Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми ноҳияи Сангвор давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии мардум аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.
Боиси хурсандии сокинони сарбаланди ноҳия аст, ки 11-уми сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Сангвор ташриф оварданд. Зимни сафарашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маориф, маркази савдо ва меҳмонхонаи “Сайёҳ”, майдони Нишон, муҷасаммаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва маҷлисгоҳ барои 400 ҷойи нишастро мавриди истифода қарор доданд, – иброз дошт Маҳмадшоҳ Давлатзода, раиси ноҳияи Сангвор, зимни суҳбат.
Раис афзуд, ки бо заҳмати поквиҷдонона ва саъю талошҳои ватандӯстонаи аҳолӣ ноҳия дар соли 2024 ба дастовардҳои зиёд ноил шуд. Соли рафта маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия 575 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз ин ба соҳаҳои кишоварзӣ 383 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, савдо 77 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ 11 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ва соҳаи саноат 103 миллиону 700 ҳазор сомонӣ рост омада, нишондиҳандаи мазкур ба ҳар сари аҳолии ноҳия 22876 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети ноҳия дар соли рафта 29 миллиону 684 ҳазору 67 сомонӣ иҷро гардид, ки ба 112,7 дарсади нақша баробар аст. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 19 миллиону 745 ҳазору 2 сомониро ташкил намуд, ки барзиёд, яъне 22 миллиону 880 ҳазору 974 сомонӣ, таъмин шуд.
Соли рафта дар ноҳия 2529 тонна гӯшт, 12303 тонна шир, 3 миллиону 801 ҳазор дона тухми мурғ ва хӯроки чорво 33008 тонна истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба соли 2023 мутаносибан 178 тонна гӯшт, 503 тонна шир, 663 ҳазор дона тухми мурғ ва 1958 тонна хӯроки чорво зиёд мебошад.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Сангвор барои таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрии ҳудуди ноҳия ва азхудкунии заминҳои нав чораҷӯйӣ намуда, ҷиҳати беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар тавозуни идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, ба масофаи 46,2 км ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Соли рафта идораи мазкур барои бо оби полизӣ таъмин намудани 863 гектар замин шартнома ба имзо расонд, ки 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Кумитаи идораи замини ноҳия бо мақсади пурраю оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақша-чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он фаъолияташро ба роҳ мондааст.
Соли сипаригашта аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳия 25 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид. Ба 13 шаҳрванд барои надоштани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии замин, 5 нафар барои напардохтани андози замин, 5 кас барои худсарона ғасб намудани қитъаи замин ва ба 2 нафар барои шуруъ накардани корҳои сохтмонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ татбиқ гардид.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия соли 2024 вохӯрию суҳбатҳо, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, олами набототу ҳайвонот ва шикори моҳӣ байни аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гузаронд. Бо қарори раиси ноҳия ”Дар бораи ташкил намудани ситоди ноҳиявӣ оид ба кабудизоркунӣ ва ободонӣ” ҳайати ситод ташкил карда шудааст.
Мувофиқи нақша, дар ноҳия бояд 5 ҳазору 930 бех ниҳол, аз ҷумла 1340 бех ниҳоли мевадиҳанда, 4370 бех дарахтони сояафкан ва 220 бех ниҳол дар канори роҳҳо ва каналу ҷӯйҳо шинонда мешуд, ки дурнамо иҷро гардид. Аз ҳисоби пардохт ба суратҳисоби бахши ҳифзи муҳити зист 23 ҳазору 958 сомонӣ ворид шуд. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия нисбат ба вайронкунандагони табиат 43 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳурӣ 6 ҳазору 552 сомонӣ ворид намуд.
Кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории ҷангал, олами набототу ҳайвонот дар минтақаҳои ҷангалпарварӣ ва роҳҳои автомобилгарди ноҳия нишонаҳои тарғиботӣ гузошта, ба ҳамин мазмун дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд. Нигоҳубини ҷангал зери назорати доимӣ қарор дошта, дар маҷмуъ, аз ҷониби кормандони муассисаи мазкур 86 санаду протокол, аз ҷумла 43 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 43 санади буриш тарбиб дода шуда, аз ин ҳисоб 24 ҳазору 964 сомонӣ ба суратҳисоби муассиса ҷарима ворид гардид.
Дар муассисаи мазкур хоҷагии ёрирасон амал мекунад, ки 55 сар чорвои майда, 14 сар асп ва 80 оилаи занбӯри асал дорад. Муассиса, инчунин, ниҳолхона дорад, ки дар он 8 намуди ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан, аз ҷумла себ, нок, зардолу, олуча, тут ва сафедор, парвариш карда мешаванд.
Барои ноҳияи Сангвор роҳи мошингард воситаи асосӣ буда, тавассути он робитаи дохилӣ ва берунӣ рушд менамояд. Дар хизматрасонии нақлиётии ноҳия нақши муҳимро роҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Нуробод – Сангвор – Дарвоз мебозад, ки талаботро дар кашондани маҳсулот байни ноҳияҳо ва пойтахт таъмин мекунад. Муассисаи роҳсозии ноҳия 101,4 км роҳро ба зимма дорад, ки аз ин 65,1 км роҳи аҳамияти байналмилалӣ ва 36,3 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошад. Муассиса барои нигоҳдории роҳҳо ба маблағи 285 ҳазору 725 сомонӣ корҳои таъмириро иҷро намудааст. Дар тавозуни муассисаи мазкур 13 техникаи махсус мавҷуд буда, 7-тои он коршоям аст.
Муассиса ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳои ноҳия фаъолияти доимиро ба роҳ монда, рафтуомади нақлиёти ҷамъиятию хусусиро дар роҳҳо ба қадри имкон таъмин кардааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”