Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни дидор бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар аз ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи маориф ва илм саҳми муносиб хоҳад гузошт.
Тавре маркази матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, дар навбати худ Умут Аҷар таъкид намуд, ки ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи илму маориф натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Чин
Таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим мизи мудаввар доир ба мавзуи ««Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ташаккул ва рушди заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба» баргузор гардид.
Аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ки дар он роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кишоварзӣ, нақлиёт, Палатаи савдо ва саноат, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон, Анҷумани ҷаҳонии намояндагони халқи Чин, сафири Чин дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Қодири Қосим иброз дошт, ки Чин шарики стратегии Тоҷикистон буда, тақвияти равобити дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ширкатҳои Озарбойҷон дар Тоҷикистон корхонаҳои муштарак месозанд
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамзамон, ҳамраиси тозатаъини Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон Мухтар Бабаев вохӯрд, – хабар дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Зимни дидор масъалаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, раванди иҷрои қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада ва санадҳои дуҷониба, инчунин, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, нақлиётию транзитӣ баррасӣ гардиданд.
Дар идома оид ба ташкили мулоқоти коршиносони ду кишвар ва ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 40 фоиз иҷро шуд
Аз даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома дорад, даҳ рӯз сипарӣ шуд. Дар нахустин рӯзи даъват шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои нақша гузориш доданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиа, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат гусели наваскаронро ба анҷом расонданд, ки иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 57 фоиз баробар гашт.
Дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар вилоятҳои Хатлон 34, Суғд 26 ва дар шаҳри Душанбе ба 30 фоиз расид.
Дар маҷмуъ, дар даҳ рӯзи аввали гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ 40 фоиз таъмин гардид.
Озмун барои кормандони ВАО
Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, иҷрои қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар байни кормандони ВАО барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзуи «Лозурҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулол ва асоси рушди "иқтисоди сабз"» озмун эълон менамояд.
Ба иттилои Кумита, ба озмун мавод (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод мешаванд. Давраи баргузории озмун то 15 августи соли 2023 муқаррар шуда, дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаву диплом қадр мегарданд.