондан аз ин хатар тафаккури солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии кишварро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардоштан, аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии ҳамаи мо мебошад”.
Асари мазкур маъхази ғании андешаву тафаккури миллӣ ва сарчашмаи боэътимоди гузаштаи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Дар он, аз ҷумла, зикр мегардад: “Воқеан, фарзанд сухани аввалинро низ, аз забони модар ёд мегирад. Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ аст”. Ин ишора ба он нигаронда шудааст, ки рушду инкишофи тафаккури миллӣ тавассути эҳтиром гузоштан ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ – поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, садоқат ба Модар-Ватан, ҳифзу гиромӣ доштани хотираи неки гузаштагон, ҳимояи марзу буми Ватан вобастагии амиқ дорад.
Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ҳамчун асари таърихӣ дар бедорӣ, ҳифзи арзишҳо, баланд бурдани эҳсосу ҳувияти миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини суботи сартосарии кишвар, эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ, ҳифзу гиромӣ доштани муқаддасоти Ватан ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ нақши меҳварӣ дорад.
Дар маҷмуъ, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” арзиши бузурги илмиву сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад. Он на танҳо маълумоти дақиқ ва муҳими таърихӣ медиҳад, балки барои мо – насли ҷавон, раҳнамо дар самти ватандориву ифтихори миллист.
Муҳаммад САИДЗОДА,
мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ