Ба гумони ман, ин аз гуворотарин башорат буд, ки дар Паёми имсола садо дод ва, дарвоқеъ ҳам, рӯйдоди таърихӣ ҳоҳад буд дар таърихи кишвари мо. Аввалаш, ки истиқлоли энергетикӣ як рукни аз ҳама муҳими ба истиқлоли миллӣ шарафёб шудани ҳар як давлат аст. Тоҷикистон ба замми рушди соҳаи гидроэнергетикӣ, ҳатто дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ низ истиқлоли энергетикӣ надошт. Ба ёд биёред, мо дар даврони аҳди ин абарқудрат низ ҳар зимистон аз Ӯзбекистон 600 млн кВт.соат ва аз Туркманистон то 1 200 000 кВт.соат барқ ворид менамудем. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ баробари ба кор даровардани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» низоми энергетикии мо воҳид шуд, вале вобаста ба норасоии захираҳои обӣ-энергетикӣ дар зимистон пурра бо барқ таъмин нестем ва маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Соли 2027 ба ҳукми таърих вогузор намудани маҳдудияти барқ натиҷаи заҳмати чандсола, муносибати дурбинона ва сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат аст. Як худи талоши роғунсозӣ тадбирест, ки ба амалӣ шудани он ҳатто мутахассисони баландпояи соҳа низ дуруст бовар надоштанд. Бовар кунед, ин муъҷиза, намунаи баландтарини ҷоннисорӣ барои рушди кишвар ва сарбаландии миллат аст.
Дар баробари Неругоҳи барқи обии «Роғун», бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои дигаре низ амалӣ гардиданд, ки онҳо иқтидор ва эътимоднокии низоми энергетикии моро афзун намуданд. Ин таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии кишвар буданд, ки тули кори муттассил дар солҳои зиёд куҳнаву фарсуда шуда, эътимоднокии худро аз даст дода буданд. Дар Паём қайд шудааст: «Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони Неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд».
Дар солҳои охир бинобар куҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ иқтидори Неругоҳи барқи обии «Норак» коҳиш ёфта, тавоноии ҳар агрегати он, ки аз рӯи лоиҳа бештар аз 3000 мегават аст, то 2600 мегаватт паст фаромада буд. Баъд аз таҷдид акнун иқтидори ҳар агрегат 340 мегаватро ташкил медод. Ба ҳамин минвол, иқтидори агрегатҳои неругоҳҳои «Сарбанд» ва «Қайроққум» низ афзун ва эътимоднокии кори онҳо таъмин гардид.
Дигар иншооти энергетикӣ, ки дар Паём хотиррасон гардид, Неругоҳи барқи обии «Себзор» аст. Ин Неругоҳ бо иқтидори 11 мВт дар ноҳияи Роштқаълъаи ВМКБ дар доираи иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта истодааст. 16-уми августи соли 2023 Пешвои миллат аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” боздид намуда буданд.
Бунёди Неругоҳ дар ин мавзеъ аз ҷиҳати андешаи муҳандисӣ асоси мантиқӣ дорад, зеро суръати ҳаракати маҷрои об дар ин ҷо нисбатан тез буда, он дар фасли зимистон ях намебандад ва барои кори гидроагрегатҳо хеле мувофиқ аст. Татбиқи лоиҳаи бунёди Неругоҳ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида, он аз се агрегат иборат мебошад.
Бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» боиси ободкориҳои дигар низ мешавад. Аз ҷумла, маҳаллаи нави зист барои 17 хоҷагӣ, мактаб барои 400 хонанда сохта шуда, 4 километр роҳ асфалтпӯш гардида, пули мошингузари деҳаи Даштак низ навсозӣ мешавад.
Ин гуфтаҳо башорат медиҳанд, сиёсате, ки моро ба сулҳу салоҳ овард, мардумро аз қашшоқӣ ва гуруснагии воқеӣ раҳо кард, акнун марҳалаеро фароҳам овард, ки мо аз камбуди барқ раҳо хоҳем ёфт ва ба зинаи нави рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ворид мегардем. Ин башорати хеле гуворост.
Нозир ЁДГОРӢ, нависанда