17-уми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат доир гардид.
Дар он роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Дар маҷлиси васеъ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян шуданд.
Дар қисмати аввали маҷлис, нахуст, ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, соли гузашта дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар як қатор пешравиҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба миён омад. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти мамлакат рушди иқтисодиёт дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд.
Ба таъкиди Сарвазир, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 154,3 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2023-юм 22,6 миллиард сомонӣ зиёд аст. Таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 0,2 банди фоизӣ кам мебошад.
Соли гузашта нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро гардида, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 миллиард сомонӣ беш мебошад.
Соли 2024 нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,3 фоиз ё 20,4 миллиард сомонӣ ва Хадамоти гумрук 106,8 фоиз ё 9,7 миллиард сомонӣ таъмин гашт, ки нисбат ба нақша мутаносибан 1 миллиарду 18 миллион сомонӣ ва 618 миллион сомонӣ зиёд аст.
Зикр гардид, ки ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3,8 миллиард сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба нақша 9,4 фоиз бештар мебошад.
Сарвазир иброз дошт, ки дар соли ҳисоботӣ суръати рушди соҳаи саноат 20 фоиз таъмин ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 53,8 миллиард сомонӣ расид.
Соли 2024 дар ҳудуди кишвар 740 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси наздики 20 ҳазор ҷойҳои кори нав, иловагӣ ва барқароршуда, мавриди истифода гирифт.
Таъкид шуд, ки бо мақсади таъмини устувории низоми энергетикии кишвар ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ, соли сипаришуда корҳо дар доираи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, кам намудани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми биллингии он, электрофикатсияи деҳот, бунёди хатҳои интиқолу тақсимоти барқ ва солимгардонии вазъи молиявии соҳа ба маблағи умумии 1,7 миллиард доллари ИМА ба роҳ монда шуд.
Соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 74 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 10,6 фоиз, аз ҷумла рустанипарварӣ 13,4 фоиз ва чорводорӣ 4,9 фоизро ташкил дод.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ, тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, соли 2024 ба кишвар 4,9 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2023 2,1 миллиард доллар ё 73 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2024 маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда 90-то ва ҳаҷми маблағи онҳо 51,9 миллиард сомониро ташкил намуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои амалӣ, соли 2024 гардиши савдо 13,6 фоиз афзуда, ҳаҷми он ба 65,8 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Сарвазир изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 744-то расид, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 27-то зиёд мебошад. Шумораи марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак бошад, дар ин давра 503-то бештар шудааст.
Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 273 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 57 610 ҷойи нишаст дар як баст бунёд ёфт. Дар маҷмуъ, 2 миллиону 357 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Соли ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуд, ки онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос 23 ҳазору 500 нафар хонандаро ба таҳсил фаро гирифтаанд.
Таъкид гашт, ки бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 3,7 миллиард сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли 2023 12,6 фоиз зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки дар сиёсати давлати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.
Давоми соли 2024 бо мусоидати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, аз ҷумла тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ, 22,5 ҳазор нафар ба намудҳои гуногуни шуғл таъмин гардиданд. Соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 247 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёфт, ки аз ин 74 ҳазор доимӣ мебошад.
Тавре зикр рафт, пешравиҳо дар самти рушди сайёҳӣ, тарғибу ташвиқ ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки соли 2024 1,4 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти баргузории чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва маърифатӣ фаъолияти сохторҳои давлатӣ тақвият ёфт. Бахусус, баргузории барномаи фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО, инчунин, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардидани “Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” аз қабили рӯйдодҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи маҷлис ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои самти иқтисод ва молия дар пайи ҳисоботашон доир ба дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи кишвар Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода ҳисобот доданд.
Дар идома раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода, раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа оид ба рафти иҷрои супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва вазъи рушди соҳаҳо ба Сарвари давлат гузориш манзур карданд.
Зимни ҳисоботи вазири кишоварзӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, ки яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойҳои фаровони корӣ барои мардум аст, ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ супоришҳои қатъӣ доданд. Ҳамчунин, супоришҳои мушаххас доир ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла иҷрои ҳадафҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026), дигар барномаҳои давлатӣ, афзун намудани иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ ва кам кардани талафоти барқ дода шуд.
Дар маҷлис оид ба натиҷаи корҳо дар соли 2024, ҳамчунин, ҳисоботи вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ироа гардиданд.
Масъулони соҳаҳо супориш гирифтанд, ки барои суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт, роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим, беҳдошти вазъи экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои марбут ба бахшҳо чораҳои бетаъхир андешанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисобот изҳор доштанд, ки соли 2024 аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина, баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда амалӣ гардид.
Соли 2024 маҷмуи маҳсулоти пойтахт ба 31,3 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз афзуд. Ҳиссаи пойтахт дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 20,4 фоизро ташкил дод. Корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд (суръати рушд нисбат ба соли гузашта 25 фоиз). Ҳаҷми содироти корхонаҳои шаҳр ба хориҷи кишвар ба беш аз 170 миллион сомонӣ расид.
Ба таъкиди раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, соли гузашта дар пойтахт 141 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо беш аз 7600 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуд.
Соли 2024 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии шаҳр аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо зиёда аз 43 ҳазор ва тайи ҳашт соли охир беш аз 280 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Гуфта шуд, ки дар чор соли фаъолияти Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ барои амалисозии 62 лоиҳаи соҳибкорони истеҳсолӣ беш аз 302 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд ва бо истифода аз ин қарзҳо, то имрӯз 60 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи кор бунёд гашт. Зикр гардид, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 4 ҳазору 337 тадбир амалӣ гардида, беш аз 14 ҳазор ҷойи кор муҳайё мешавад.
То имрӯз 2 ҳазору 464 тадбир, аз ҷумла бунёди 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 21 муассисаи тандурустӣ, 56 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 44 километр роҳ, 9 иншооти варзиш, 5 меҳмонхона ва иншооти дигар бо таъсиси зиёда аз 8 ҳазор ҷойи кор амалӣ шуд. Таъкид рафт, ки соли 2024 дар корхонаҳои барқу гармидиҳӣ 1,7 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2023 31 фоиз зиёд мебошад. Барои эҳтиёҷоти шаҳр 4,2 миллиард киловатт-соат неруи барқ истифода гардид, ки ин нишондиҳанда, нисбат ба соли гузашта 535 миллион киловатт-соат зиёд аст. Маблағи умумии барқи истифодашуда 1,5 миллиард сомониро ташкил дода, ҷамъоварии маблағи он 96 фоизи нақшаро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба 6,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 20 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти шаҳр 1 миллиард сомониро дар бар гирифт, ки нисбат ба соли 2023 320 миллион сомонӣ бештар аст.
Соли 2024 беш аз 635 ҳазор метри мураббаъ ва дар ҳашт соли охир зиёда аз 3 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Соли сипаришуда барои иҷрои корҳои сохтмону лоиҳакашӣ 927 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардида, як қатор иншооту инфрасохтори соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва шабакаҳои муҳандисӣ ба таври замонавӣ тарҳрезӣ ва навсозӣ шуданд. Давоми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар пойтахт 32 километр роҳ ба маблағи 617 миллион сомонӣ сохтмону навсозӣ гашт.
Дар зарфи ҳашт соли охир дар пойтахт 192 километр роҳ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ навсозӣ гардид.
Бо мақсади гузариш ба «иқтисоди сабз», соли 2024 30 электробус дар истифодаи сокинон қарор гирифта, хариди боз 60 электробус дар назар аст. Барои татбиқи консепсияи нақлиёти барқӣ якҷо бо ширкатҳои кироякаш ва соҳибкорон 4350 мошини барқӣ ворид гардида, парки нақлиётии ширкатҳои кироякаш пурра ба нақлиёти барқӣ гузашт.
Воридоти маблағ ба буҷети шаҳр соли 2024 дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ ё 11 фоиз барзиёд иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 452 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2024 ба иқтисоди пойтахт 4,7 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, дар ҳашт соли охир ин рақам ба 30 миллиард сомонӣ расид. Ҳоло дар пойтахт амалисозии 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо, то имрӯз корҳо дар ҳаҷми беш аз 2,3 миллиард сомонӣ анҷом ёфт.
“Масъалаҳои беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон ва савияи касбии омӯзгорон таҳти ғамхориву дастгирии доимии роҳбарияти шаҳр қарор дорад”, – таъкид доштанд раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Ба ин хотир, соли 2024 дар шаҳри Душанбе 7 муассисаи таълимӣ бо 13 ҳазору 620 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 500 тарбиятгиранда бунёд ёфт.
Дар ҳашт соли охир 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 96 700 ҷойи нишаст ва 25 муассисаи томактабӣ барои 4 ҳазору 800 тарбиятгиранда сохта шуд. Ҳоло дар шаҳр сохтмони 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 60 муассисаи томактабӣ барои беш аз 12 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад. Гуфта шуд, ки соли 2025 дар пойтахт 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 13 ҳазору 520 ҷойи нишаст дар ду баст ва 9 муассисаи томактабӣ барои 2280 тарбиятгиранда бунёд мешавад.
Соли ҳисоботӣ муассисаҳои тиббии шаҳр дар доираи 12 барномаи давлатии соҳаи тандурустӣ ба маблағи 21 миллион сомонӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои пешрафтаи тиббӣ таъмин гардид.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш, дар ин давра, бори аввал дар пойтахти мамлакат мусобиқаи байналмилалии Гран-слам оид ба гӯштини ҷудо, Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола, Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо иштироки варзишгарон аз 167 давлати дунё ва нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор шуд.
Таъкид рафт, ки бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ соли сипаришуда дар шаҳр беш аз 400 ҳазор бех ниҳолу буттаҳо ва 19 миллион бех гулҳои мавсимию бисёрсола шинонданд.
Дар нақша аст, ки дар мавсими ниҳолшинонии зимистони соли 2024 ва баҳори соли 2025 тавассути ҳашар боз беш аз 600 ҳазор бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонда мешавад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2024 ҳисобот доданд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи буҷети маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи даромадҳои худӣ ба андозаи 107,9 фоиз иҷро шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 43 коргоҳи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар вилояти Суғд, тибқи нақша, соли 2024 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи кор ба фаъолият пардохт. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 30 миллиард сомонӣ расид.
Дар вилояти Хатлон давоми соли гузашта 155 иншоот ба истифода дода шуд, ки 58-тои он ба маблағи 90 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт.
Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1663 иншоот эъмор гашт, ки 134,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои густариши раванди омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери назорат гирифтани раванди таълиму тарбияи насли наврас, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлис оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2024 суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат барои иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки тамоми кӯшиши худро баҳри иҷрои саривақтӣ ва сифатноки вазифаҳо ва дастуру супоришҳо сафарбар намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро вусъат бахшида, тибқи супориши қаблӣ, суръати рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин созанд.
Супориш дода шуд, ки дар ин ҷода, хусусан ба масъалаҳои ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Президенти кишвар истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа номиданд.
Таъкид гардид, ки соли 2024 бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронии Ҳукумат ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз шарикони рушд беш аз 16 миллиард сомонӣ грант ва қарзҳои имтиёзнок ҷалб шуд.
Сохторҳои марбута вазифадор гаштанд, ки иҷрои барномаҳои муштараки ислоҳотро бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ сари вақт таъмин намуда, барои идомаи раванди ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ, Сарвари давлат зарур шумурданд, ки барои афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар соли ҷорӣ таъмин гардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омори маҳсулоти саноатии ғизоиро, ки аз берун ворид мешавад, таҳлил намуда, таъкид доштанд, аксари ин маҳсулот бояд дар дохили кишвар истеҳсол шавад.
Гуфта шуд, ки соли 2024, бо вуҷуди дар сатҳи 104 фоиз иҷро гардидани нақшаи даромади буҷети давлатӣ, дар баъзе ноҳияҳои кишвар нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо таъмин нашуд, ки андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.
Аз ин рӯ, Роҳбари давлат супориш доданд, ки сохторҳои марбута барои дарёфти захираҳои нави молиявӣ ва ҷалби пурраи манбаъҳои даромад ба буҷети давлатӣ, сифатнокии таҳия ва иҷрои он, инчунин, боз ҳам кам кардани бақияпулиҳои андоз тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Президенти кишвар ба вазорату идораҳои масъул супориш доданд, ки бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла иқдоми баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, нафақа ва стипендияҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Дар самти сарфакорона ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ вазорату идораҳои марбута супориш гирифтанд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онро таъмин созанд.
Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои мухталифро Президенти кишвар талаби қатъии рӯз номиданд.
Таъкид гардид, ки барои вусъат бахшидани ин равандҳо дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шуд.
Ҳукумати кишвар супориш гирифт, ки баҳри амалӣ намудани ин иқдом нақшаи мукаммали амалро қабул ва татбиқ намояд.
Дар робита ба масъалаҳои ҳалталаби гузариш ба низоми рақамӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани як қатор тадбирҳоро зарур шумурданд. Аз ҷумла, вазорату идораҳо дар муҳлати се моҳ ба низоми байниидоравии ҳамгироии иттилоотӣ ба таври ҳатмӣ бояд пайваст шаванд; вазорату идораҳои хизматрасон то ташаккул додани махзанҳо барои анҷом додани раванди фаъолияти дахлдор аз имконияти низомҳои дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ташаккулёфта истифода баранд; Дастгоҳи иҷроияи Президент ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки “ҳукумати электронӣ” гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳоро аз 1-уми июли соли 2025 ба роҳ монанд.
Ба Ситоди ҷумҳуриявӣ супориш дода шуд, ки оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда чораҳои фаврӣ андешад.
Таъкид рафт, ки гарчанде пардохтҳои ғайринақдӣ барои хариди молу хизматрасониҳо дар ҳаҷми умумии пардохтҳо бо истифода аз воситаҳои электронии пардохт аз 6,9 фоизи соли 2019 то 26,2 фоиз дар соли 2024 расидааст, вале ин ҳоло ҳам қаноатбахш нест.
Бинобар ин, Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт тадбирҳои иловагӣ андешад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки ҳарчанд соли 2024 сармояи мустақими хориҷӣ ба кишвар беш аз 4,3 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 39 фоиз афзудааст, вале ҳаҷми он барои қонеъ гардондани талаботи рушди иқтисоди кишвар ҳоло ҳам кофӣ нест.
Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷалби сармояи мустақимро бамаротиб биафзоянд.
Роҳбари давлат иброз доштанд, ки бо вуҷуди пешравиҳои соҳаи кишоварзӣ дар соли 2024, имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд.
Дар робита ба ин, зарур шумурда шуд, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пахта ва ғалладонагиҳо ва дар ин замина, таъсиси ҷойҳои нави кор ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Барои расидан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва талаботи Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025 Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ камбудиҳои соҳаро ислоҳ намуда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди саноатро тақвият бахшад.
Супориш дода шуд, ки дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар тадбирҳои амалӣ андешида, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок ва содироти он афзоиш дода шавад.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи энергетика, бахусус тавлиди неруи барқ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 22,4 миллиард киловатт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 567,6 миллион киловатт-соат ё 2,6 фоиз зиёд мебошад. Вале дар соҳаи энергетикаи кишвар, бо вуҷуди супоришҳои додашуда, ҳоло ҳам як қатор мушкилиҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд, ки ба раванди истеҳсол ва ҳаҷми таъминоти барқ таъсири манфӣ мерасонанд.
Аз ҷумла, талафоти неруи барқ, ки то ҳанӯз дар сатҳи баланд ва ташвишовар боқӣ монда, соли 2024-ум 20 фоизро ташкил дод ва сатҳи нопурраи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ, ки дар ин давра ба 91 фоиз расид, аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаби соҳа мебошанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин, вазорату идораҳои марбутаи соҳаро вазифадор карданд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқро таъмин намоянд.
Зарур шумурда шуд, ки доир ба ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ ва якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сари вақт ҷамъоварӣ кардани маблағи неруи барқ чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дар Паёми Президенти кишвар таъкид гардидаст, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар НБО “Роғун” ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад. Вобаста ба ин, Роҳбари давлат ба Ҳукумати кишвар ва дигар масъулон супориш доданд, ки корҳои сохтмонро суръат бахшанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ таъкид доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва амалигардонии ислоҳоти соҳаи маориф дар кишвар стратегияву барномаҳои мухталиф қабул ва амалӣ мешаванд.
Вазорату идораҳои дахлдор супориш гирифтанд, ки барои татбиқи пурра ва сифатноки барномаву стратегияҳои қабулшуда чораҳои саривақтӣ ва қатъӣ андешанд.
Супоришҳои дигар ба сохторҳои марбута барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дода шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар соҳаи тандурустии кишвар раванди тарки вазифа кардани табибон ва дигар кормандони соҳаи тиб дар бахши давлатӣ ташвишовар гардидааст. Бо дарназардошти вазъи зикршуда, супориш дода шуд, ки вазорату идораҳои соҳа бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли камбудиҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Президенти кишвар, бо назардошти ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва мураккаб боқӣ мондани вазъи ҷаҳон ва минтақа, супориш доданд, ки дар самти кор бо аҳолӣ нақшаҳои тасдиқгардида таъмин шуда, баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фаҳмондадиҳӣ, ҳарбиву ватандӯстӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ вусъат дода шавад.
Сарвари давлат аз фаъолони ҷомеа ва шаҳрвандон риояи ҳатмии талаботи қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”-ро талаб намуданд.
Таъкид гардид, ки то охири соли 2024, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар кишвар аз 28 ҳазору 800 иншооти ба нақша гирифташуда, беш аз 18 ҳазору 200 иншоот бунёд гардидааст, ки 63 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аъзои Ҳукумат, роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида ва супоришу вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта бошанд.