Дар Вазорати нақлиёт бо иштироки роҳбарият ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёт дар соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2025 баргузор шуд.
Натиҷаҳои фаъолияти соҳаро дар соли гузашта вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҷамъбаст кард. Бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шудани роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант – Данғара, баргузории Конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тян-Шон», ҳамоиши фарҳангӣ бахшида ба 20-солагии ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Кулма – Қаросу» ва баимзорасии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ бо Италия дар қатори дастовардҳои калидии соли гузашта номбар шуданд.
Муҳаммадулло ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"
РОҒУН. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БА СОКИНОНИ ШАҲР
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз МИМҲД шаҳр хабар доданд.
Иштирокдорон доир ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат ибрози назар намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳо арзёбӣ намуданд.
Раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода, аз ҷумла зикр кард, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати ояндасоз ба шумор рафта, дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.
Таъкид шуд, ки мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав мушарраф мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Дар баробари ин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум, қадамҳои устувор гузошта мешаванд.
– Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем,– гуфт раиси шаҳр.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш зикр гардид, ки Паём рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад.
Ҳамчунин, дар ҷамъомад баромадкунандагон оид ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои саноату сайёҳӣ ва амсоли инҳо сухан гуфтанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”