Ҷанни Инфантино, президенти FIFA, 1 май барои иштирок дар Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)ба Тоҷикистон ташриф меорад. Бар пояи иттилои дастрас, дар Конгресс интихоби президенти нави ин ниҳод сурат мегирад.
Дар Конгресси қаблии CAFA Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб гардида буд ва қароргоҳи ин созмон аз Тошкентд ба Душанбе оварда шуд.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонис-тон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷи-кистон, Туркманистон ва Ӯзбекис-тонро муттаҳид мекунад. Ин ниҳод ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил аст
ЛИГАИ ОЛӢ
Низоми VAR кай ҷорӣ мешавад?
Шуруъ аз марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ низоми видеодовар (VAR) ҷорӣ мешавад. Дар ин бора аз ФФТ хабар доданд.
Чуноне қаблан гуфта шуда буд, низоми VAR бояд аз бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 ҷорӣ мешуд, вале бо далели кашол додани вақт дар интиқоли таҷҳизот ба таъхир афтод. Истеҳсолкунандаи таҷҳизот барои Тоҷикистон Slomo.tv аст, ки дорои литсензияи ФИФА мебошад.
Гузашта аз ин, раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон то ҳол санҷиши амалии доваронро дар мавриди истифодаи низоми видеодовар анҷом надодааст. Ҳамин тавр, тибқи талаботи ФИФА, истифодаи системаи VAR то нимаи дуюми чемпионат ба таъхир гузошта шуд.
ВАРЗИШИ САБУК
Иштироки 8 варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё
27-30 апрел дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук миёни ҷавонони то 18-сола баргузор мешавад. Дар он 424 варзишгар аз 29 давлати қора ширкат хоҳад кард.
Бар пояи маълумоти Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистонро 8 варзишгар – Диана Абдуллоева, Тимур Диордитса, Лутфулло Насруллоев, Нигора Амирхон, Ҳусейн Кӯлоб, Машраб Қурбонов, Самирҷон Замонзода ва Бобоҷон Бобоев намояндагӣ мекунад.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш