Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2024 амиқан таҳлил гардида, ҳамзамон, дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян гариданд. Таҳлилҳое, ки дар робита ба дастоварду пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат сурат гирифтанд, нишон медиҳанд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум давра ба давра амалӣ мегарданд.
Оре, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар низоми давлатдории навини мо ҳамчун барномаи амал шинохта мешаванд, дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз нақши авлавиятнок мебозанд. Пешвои миллат ҳамчун ватандори асил дар оғози Паёми навбатии хеш иброз доштанд: «Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Воқеан, Тоҷикистони азиз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва мудирияти оқилонаи умури давлатдорӣ ба комёбиҳои беназир мушарраф гашт ва ба кишвари ободу пешрафта табдил ёфт, ки онро дигар мамолики дунё ба расмият мешиносанд ва ҳамчун диёри боамну осоишта, ошёни сулҳу дӯстӣ эътироф мекунанд.
Кӯшишҳои пайваставу хастанопазири Сарвари давлат баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи мардум, ривоҷи созандагию бунёдкорӣ, боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар паҳнои ҷаҳон ва муаррифии комили таъриху фарҳанги миллат хеле пурсамаранд.
Дар баробари дигар паҳлуҳои муҳим, яке аз мавзуъҳои марказии Паём тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тунраву ифротгаро буд. Президенти мамлакат вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа ба масъулин дастур доданд, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар Паём зикр гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда бирасад, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Тавре Сарвари давлат таъкид карданд: «Кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чун ҳамешагӣ ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Таъкидҳои Сарвари давлат дар мавриди таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботӣ ҳуқуқӣ ва риояи адолати судӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла ҳокимияти судиро вазифадор менамоянд, ки беш аз ҳар вақти дигар дар иҷрои рисолати худ масъулият дошта бошанд.
Нуриддин РАСУЛЗОДА,
раиси суди вилояти Хатлон