15-уми январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзи эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр, бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарварони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар идона оро ёфта буд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи он саф оростанд.
Зимни суҳбати кӯтоҳ, ки дар толори Фурудгоҳ баргузор гардид, сарварони ду давлат доир ба барномаи нахустин боздид ва сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон табодули назар намуда, изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг саҳифаҳои нав боз мекунад.
Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон 15 – 17-уми январ идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла тиҷоратию сармоягузорӣ ва илмию адабӣ, дар назар аст.