Рушди соҳаи фарҳанг ҷузъи муҳими тарбияи маънавии аҳли ҷомеа буда, таҳлили амиқи вазъи соҳа, дастоварду камбудиҳои он ҳамеша дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ арзёбӣ мешаванд. Ин аст, ки ба манзури рушди соҳаи фарҳанг аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, то кунун ҷиҳати ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ иқдомҳои амалӣ сурат гирифтаанд.
Воқеан, дар баробари пешрафти дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, рушди соҳаи фарҳангу маънавиятро низ метавон бо далелҳо собит намуд. Чунончи, замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд шуд, ки имрӯз дар хидмати мардум қарор гирифтаанд. Дар се соли охир бошад, дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғатӣ бунёду навсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони боз 14 муассисаи соҳа идома дорад.
Ҳамчунин, дар ин давра ҷашну ойинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.
Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, қисме аз арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии Созмон ворид гардиданд.
Чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо – чакан, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башар шомил гардид. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.
Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёдиро ба дӯш доранд, торафт меафзояд. Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавият, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум, махсусан наврасону ҷавонон, густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.
Таҷрибаи таърихӣ баёнгари он аст, ки агар бунёди шахсияти фарҳангӣ поя бар унсури худӣ надошта бошад, эҳтимоли ба вартаи бегонапарастӣ афтодани афрод зиёд аст. Бинобар ин, Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки сокинони Тоҷикистон бояд худро аз чунин хатарҳо ҳифз намоянд. Дар ин робита, Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатӣ таваҷҷуҳи мардумро ба эҳтироми арзишҳои инсондӯстӣ, арҷгузории муносибатҳои муқаррарии хонаводагӣ ва байниҳамдигарӣ ҷалб намуда, ҳушдор доданд, ки камтаваҷҷуҳӣ ба ин арзишҳо ҷомеаро дучори костагии ахлоқӣ месозад.
Ин таъкиди Президенти мамлакат дар ҳолест, ки ноустувории низоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, паст шудани нуфузи арзишҳои умумибашарӣ метавонанд ба ҳаёти маънавии ҷомеаҳои миллӣ таъсиргузор бошанд. Дар чунин шароит танҳо арзишҳои маънавӣ бо устувории нисбии худ ба низоми арзишҳо ва меъёрҳои рафтори иҷтимоии инсон то андозае маънӣ мебахшанд. Бинобар ин, ҷомеаҳои муосир ба ин масъала ҳар чи бештар муносибати ҷиддӣ зоҳир менамоянд ва дар баробари пешбурди иқтидори истеҳсолӣ ба такмилу танзими унсурҳои ташкилдиҳандаи ҳаёти маънавӣ майл менамоянд.
Ҳоло агар таваҷҷуҳ кунем, дар доираи адабиёти илмӣ-таҳқиқотӣ истилоҳҳои нав, ба монанди тундгароӣ, ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, фурӯши маводи нашъаовар, силоҳ ва фурӯши одамонро мебинем, ки ба маънавияти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Воқеан, зуҳуроте, ки ба ҷомеаҳои пасошуравӣ, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистон, таҳдид мекунад, ин фаъолшавии ҳаракатҳои номатлуб дар миёни ҷавонон мебошад. Дар зери ин ҳаракатҳои номатлуб таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ, таассубгароӣ дида мешавад, ки ба нафъи ҷомеаи имрӯзи мо нест.
Дар сояи ин тамоюлот ақидаҳои бегона ҳамчун як қувваи фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари вориди майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан ҳадафҳои худро мегузоранд. Ҳадафи онҳо рӯшан аст: авзоъро дар ҷомеа тавассути дигаргун кардани диди ҷавонон ба арзишҳои маънавӣ ноором сохтан.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмист.
Суҳроб ЗОКИРЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа