Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баҳри пешрафти давлату ҷомеа, рушду гулгулшукуфоии Меҳан, оромиву суботи давлати соҳибистиқлоламон ироа гардида, ҳамчун ҳуҷҷати стратегии ҳадафманд рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамъбаст намуд. Маҳз ба туфайли сиёсати созандаи Роҳбари давлат имрӯз мо ба марҳалаи нави рушду нумӯ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат шарафёб гардида истодаем.
Саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ маҳсуб меёбад, барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Доир ба ин масъала, Пешвои миллат изҳор доштанд: «Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст».
Сарвари давлат дар самти рушди иқтисодии кишвар низ якчанд нуктаҳоро изҳор доштанд. Зикр гашт, ки ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона шуда, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ дар панҷсолаи минбаъда самтҳои такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои 5G инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электрониро дар Паём баён намуданд, ки бояд мавриди амал қарор гиранд.
Дар маҷмуъ, вазифаҳое, ки Пешвои миллат зимни Паём дар назди сохтору ташкилотҳои дахлдор гузоштанд, дар таҳкими иқтисодиёти кишвар, оромии ҷомеа, баланд бардоштани некуаҳволии халқ аҳамияти муҳим дошта, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ, аз ҷумла беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва ривоҷ бахшидан ба бунёдкорӣ мусоидат хоҳанд намуд. Ин вазифагузории Пешвои миллат мо – мардуми сарбаланду меҳанпарварро водор мекунад, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва ватандӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам зада, баҳри шукуфоӣ ва ободии Ватани азизамон ҳамарӯза кореро ба анҷом расонем.
Нурихон ОХУНҶОНОВА,
дотсенти ДДҲБСТ,
номзади илмҳои филология