«16-уми январ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа баргузор гардид», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода оид ба аҳамияти бузурги Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши мақомоти Ваколатдор ҳамчун ниҳоди мусоидаткунанда ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон сухан гуфт.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон
16-уми январ дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини роҳбари Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон Аҳмад ал-Байз баргузор гашт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази Шоҳ Салмон дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.
Ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ
15-уми январ дар шаҳри Душанбе Пажӯҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид.
Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳ барои ташаккули марҳалаи нави иртиботи илмию фарҳангӣ пояи устувор мегузорад.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ гуфт: «Имрӯз бо ифтитоҳи ин Пажӯҳишгоҳ муносибатҳо ва равобити ҳамкории фарҳангии ду давлат бештар мегардад».
Дар мамлакат ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронда мешавад
Дар Тоҷикистон аз ҷониби табибони гӯшу гулу ва бинӣ барои шахсони камшунавои дараҷаи баланд ва шахсони ношунавои мутлақ ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронда мешавад. Ин яке аз усулҳои ҷарроҳии муосир мебошад ва давоми як сол аст, ки дар ҷумҳурӣ гузаронда мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мо иттилоъ доданд, дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ин ҷарроҳӣ амалӣ гардид ва шунавоии ҳамаи нафарони ҷарроҳишуда барқарор шуда, нутқу гуфторашон марҳала ба марҳала барқарор мегардад.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”