20-уми январ дар Вазорати мудофиа ҷаласаи ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа иброз гардид, ки дар шароити рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани ҳар гуна зуҳуроту хатарҳои глобалӣ ва вазъи ноорому пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои касбию хизматии хеш масъулияти баланд зоҳир намоянд.
Тақвияти ҳамкориҳо байни шаҳрҳои Тошкент ва Хуҷанд дар соҳаи сайёҳӣ
Интизор меравад, ки охири моҳи феврали соли равон намояндагони Ҳукумати Тошкент ҳамроҳи роҳбарони марказҳои сайёҳии ин шаҳр ба Хуҷанд ташриф оварда, бо имконияти сайёҳии он шинос шаванд.
Ин нукта дар мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини ҳокими шаҳри Тошканд Санҷар Тоҷиев иброз гардид.
Тавре дар хабари интишорнамудаи сафорат омадааст, дар ҷараёни мулоқот, инчунин, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва зиёд кардани теъдоди сайёҳон ба шаҳрҳои Тошканд ва Душанбе изҳори назар карданд.
Баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гашт.
Тавре ба мо аз Вазорат иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии фавти модар ва кӯдак, бемориҳои сироятӣ, ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа ва як қатор масъалаҳои дигар низ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Вохӯрии гурӯҳи корӣ ҷиҳати гузарондани тадқиқоти маҷмуии сотсиологӣ дар бораи коррупсия
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрии гурӯҳи кории байниидоравӣ роҷеъ ба баргузории тадқиқоти маҷмуии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия бо иштироки масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт.
Бо ин мақсад, лоиҳаи «Методика ва саволномаи тадқиқоти маҷмуӣ» ба муҳокимаи гурӯҳи корӣ манзур шуда, коршиносон фикру андешаҳои худро роҷеъ ба он пешниҳод намуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз Агентӣ иттилоъ доданд.
Фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш натиҷагирӣ шуд
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷаласаи ҳайати мушовара вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита ва зерсохторҳои он дар соли 2024 баргузор шуд.
Зикр гардид, ки соли 2024 аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система, инчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 42 534 чорабинӣ бо фарогирии 4 263 590 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа баргузор гардид.
Дар ин бора ба мо аз маркази таҳлил ва иттилооти Кумита хабар доданд.